
Имон овардани Шоул
Китоби Муқаддас, китоби Аъмоли Ҳаввориён, боби 9, оятҳои 1-30
"Шоул, ки ҳанӯз таҳдид ва куштор бар шогирдони Худованд меангехт, назди саркоҳин рафт ва аз ӯ номаҳо барои куништҳои Димишқ хост, то ки агар марде ё занеро аз аҳли Тариқат ёбад, бандӣ карда ба Уршалим оварад. Дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик омад, ногоҳ нуре аз осмон гирди ӯ дурахшид; ӯ бар замин афтод ва овозе шунид, ки мегуфт: "Шоул, Шоул! Барои чӣ маро таъқиб мекунӣ?" Гуфт: "Худовандо, Ту кистӣ?" Худованд гуфт: "Ман он Исо ҳастам, ки ту таъқибаш мекунӣ. Лагад заданат ба сихак душвор аст". Ӯ бо тарсу ларз гуфт: "Худовандо! Чӣ мефармоӣ, то бикунам?"
Як шахс барои марги Истефанус махсусан хурсандӣ мекард. Ӯ Шоул буд, китобдони ҷавон, ки масеҳиёнро таъқиб менамуд. Ӯ аз кушта шудани Истефанус, ки дар Калисои навбунёди масеҳӣ нақши муҳиме дошт, хеле хурсанд буд. Пас аз марги Истефанус таъқиботи сахти имондорон сар шуд, ки дар он Шоул фаъолона иштирок менамуд. Ӯ чунин меҳисобид, ки бо ин амал ба Худованд хизмат мерасонад.
Боре Шоул ба Димишқ равона шуд, ки дар он ҷо махсусан бисёр масеҳиён буданд. Ӯ мехост онҳоро дастгир карда ба Уршалим биёрад, то ки ҳамчун ҷинояткорон ба зиндон партояд. Ӯ ба ин сафар пешакӣ тайёрӣ дид ва розигии саркоҳинро гирифт.
Ҳангоме ки ӯ аллакай ба Димишқ наздик меомад, воқеае рӯй дод, ки ҳаёти ӯро тамоман тағйир дод. Ногоҳ атрофи ӯро рӯшноии чашмхиракунанда фаро гирифт. Шоул ба замин афтид ва овозеро аз осмон шунид:
– Шоул, Шоул! Чаро ту Маро таъқиб мекунӣ!
Шоул бо тару ҳарос пурсид:
– Ту кистӣ, Худовандо?
Овоз ҷавоб дод:
– Ман Исо ҳастам, ки ту таъқибаш мекунӣ.
Шоул дар назди Исо, ки вай Ӯро ҳамеша пайғамбари дурӯғин ва фиребгар меҳисобид, аз даҳшат меларзид. Ва инак, Шоул, таъқибкунандаи Калисои Исо, акнун фаҳмид, ки ноҳақ будааст. Ҳозир ба ӯ ошкор шуд: Исо, ки аз осмонҳо ба ӯ гап мезад, Писари Худо, Масеҳ аст, ки дар бораи Ӯ пайғамбарон пешгӯӣ мекарданд.
Боз Исо ба ӯ гуфт:
– Бархез ва ба шаҳр рав! Дар он ҷо ба ту мегӯянд, ки чӣ кор кардан даркор аст.
Шоул бархест, аммо ҳангоме ки чашмонашро кушод, фаҳмид, ки нобино шудааст. Ҳамроҳонаш ӯро аз дасташ гирифта, ба Димишқ бурданд. Дар он ҷо буда, ӯ дар давоми се рӯз нобино буд, ҳеҷ чиз намехӯрд ва наменӯшид. Тамоми ин мудда тӯ фақат ба Худованд муроҷиат карда, аз ӯ бахшиш мепурсид. Пас аз се рӯз Худо ба назди Шоул Ҳанониё ном шахсро фиристод. Ӯ ба Шоул даст гузошт ва ба Худо дуо гуфт, то ки ӯ аз нав бино шавад. Шоул бино шуда, таъмид гирифт ва ба Калисои масеҳӣ қабул карда шуд.
Саволҳо барои муҳокима
4 саволШоул бо кадом мақсад ба Димишқ равона шуд?
Кӣ нақшаи ӯро дастгирӣ ва тасдиқ намуд?
Чӣ чиз Шоулро дар наздикии Димишқ боздошт?
Шоул, ки дар роҳ нобино шуда буд, чиро фаҳмид?