
Фурӯд омадани Рӯҳулқудс
Китоби Муқаддас, китоби Аъмоли Ҳаввориён, боби 2, оятҳои 1-41
"Вақте ки рӯзи Пантикост фаро расид, ҳамаашон якдилона дар як ҷо ҷамъ омаданд. Ногоҳ ғулғулае, монанди садои тундбод, аз осмон баромад ва тамоми хонаро пур кард. Ва забонаҳои аз ҳам ҷудое, монанди забонаҳои оташ, ба онҳо падид омада, якто-якто бар ҳар яке аз онҳо нишаст. Ҳамаашон аз Рӯҳулқудс пур шуданд, ва чун Рӯҳ ба онҳо қудрати гап задан бахшид, ба забонҳои дигар-дигар ба сухан гуфтан сар карданд..."
Дар майдони назди ибодатгоҳ мардуми зиёд ҷамъ шуда буданд. Дар ин рӯз яҳудиён иди Ҳафтаҳоро ҷашн мегирифтанд, ва ба ин муносибат ба Уршалим бисёр зиёрат кунандагон омада буданд. Ҷашни ботантана дар рӯзи панҷоҳуми пас аз Фисҳ баргузор мегардид.
Дар толори васеи яке аз хонаҳо ҳамаи дӯстдорони Исо ҷамъ шуда буданд. Онҳо дуо мегуфтанд ва гуфтугӯ мекарданд. Ногоҳ дар ҳаво садои аҷибе шунида шуд, гӯё ки садои шамоли сахт бошад. Садо торафт баландтар мешуд ва тамоми толорро фаро гирифт.
Ҳамин вақт бисёр забонаҳои оташ пайдо шуда, бар сарҳои ҳозирон фуруд омаданд. Дар асл ин оташи ҳақиқӣ набуд, балки нишонаи Рӯҳулқудс буд.
Аммо дар ин воқеа на худи ин рӯъё аҳамиятнок буд, балки он чи дар дилҳои одамон рӯй медод. Худи ҳамон лаҳза онҳо хурсандӣ ҳис карданд ва бо овозҳои баланд Худоро ситоиш кардан гирифтанд. Ногоҳ ба онҳо ошкор шуд, ки Худо ба онҳо то чӣ андоза саховатмандона атоҳо кардааст, Исо чӣ қадар суханони нек мегуфт ва корҳои хуб мекард, ва онҳо ҳис карданд, ки Ӯ дар байни онҳост, агарчи Ӯро дидан наметавонистанд. Ҳаввориён бо рӯҳбаландӣ Худоро шукргузорӣ мекарданд – хурсандӣ менамуданд, дуо мегуфтанд ва суруд мехонданд.
Фақат пас аз муддате онҳо пай бурданд, ки Худоро натанҳо ба забони модарӣ, балки ба забонҳои тамоман ношинос ситоиш мекунанд. Дар айни ҳол натанҳо худи ҳаввориён, балки ва одамоне ки аз дигар шаҳрҳо ва ҳатто аз дигар кишварҳо омада буданд, суханони онҳоро мефаҳмиданд. Румиён забони лотиниро мешуниданд, юнониён – юнониро, форсҳо – форсиро, арабҳо – арабиро, африқоиҳо – забонҳои худро.
Баъзеҳо тарсиданд, зеро фикр карданд, ки ин муъҷиза аст. Дигарон бошанд механдиданд ва мегуфтанд:
– Онҳо ҳама маст шудаанд!
Аммо яке аз ҳаввориён ба баландӣ баромад ва дасташро бардошта, ишора кард, ки чизе гуфтан мехоҳад. Ин Петрус буд.
– Эй мардони Яҳудо ва касоне ки аз ҷойҳои дур омадаанд, ба суханони ман гӯш диҳед! – сар кард ӯ мавъизаи худро. – Бар хилофи он чи шумо гумон мекунед, ин одамон маст нестанд, чунки ҳозирпагоҳии барвақт аст. Пайғамбар Юил дар замони худ он чиро, ки ҳозир рӯй дод, пешгӯӣ карда буд: мо Рӯҳулқудсро ба даст овардем. Дар давоми ҳафтаҳои охир бисёре аз он чи дар Навиштаи Муқаддас пешгӯӣ шуда буд, аллакай иҷро шуд. Ва он чи имрӯз рӯй дод – фуруд омадани Рӯҳулқудс аст. Ҳамаи воқеаҳоеро, ки бо Исои Носирӣ рӯй додаанд, ҳамчун ин пайғамбарони қадим пешгӯӣ кардаанд. Ӯ бо муъҷизаҳои бисёр исбот кард, ки Писари Худо аст. Лекин, бо вуҷуди ин, шумо бо ёрии румиён Ӯро ба салиб кашидед. Аммо Худо Ӯро эҳё намуд.
Мо ба ин бовар мекунем, чунки худамон шоҳид будем. Мо Ӯро бо чашмони худ пас аз маргаш дидем ва медонем, ки Ӯ зинда аст. Мо ҳамчунин ҳангоми ба осмон рафтани Ӯ ҳозир будем. Ва инак Ӯ Рӯҳулқудсро ба мо фиристод. Ҳамаатон бидонед: Ҳамин Исоро Худо бар ҳама чиз Худованд гардондааст!
Аксарияти ҳозирон наметавонистанд пай набаранд, ки ба воситаи ин одам ба онҳо Худи Худо муроҷиат менамуд. Онҳо шубҳае надоштанд, ки суханони ҳавворӣ ҳақиқат аст, ва мавъизаи ӯ ба умқи дили онҳо таъсир кард.
– Акнун мо чӣ кунем? – мепурсиданд онҳо аз Петрус.
– Тавба кунед, ва бигузор ҳамчун нишонаи он ки шумо бо мадади Худо ҳаёти навро сар кардан мехоҳед, ҳамаатон таъмид гиред, – ҷавоб додӯ, – он гоҳ шумо низ атои Рӯҳулқудсро ба даст меоваред. Чунки он чи пайғамбарон гуфтаанд, ба шумо низ дахл дорад.
Мавъизаи Петрусро ҳазорон одамон гӯш карданд, ва худи ҳамон рӯз қариб се ҳазор кас таъмид гирифтанд. Ҳамаи онҳо Инҷили Исои Масеҳро бо хушнудӣ қабул карданд.
Ҳамин тавр дар рӯзи Пантикост, рӯзи фуруд омадани Рӯҳулқудс, аввалин Калисо ташкил ёфт.
Саволҳо барои муҳокима
4 саволЧӣ чиз возеҳу равшан шаҳодат медод, ки ҳаввориён Рӯҳулқудсро қабул кардаанд?
Петрус дар мавъизаи худ дар бораи чӣ гап зад?
Чӣ қадар одамон дар он рӯз таъмид гирифтанд? Чаро онҳо ин корро карданд?
Кадом ид рӯзи таваллуди Калисо ҳисобида мешавад?