Риёзаткаши аввалин барои Масеҳ

Риёзаткаши аввалин барои Масеҳ

Китоби Муқаддас, китоби Аъмоли Ҳаввориён, бобҳои 6, 7

"Аммо Истефанус, ки пур аз Рӯҳулқудс буд, сӯи осмон нигариста, ҷалоли Худо ва Исоро, ки ба дасти рости Худо истода буд, дид ва гуфт: "Инак, осмонро кушода ва Писари Одамро ба дасти рости Худо истода мебинам". Вале онҳо бо овози баланд фарёд зада ва гӯшҳои худро маҳкам карда, якдилона ба ӯ ҳамла оварданд, ва аз шаҳр берун бароварда, сангсор карданд... ӯ бошад дуо мекарду мегуфт: "Эй Худованд Исо! Рӯҳи маро қабул кун". Сипас зону зада, бо овози баланд нидо кард: "Худовандо! Ин гуноҳро ба ҳисоби онҳо дохил накун". Инро гуфту ба хоби марг рафт".

Калисои Уршалим калон мешуд. Дар он аллакай чандин ҳазор имондорон буданд. Ба ҳаввориён лозим меомад, ки бисёр вақт дар ҳаққи эҳтиёҷмандон ғамхорӣ кунанд, ва ин бисёр вақтро мегирифт. Аз ҳамин сабаб онҳо ба хулосае омаданд, ки одамони махсусеро, диаконҳоро интихоб кардан даркор аст, ки ин масъалаҳоро ҳал кунанд. Диаконҳо натанҳо дар ҳаққи камбағалон ғамхорӣ менамуданд, балки мавъиза ҳам мекарданд. Яке аз онҳо Истефанус буд. Бо қувваи Рӯҳулқудс пур шуда, ӯ бисёр одамонро ба тавба даъват мекард ва ба хотири номи Худованд Исо муъҷизаҳо ба амал меовард, ва ин боиси ҳасад ва нафрати зиёди бисёр яҳудиён мегардид.

Ин боиси он шуд, ки ба Истефанус лозим омад дар назди шӯрои пирон – маҳкамаи олии динии он замон ҳозир шавад.

Суханронии ӯ бештар ба мавъиза монанд буд. Дар аввал ҳозирон дар суханони ӯ ҳеҷ чизи сазовори маҳкум кардан намедиданд, зеро Истефанус таърихи муносибатҳои Худоро бо халқи Исроил баён мекард. Аммо ба зудӣ Истефанус онҳоро сарзаниш кардан гирифт:

– Шумо якрав ҳастед ва ба суханони Худо гӯш намедиҳед! – гуфт ӯ. – Шумо Исоро қабул накардед, чунон ки аҷдодони шумо ҳамаи пайғамбаронро қабул намекарданд. – Баъд Истефанус ба осмоннигоҳ кард ва гуфт:

– Худо чашмони маро кушод, ва инак ман дар осмонҳо Ӯро ва Исоро, ки дар назди Ӯ истодааст,дидан метавонам.

Пас аз ин суханон аъзоёни шӯрои пирон аллакай ғазаби худро боздоштан наметавонистанд. Онҳо ҷаста хестанд ва ба Истефанус дарафтода, ӯро дар кӯчаҳои шаҳр кашола карда ва лату кӯб карда бурданд. Аз шаҳр берун баромада, онҳо ӯро иҳота карданд ва бо сангҳо задан гирифтанд, то ки кушанд.

Истефанус, ки аллакай сахт захмдор шуда буд, дуо мекард ва чунин мегуфт:

– Худованд Исо, маро ба назди Худ қабул намо!

Зарбаҳои сангҳо чунон сахт буданд, ки ӯ ба зону афтид. Ва он гоҳӯ бо овози баланд фарёд зад:

– Худовандо! Ин одамонро барои гуноҳи кардаашон ҷазо надеҳ! Исо дар салиб айнан ҳамин тавр дуо гуфта буд.

Чунон ки Исо ҳангоми ба салиб кашида шудан карда буд, дар ҳаққи душманони худ дуо гуфта, Истефанус мурд.

Истефанус аз пайравони Исо аввалин касе буд, ки барои имон ба Наҷотдиҳанда, Худованд Исо аз ҳаёт маҳрум шуд.

Саволҳо барои муҳокима

4 савол
  1. Ба кадом хизматгузории муҳим вақти ҳаввориён намерасид?

  2. Чӣ тавр ҳаввориён ин душвориро ҳал карданд?

  3. Истефанус кӣ буд? Чаро яҳудиён аз ӯ ин қадар хашмгин шуданд?

  4. Ҳангоме ки Истефанусро бо сангҳо мезаданд, ӯ дар бораи чӣ дуо мегуфт?

94. Риёзаткаши аввалин барои Масеҳ00:00 / 05:21