Ба осмон рафтани Исо

Ба осмон рафтани Исо

Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 24, оятҳои 44-53; китоби Аъмоли Ҳаввориён, боби 1, оятҳои 9-11

"Ва ба онҳо гуфт: "Чунин навишта шудааст, ва чунин лозим буд, ки Масеҳ азоб кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон бархезад. Ва ба номи Ӯ, аз Уршалим сар карда, дар миёни ҳамаи халқҳо тавба ва бахшоиши гуноҳҳо мавъиза карда шавад. Ва шумо шоҳидони ин ҳастед; ва Ман ваъдаи Падари Худро бар шумо равона мекунам…" Ва онҳоро берун оварда, то Байт-Анё бурд ва дастҳои Худро бардошта, онҳоро баракат дод. Ва ҳангоме ки онҳоро баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон боло бурда шуд. Ва онҳо ба Ӯ саҷда намуда, бо шодии бузурге ба Уршалим баргаштанд".

Чӣ хел хурсандибахш буданд рӯзҳое ки Наҷотдиҳандаи эҳёшуда, Худованд Исо, бо шогирдони Худ вохӯрда, бо онҳо сӯҳбат мекард. Аммо ин рӯзҳо беохир давом карда наметавонистанд. Исо бояд ба осмон ба назди Падари Худ бармегашт.

Кӯҳи Зайтун барои вохӯриҳои хилват ҷои хуб буд, аз ҳамин сабаб Исо дӯстонашро ба он ҷо овард. Шогирдон ғамгин буданд. Онҳо медонистанд, ки Исо ба қарибӣ онҳоро тарк мекунад. Аз рӯзи Фисҳ чил рӯз гузашт.

– Ғамгин нашавед, – гуфт Исо, – агарчи Ман назди Падарам ба осмон меравам,бо вуҷуди ин Ман бо шумо ҳастам. Ҳатто ҳангоме ки шумо бо Хушхабар дар бораи ман то канорҳои замин мерасед, Ман дар он ҷо низ ба шарофати Рӯҳулқудс бо шумо мешавам. Охир Ман борҳо ба шумо гуфта будам: ҳангоме ки ба осмон меравам, ба шумо Тасаллодиҳандаро мефиристам.

Шогирдон ва Устод нигоҳ карда монданд. Ӯ давом медод:

– Яҳё бо об таъмид медод. Одамон ба ин восита барои ҳаёти нав пок мешуданд. Рӯҳулқудс низ ҳамин тавр амал мекунад. Ӯ шуморо одамони нав мекунад, ба шумо қувват медиҳад, то ки башорат диҳед. Ба воситаи Рӯҳулқудс Ман Худам шуморо ҳамроҳӣ мекунам. Ӯ чунин мекунад, ки шумо бо Ман метавонед муошират кунед, маро фаҳмед ва дӯст доред. Шумо аз Худо қувват мегиред ва дар ҳама ҷо дар бораи Ман нақл мекунед. Аввал дар ин ҷо, дар Уршалим, баъд дар тамоми Исроил, ва ниҳоят, дар тамоми рӯи замин.

Баъд Ӯ дастонашро сӯи осмон бардошта, шогирдонро баракат дод. Аммо баъд чӣ шуд? Ногоҳ Ӯ аз замин боло рафтан гирифт! Ӯ торафт болотар мерафт, то даме ки аз назари шогирдон дар паси абрҳо нопадид шуд. Ин барои онҳо ғайричашмдошт буд. Кӣ фикр карда метавонист, ки Исо ба назди Падар бо чунин восита бармегардад – дар пеши назари ҳама ба осмон меравад! Акнун Ӯ бо Падар дар олами дигар, дар олами нонамоён аст.

Онҳо бо ҳайрат ба осмон нигоҳ карда меистоданд. Акнун онҳо бояд чӣ мекарданд?

Дар ин лаҳза дар назди шогирдон ду шахс бо либосҳои дурахшон пайдо шуданд. Онҳо Фариштаҳо буданд. Онҳо ба шогирдон гуфтанд, ки Исо боз аз осмон ба замин меояд, аммо на чун Кӯдак, балки дар қудрат ва ҷалол меояд. Исо дафъаи дуюм чун Довар, чун Подшоҳи тавоно меояд. Ва то он вақт Ӯ дар дилҳои имондорон зиндагӣ мекунад ва дар осмон подшоҳӣ мекунад.

Шогирдон суханони хайрбодии Исоро дар ёд нигоҳ дошта, бо хурсандӣ ба Уршалим баргаштанд.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Исо бо шогирдон чӣ тавр хайрухуш кард? Ӯ ба онҳо чӣ гуфт?

  2. Чӣ тавр Худованд аз назди онҳо рафт?

  3. Фариштаҳо ба шогирдон чӣ гуфтанд?

92. Ба осмон рафтани Исо00:00 / 05:54