
Таъмид аз рӯи имон
Китоби Муқаддас, китоби Аъмоли Ҳаввориён, боби 8, оятҳои 26-39
"Фариштаи Худованд ба Филиппус гуфт: "Бархез ва... ба роҳ... равона шав". Ӯ бархест ва равона шуд. Ва инак, шахси ҳабашӣ, хоҷасаро ва аз бузургони Кандока маликаи Ҳабаш, нигаҳбони тамоми хазинаи вай, ки ба Уршалим барои парастиш омада буд, ба ватан бармегашт ва бар аробаи худ нишаста, китоби Ишаъёи пайғамбарро мехонд. Рӯҳ ба Филиппус гуфт: "Наздик биё ва ба он ароба ҳамроҳ шав". Филиппус ба он ҷо наздик омад ва… гуфт: "Оё он чи мехонӣ, мефаҳмӣ?" Гуфт: "Чӣ гуна фаҳмида метавонам, агар касе ба ман роҳнамоӣ накунад?"... Он гоҳ Филиппус даҳони худро кушод ва аз ҳамон навишта сар карда, дар бораи Исо ба ӯ башорат дод… Дар ин миён, дар роҳ, онҳо ба обе расиданд, ва хоҷасаро гуфт: "Инак об; аз таъмид гирифтан чӣ чиз маро бозмедорад?"
Филиппус ба ӯ гуфт: агар аз таҳти дил имон дошта бошӣ, таъмид гирифтанат мумкин аст. Хоҷасаро дар ҷавоб гуфт: имон дорам, ки Исои Масеҳ Писари Худост".
Аробаи болопӯшидае оҳиста дар биёбон ҳаракат мекард. Дар ароба марде бо либосҳои гаронбаҳо нишаста буд. Аз афташ, ӯ африқоӣ буд, ӯ лулапечро мехонд ва чунин ба назар менамуд, ки ба атроф тамоман аҳамият намедиҳад.
Дар ватани худ Ҳабашистон ӯ шахси сарватманд ба боэътибор буда, вазифаи вазири молияи маликаи Ҳабашистонро дошт. Аммо, бо вуҷуди ин, ӯ худро хушбахт ҳис намекард. Ӯ ба бисёр саволҳо ҷавобҳоро ёфта наметавонист, аз ҷумла: Барои чӣ ман зиндагӣ мекунам? Пас аз марг бо ман чӣ мешавад? Кӣ гуноҳҳои маро мебахшад? Ки маро ҳамон тавре ки ҳастам, дӯст медорад?
Вазири молия шунида буд, ки Худо дар замонҳои қадим халқи Исроилро интихоб намуд, то ки бо он бошад ва ба он тарзи дурусти зиндагиро ёд диҳад. Аз ҳамин сабаб ӯ мехост ба Уршалим рафта дар ибодатгоҳ дуо гӯяд ва ба саволҳояш ҷавобҳоро ёбад. Аммо азбаски ин дарборӣ ба халқи Исроил тааллуқ надошт, ба ӯ иҷозат надоданд, ки ба даруни ибодатгоҳ дарояд. Ва умуман бисёр чизҳо барои ӯ нофаҳмо буданд.
Аммо ба ҳар ҳол, барои он ки сафар ба Уршалим беҳуда нагузашта бошад, ӯ лӯлапечи гаронбаҳоро харид. Дар он ҳамаи гуфтаҳои пайғамбари қадимӣ Ишаъё навишта шуда буданд.
Ҳозир дарборӣ ба хона бармегашт ва дар ароба нишаста, дар бораи шахсе мехонд, ки аз рӯи суханони пайғамбар, бо ихтиёри худ ба марг меравад ва бисёр касон мансубони ӯ мешаванд. "Ин чӣ маъно дошта бошад?" – мепурсид аз худ дарборӣ. Дар ин лаҳза касе аз ӯ пурсид:
– Оё он чиро, ки мехонӣ, мефаҳмӣ?
Ин Филиппус буд. Худо ба ҳавворӣ Филиппус гуфт, ки ба роҳи биёбон равад. Ва инак Филиппус шунид, ки дарбории сиёҳпӯст китоби пайғамбар Ишаъёро бо овози баланд мехонад.
– Ман умуман ҳеҷ чиз намефаҳмам, – ҷавоб дод ҳабашӣ. – Аммо агар ту медониста бошӣ, бо ман биё ва ба ман фаҳмон.
Филиппус ба ароба дар назди дарборӣ нишаст.
– Пайғамбар дар ин ҷо дар бораи кӣ мегӯяд? – пурсид дарборӣ аз Филиппус?
– Дар бораи Исо, – ҷавоб дод Филиппус.
– Исо? Ин кист?
Он гоҳ Филиппус ба ӯ ҳама чизро дар бораи Исо нақл кард: дар бораи он ки чӣ тавр Ӯ беморонро шифо медод, муъҷизаҳо ба амал меовард, ба одамон ёрӣ медод, ва низ дар бораи он ки чӣ тавр фарисиён ва коҳинон Ӯро бад медиданд ва чӣ тавр дар ниҳояти кор бо ёрии румиён куштанд.
– Афсӯс, – гуфт дарборӣ, – ман бо хушнудӣ бо Ӯ шинос мешудам.
– Ту худи ҳозир метавонӣ ин корро кунӣ! – гуфт Филиппус. – Чунки Ӯ эҳё шуд!
Ва ҳавворӣ ба ӯ дар бораи ҳамаи он чи шогирдон дида буданд, нақл кард: дар бораи эҳё шудани Исо, ба осмон рафтани Ӯ ва дар бораи Рӯҳулқудс. Ӯ ба вай ҳамчунин дар бораи он гуфт, ки шогирдони Исо таъмид гирифтанд, то нишон диҳанд, ки ба Ӯ тааллуқ доранд.
– Ман ҳам таъмид гирифтан мехоҳам! – гуфт вазири молия. Филиппус ба ӯ ҷавоб дод:
– Агар ҳақиқатан ба Исо имон дошта бошӣ, ман бо майли том туро таъмид медиҳам.
Ҳабашӣ ба аломати тасдиқ сар ҷунбонд:
– Имон дорам, ки Исои Масеҳ Писари Худост!
Ҳангоме ки ароба аз назди воҳае мегузашт, ки он ҷо об буд, онҳо баромаданд, ва Филиппус ӯро таъмид дод.
Дарборӣ бениҳоят хурсанд буд. Ҳангоме ки ӯ хост ба Филиппус миннатдорӣ баён кунад, ӯ аллакай ғайб зад. Аммо ба ҳар ҳол дар борӣ акнун медонист, ки Исо ҳамеша бо ӯст, ва бо хурсандӣ роҳашро давом дод.
Саволҳо барои муҳокима
5 саволЧаро Филиппус ба роҳи биёбонӣ рафт?
Бо кадом мақсад дарборӣ ба Уршалим омада буд?
Ӯ кадом китобро аз Навиштаи Муқаддас мехонд? Ӯ аз Филиппус дар бораи чӣ пурсид?
Ҳабашӣ пеш аз таъмид гирифтан дар бораи чӣ шаҳодат дод?
Чаро ӯ бо хурсандӣ роҳашро давом дод?