Ба Марям зоҳир шудани Фаришта Ҷаброил

Ба Марям зоҳир шудани Фаришта Ҷаброил

Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 1, оятҳои 5-38

«… Ва дар моҳи шашум Ҷаброили фаришта аз ҷониби Худо ба Носира ном шаҳри Ҷалил фиристода шуд назди бокирае ки номзади Юсуф ном марде аз хонадони Довуд буд; ва номи он бокира Марям буд. Ва фаришта назди вай даромада, гуфт: «Салом бар ту, эй пурфайз! Худованд бо туст; ту дар миёни занон муборак ҳастӣ»... Ту назди Худо файз ёфтаӣ... Писаре мезоӣ, ва бояд номи Ӯро Исо гузорӣ. Ӯ бузург мешавад ва Писари Ҳаққи Таоло номида мешавад…»

Дар Ҷалил, дар шаҳри хурди Носира, Марям ном духтар мезист. Ӯ бо Юсуфи дуредгар номзад шуда буд. Марям ва Юсуф агарчи одамони одӣ буданд, онҳо аз авлоди подшоҳ Довуд буданд. Ба қарибӣ онҳо бояд оиладор мешуданд. Боре, ҳангоме ки Марям корҳои хонаро ба ҷо меовард, дар назди ӯ ногоҳ Фаришта Ҷаброил пайдо шуд. Ӯро Худо ба замин фиристода буд:

– Салом бар ту, эй пурфайз! Худованд бо туст.

Марям хеле тарсид ва фикр кард: «Ҳанӯз ҳеҷ кас ба ман ин тавр салом нагуфта буд».

– Натарс, Марям, – гуфт Фаришта Ҷаброил, – Эй Марям, натарс, чунки ту назди Худо файз ёфтаӣ; ва ту ҳомила шуда, Писаре мезоӣ, ва бояд номи Ӯро Исо гузорӣ, ки маънояш Наҷотдиҳанда аст. Ӯ бузург мешавад, Писари Худои Таоло, Писари Худо номида мешавад. Ва Парвардигор ба Ӯ тахти Довудро медиҳад ва Подшоҳии ӯ охир нахоҳад дошт.

Марям суханони Фариштаро бо душворӣ мефаҳмид.

– Охир ман ҳанӯз ҳатто ба шавҳар набаромадаам... – гуфт ӯ дудила шуда.

– Ҳар фарзанди инсон падар дорад, – гуфт Фаришта, – аммо Писаре ки ту таваллуд мекунӣ, Кӯдаки ғайриодӣ мешавад. Падари Ӯ Худост. Аз ҳамин сабаб ман гуфтам, ки Ӯ Писари Худо мешавад.

Марям ба суханони Фаришта бовар кард. Он чи Худо чандин садсола пеш ваъда дода буд, бояд ба қарибӣ иҷро мешуд! Ва ӯ, Марям, модари Наҷотдиҳандаи ваъдашуда мешавад! Аммо ӯ фаҳмидан наметавонист, ки ин ҳама чӣ тавр рӯй медиҳад, охир ӯ ҳанӯз шавҳар надошт. Аз ҳамин сабаб ӯ аз Фаришта пурсид:

– Ин чӣ тавр рӯй медиҳад?

Он гоҳ Ҷаброил ҷавоб дод:

– Рӯҳулқудс дар ин бора ғамхорӣ мекунад. Қувваи Худои Таоло ба Кӯдак ҳаёт медиҳад. Аз ҳамин сабаб Кӯдаке ки ту таваллуд мекунӣ, қуддус мешавад ва Писари Худо номида мешавад!

Марям, ки мехост ба Худо итоаткор бошад, гуфт:

– Ман канизи Худованд ҳастам; бигзор бо ман аз рӯи сухани ту шавад.

Ва Фаришта аз пеши вай рафт ва ба осмон баргашт.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Фаришта Ҷаброил ба кӣ зоҳир шуд? Марям дар куҷо зиндагӣ мекард? Ӯ бо кӣ номзад буд? Онҳо аз авлоди кӣ буданд?

  2. Фаришта ба Марям чиро пешгӯӣ кард?

  3. Чӣ тавр Марям ба он чи аз Фаришта шунид, аксуламал намуд?

50. Ба Марям зоҳир шудани Фаришта Ҷаброил00:00 / 04:53