Бозгашт ба ватан

Бозгашт ба ватан

Китоби Муқаддас, китоби Ирмиё, боби 31, оятҳои 31-34

«Инак, айёме фаро мерасад,– мегӯяд Парвардигор, – ки Ман бо хонадони Исроил ва бо хонадони Яҳудо паймони нав мебандам, – на мисли он паймоне ки бо падарони онҳо бастам, дар рӯзе ки дасташонро гирифтам, то ки онҳоро аз замини Миср берун оварам; онҳо он паймони Маро поймол карданд... Чунин паймоне Ман бо хонадони Исроил баъд аз он айём хоҳам баст, – мегӯяд Парвардигор: – шариати Худро дар ботини онҳо ҷойгир мекунам, ва онро бар дили онҳо менависам, ва Ман Худои онҳо мешавам, ва онҳо қавми ман мешаванд... чунки Ман маъсияти онҳоро мебахшам ва гуноҳи онҳоро дигар ба ёд намеоварам».

Дониёлро дар наврасӣ ба Бобил бурданд, аммо ҳатто ҳангоме ки ӯ пир шуд,ҳанӯз ватанашро ва ваъдаи Худоро дар ёд дошт, ки халқи Худро ба ватанаш боз мегардонад. Кошки ибодатгоҳ барқарор карда мешуд ва ҳамаи яҳудиён метавонистанд боз бо ҳам ҷамъ шуда, ба Худо дуо кунанд! Дониёл дар хонаи худ нишаста, рӯза гирифт ва ба Худо дуо гуфт: «Парвардигори ман, Ту Худои бузург ва қуддус ҳастӣ, пас ба дӯстдорони Худ марҳамат намо. Мо, халқи ту, ин қадар корҳои бад карда будем. Аз ҳамин сабаб Ту роҳ додӣ, ки Уршалим хароб карда шавад ва мо дар ғарибӣ зиндагӣ кунем. Аммо раҳмдилии Туро дониста, ман аз Ту илтиҷо мекунам: айбу гуноҳи халқи маро бубахш ва имкон деҳ, ки ба ватанаш баргардад!»

Ва Худо ба ин дуо гӯш дод. Худи Дониёл аллакай ба Исроил баргаштан натавонист, зеро иҷозати ба ватан баргаштанро исроилиён аллакай пас аз марги Дониёл ба даст оварданд. Подшоҳи Бобил на танҳо ба яҳудиён иҷозат дод, ки ба ватан баргарданд, балки ҳамчунин ҳамаи зарфҳои муқаддаси тиллоӣ ва нуқрагинро, ки аз ибодатгоҳи Уршалим гирифта шуда буданд, ба онҳо дод. Хурсандии исроилиён тасаввурнопазир буд. Ниҳоят онҳо озод буданд!

Аммо ба ҳар ҳол на ҳамаи исроилиён ҷуръат карданд, ки ба ватан баргарданд. Онҳо дар ин кишвар аллакай хонаҳо ва боғҳо, ҳамсояҳо ва дӯстон доштанд. Аммо дар Исроил фақат харобаҳоро пайдо кардан мумкин буд. Ба онҳо лозим меомад, ки бисёр ва вазнин кор кунанд, то ки ҳамаашро аз нав созанд.

Аммо бисёр касон буданд, ки аз душвориҳо натарсиданд. Онҳо қарор доданд, ки ба Уршалим раванд ва ибодатгоҳи Парвардигорро барқарор кунанд.

Ҳафтаҳои зиёд гузаштанд, то даме ки корвони исроилиёне ки ба ватан бармегаштанд, ба мақсади сафар расид. Онҳо дар ин ҷо маҳз он чиро диданд, ки аз он хавф доштанд: хонаҳои онҳо вайрон шуда буданд, ва дар хонаҳои вайроннашуда дигар одамон мезистанд. Киштзорҳо ва токзорҳо пур аз алафҳои бегона шуда буданд, ё одамони бегона онҳоро коркард намуда, аз они худ меҳисобиданд. Чӣ қадар мубориза ва меҳнати вазнин дар пеш буд!

Аммо аз ҳама асосӣ барои онҳо на тоза кардани замин ва шудгор кардан, на кишт кардан ва ҷамъоварии ҳосил, на хонаҳои нав ва на анборҳо буд. Аз ҳама муҳимтарин коре буд, ки дар асорат ба ҷо овардани он ғайриимкон буд: ситоиш кардани Парвардигор дар ибодатгоҳ!

Аммо ибодатгоҳ ҳам акнун набуд. Тамоми шаҳри Уршалим, ки замоне шаҳри зебо буд, харобазор гашта буд.

– Эҳтимол барои барқарор кардани ибодатгоҳ боз бисёр вақт даркор мешавад, аммо қурбонгоҳро мо аллакай ҳозир бунёд карда метавонем, – гуфт коҳин. – Он бояд айнан дар ҳамон ҷое бошад, ки қурбонгоҳи пештара буд.

Ва одамон ҷойро барои қурбонгоҳ тоза кардан гирифтанд. Ба зудӣ онҳо аллакай ба Худо қурбонӣ оварда тавонистанд, то ки Ӯро барои он шукргузорӣ кунанд, ки Ӯ ба онҳо имкон дод ба ватан баргарданд. Пас аз солҳои зиёд ибодатгоҳи нав тақдис карда шуд. Уршалим боз шаҳри зебо бо деворҳои баланд шуд.

Баъди аз асорати бобилӣ бозгаштани исроилиён Худо гаштаву баргашта пайғамбаронро мефиристод, то ки ба онҳо фармудаҳои Худро ёдрас кунад; ба Ӯ гаштаву баргашта лозим меомад, ки онҳоро ҷазо диҳад, гаштаву баргашта бахшад. Аммо магар дар замонҳои қадим Худо бо забони пайғамбар нагуфта буд, ки замоне ҳама чиз дигар мешавад, тамоман на он тавре ки пештар буд?

Саволҳо барои муҳокима

1 савол
  1. Худо ин ваъдаро кай иҷро карданӣ буд?

49. Бозгашт ба ватан00:00 / 06:57