
Кӯдак дар охур
Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 2, оятҳои 1-7
“Ва ҳангоме ки онҳо дар он ҷо буданд, вақти зоидани вай расид; ва Писари нахустини худро зоид, ва Ӯро парпеч кард, ва Ӯро дар охуре хобонд, чунки дар мусофирхона ҷое барои онҳо набуд”.
Ба қайсари Рум Августус Худо дар фикраш андохт, ки дар тамоми империяи Рум саршумории одамонро гузаронад. Ва инак қайсар фармон баровард, ки мувофиқи он ҳамаи сокинони Фаластин бояд барои номнависӣ ба маҳалҳои аҷдодони худ мерафтанд.
Юсуф ва Марям дар он вақт дар Носира мезистанд.
– Ту медонӣ, ки аҳли оилаи ман аслан аз Байт-Лаҳм мебошанд,
– гуфт Юсуф ба Марям. – Ман хешованди дури подшоҳ Довуд ҳастам, ки чандин садсолаҳо пеш дар кишвари мо ҳукмронӣ мекард, аз ҳамин сабаб ман низ бояд ба он ҷо равам.
– Дар мавриди дигар ин сафар бароям душвор намебуд, – дар ҷавоб оҳ кашида гуфт Марям, – Аммо, охир ту медонӣ, ки ба қарибӣ ман бояд кӯдак таваллуд кунам. Роҳ душвор аст. Ва хуб намешавад, агар кӯдак дар макони бегона ба дунё ояд.
– Ман ҳамеша дар назди ту мешавам, Марям, – тасалло дод ӯро Юсуф. – Ва Фаришта низ мегуфт, ки кӯдаке ки ту таваллуд мекунӣ, Писари Худо мешавад. Худо наметавонад дар ҳаққи мо ғамхорӣ накунад.
Дар натиҷа Марям ва Юсуф ба роҳ равона шуданд. Агарчи онҳо хар доштанд, онҳо оҳиста ҳаракат мекарданд ва сафар рӯзҳои зиёд давом кард. Ниҳоят то Байт-Лаҳм расида, онҳо бо ҷустуҷӯи ҷои шабгузаронӣ машғул шуданд.
– Бубахшед, – фарёд зад Юсуф ба соҳиби яке аз меҳмонхонаҳо, ки дар пеши хона ин сӯ-он сӯ мегашт, – оё дар хонаи шумо ҳуҷрае барои шабгузаронӣ гирифтан мумкин аст?
– Афсӯс мехӯрам,– ҷавоб дод соҳиби хона, – ҳамаи ҷойҳо банд ҳастанд.
– Ҳамаи ҷойҳо банд ҳастанд? Аммо мо дар куҷо шабро гузаронем? Оё ягон кулбаи хурде надорӣ? Зани ман ба қарибӣ таваллуд мекунад, эҳтимол ин аллакай ҳамин шаб рӯй медиҳад!
– Афсӯс мехӯрам. Ман бо хушнудӣ ба ту ва ба занат ёрӣ медодам. Аммо ман ягон ҷои холӣ надорам.
Марям бо тарс дасти Юсуфро дошта гуфт:
– Аммо мо дар берун монда наметавонем-ку! Дар берун беҳад хунук аст, ман пеш аз ҳама барои кӯдак ғам мехӯрам!
Соҳиби хона наздиктар омад.
– Дар берун мондани шумо лозим намеояд. Дар дарунтари ҳавлӣ оғил ҳаст. Дар он ҷо шумо метавонед дар болои коҳ бароҳат ҷойгир шавед, ва ҳайвонҳо шуморо гарм мекунанд.
– Ташаккур барои меҳрубонӣ, аз самими дил ташаккур!
Ва шабона як чизи тамоман ҳайратовар рӯй дод: Писари Худо, ки оламро офарид ва тамоми коинотро дар дасти Худ нигоҳ медорад, ҳамчун кӯдак таваллуд шуд ва маҷбур буд дар оғил дар болои коҳ бихобад. Албатта, аз рӯи намуди зоҳирӣ ҳеҷ кас гуфта наметавонист, ки ӯ Писари Худост. Марям ӯро ба охур гузошт,ки аз он говон ва харҳо коҳ ва беда мехӯрданд. Ва акнун кӯдак дар он буд ва ҳамчун ҳамаи тифлони ширмак каме мегирист.
Юсуф ба Марям нигоҳ кард:
– Оё дар ёд дорӣ, Фаришта дар бораи ин кӯдак ба ту чӣ гуфта буд? Ба ин бовар кардан душвор аст, охир ӯ ин қадар хурдакак аст, ва ин ҷой барои ӯ тамоман муносиб нест.
– Ва ба ҳар ҳол ин рост аст, Юсуф, – оҳиста гуфт Марям, – ва ҳамааш ҳамон тавр, ки Худо гуфт, иҷро мешавад.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволҚайсари тавонои Рум кӣ буд?
Яҳудиён бояд ба куҷо мерафтанд?
Исо дар кадом «меҳмонхонаи пуршукӯҳ» таваллуд шуд?