Чӯпонон дар саҳро

Чӯпонон дар саҳро

Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 2, оятҳои 8-20

«Дар он сарзамин чӯпононе буданд, ки шабона дар ҳавои кушод рамаи худро посбонӣ мекарданд. Ва фариштаи Худованд бар онҳо намоён гардид, ва ҷалоли Худованд дар гирду пешашон дурахшид … Фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед; зеро ба шумо хушхабари басо шодибахш мерасонам, ки он барои тамоми қавм аст: Имрӯз дар шаҳри Довуд Наҷотдиҳанда барои шумо ба дунё омад, ки Ӯ Масеҳ, Худованд аст. Ин аст аломате барои шумо: Кӯдакро парпечшуда ва дар охуре хобида меёбед». Ногаҳон бо фаришта дастае аз лашкари осмон пайдо шуданд, ки Худоро ситоиш карда, мегуфтанд: «Ҷалол ба Худо дар арши аълост, осоиш бар замин, хушнудии Ӯ бар одамон».

Дар атрофи Байт-Лаҳм чӯпонон рамаҳои гӯсфандонро мечаронданд. Шаб фаро расида буд, аммо хобидани онҳо мумкин набуд: дар атроф ҳайвонҳои даранда мегаштанд, ки ҳар лаҳза метавонистанд барраеро гирифта баранд. Ҳар шаб дар ҳар гуна обу ҳаво ба чӯпонон лозим меомад, ки бодиққат рамаҳои худро назорат кунанд.

Аммо чӣ рӯй дод? Ин чӣ рӯшноии чашмбар аст? Як шахси сабук ва дурахшон ба сӯи онҳо аз осмон фаромада истодааст! Чӯпонон ба даҳшат омаданд. Ҳа,охир, ин Фариштаи Худованд аст! Ва инак Фаришта бо онҳо меҳрубонона гуфт:

– Натарсед!

Ӯ ба чӯпонон фаҳмонд, ки аз осмонҳо барои он омад, ки ба онҳо дар бораи Кӯдаки муъҷизаосо хабар диҳад, ки шабона дар Байт-Лаҳм таваллуд шуд. Ва ин Кӯдак – Наҷотдиҳанда, Масеҳи Худованд аст.

Ҳангоме чӯпонон фаҳмиданд, ки Наҷотдиҳанда омадааст, онҳо ҳайрон шуданд. Ана ин хабар! Аммо баъд онҳо боз як чизи ғайриодӣ шуниданд: барои дидани Кӯдак ба онҳо лозим нест, ки ба қасри боҳашамат раванд. Онҳо Ӯро дар оғил дар охур меёбанд. Ин маънои онро дорад, ки пеш аз ҳама онҳо бояд оғилро кофта ёбанд.

Ҳангоме ки чӯпонон бо ҳам дар ин бора гап мезаданд, ногоҳ дар осмон суруди ситоиши Фариштаҳо шунида шуд: «Ҷалол ба Худо дар арши аъло, осоиш бар замин, хушнудии Ӯ бар одамон!» Ин, эҳтимол, суруди беҳтарине буд, ки ягон вақт дар замин садо дода буд.

Баъд Фариштаҳо ғайб заданд.

Чӯпонон ба якдигар нигоҳ карданд ва гуфтанд:

– Биёед ба Байт-Лаҳм меравем ва худамон Ӯро мебинем.

Онҳо боварии комил доштанд, ки Худи Худо ин хабарро ба онҳо расондааст. Чӯпонон бо боварии пурра ки Худо рамаҳояшонро нигаҳбонӣ мекунад, ба Байт-Лаҳм шитофтанд. Дар он ҷо онҳо оғилро ёфтанд ва ҳама чизро ҳамон тавр, ки Худо ба онҳо гуфт, диданд: Марям, Юсуф ва Кӯдакро, ки дар охур хобида буд. Дилҳои чӯпонон пур аз хурсандии амиқ буд, охир ба онҳо шарафи бузурге насиб шудааст – аввалиншуда дидани Масеҳ – Наҷотдиҳанда, Исо, Писари Худо.

Саволҳо барои муҳокима

4 савол
  1. Киҳо шабона дар саҳро буданд? Онҳо дар он ҷо чӣ кор мекарданд?

  2. Кӣ ба Фаришта супориш дод, ки бо чӯпонон гап занад? Ӯ ба онҳо чӣ гуфт?

  3. Суруди ситоиши фариштаҳо дар бораи чӣ буд?

  4. Оё чӯпонон ба суханони Фаришта бовар карданд? Онҳо ба дидани Исо шитофтанд ё қарор доданд, ки то саҳар сабр кунанд?

52. Чӯпонон дар саҳро00:00 / 05:30