Ҳакимон аз шарқ

Ҳакимон аз шарқ

Китоби Муқаддас, Инҷили Матто, боби 2, оятҳои 1-12

"Чун Исо дар айёми подшоҳ Ҳиродус дар Байт-Лаҳми Яҳудия таваллуд ёфт, аз ҷониби шарқ ба Уршалим ҳакимон омада, гуфтанд:

«Куҷост он Подшоҳи яҳудиён, ки таваллуд ёфт? Чунки ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, ки ба Ӯ таъзим кунем".

Дар замонҳои қадим дар Шарқ ҳакимони ситорашинос зиндагӣ мекарданд. Чаро онҳоро чунин меномиданд? Эҳтимол аз он сабаб ки онҳо бисёр илмҳоро меомӯхтанд. Машғулияти дӯстдоштаи онҳо мушоҳидаи ситораҳо буд.

Ва инак боре шабона ҳакимон осмонро мушоҳида мекарданд. Ногоҳ онҳо як чизи наве диданд. Ин ситораи равшан ва дурахшон буд. Дар осмон хеле бисёр ситораҳо ҳастанд, аммо ин чист? Не, ҳеҷ гоҳ пештар онҳо ин ситораро надида буданд. Он махсус буд, ба ҳеҷ яке аз ситораҳо монанд набуд.

Ва Худо ба онҳо сабаби пайдо шудани ситораи навро фаҳмонд: дар як сарзамине Подшоҳ таваллуд шуд, ва агар ҳакимон аз пайи ситора раванд, он онҳоро ба он ҷой мерасонад. Онҳо аз ин хеле хурсанд шуданд! Онҳо ба сафар тайёрӣ диданд, ва дар айни ҳол барои Подшоҳи таваллудшуда бо худ тӯҳфаҳо гирифтанд. Ҳангоме ки ҳама чиз тайёр буд, онҳо ба роҳ равона шуданд.

Ин роҳи тӯлонӣ буд, аммо онҳо аз пайи ситора мерафтанд – он дар пеш равшан дурахшида, ҳакимонро роҳнамоӣ мекард.

Ва инак ниҳоят онҳо ба шаҳри муқаддаси Уршалим расиданд. Ҳакимон барои дидани Подшоҳи таваллудшуда хеле шитоб мекарданд, аз ҳамин сабаб дарҳол ба қасри подшоҳ равона шуданд, то ӯро дар он ҷо пайдо кунанд.

Онҳоро подшоҳ Ҳиродус қабул кард, ӯ намоишкорона бо меҳмонон меҳрубон буд. Дар сари дастурхон муфассал дар бораи мақсади омадани онҳо пурсид, ва ҳакимон ба ӯ дар бораи ситорае нақл карданд, ки онҳо кашф карданд, ва дар бораи он ки пайдо шудани ин ситора маънои таваллуд шудани Подшоҳро дошт.

– Ва азбаски Ӯро пеш аз ҳама дар хонаи подшоҳ ҷустан даркор буд, – гуфтанд ҳакимон, – мо ба ин ҷо омадем.

– Шумо дуруст кардед, – гуфт Ҳиродус. – Мутаассифона, дар ин ҷо ҳеҷ як навзод нест. Аммо ман бо майли том ба шумо дар ҷустуҷӯи ӯ ёрӣ медиҳам. Дар подшоҳии ман олимон ҳастанд, ман онҳоро даъват намуда, ҳама чизро аз онҳо мефаҳмам.

Ҳақиқатан, олимони хирадманди давлат барои ҷустуҷӯи минбаъда ёрӣ дода тавонистанд.

– Подшоҳ бояд дар Байт-Лаҳм таваллуд шавад. Дар китоби пайғамбар Мико ҳамин тавр навишта шудааст.

– Байт-Лаҳм тамоман наздик аст, – фаҳмонд Ҳиродус ба меҳмонони хориҷии худ. – Агар шумо дар нимаи дуюми рӯз савора ба ҷануб равед, ҳанӯз то фаро расидани торикӣ ба он ҷой мерасед. Ҳамаашро хуб фаҳмида, дар роҳи бозгашт боз назди ман оед ва ҳамаашро нақл кунед, чунки ман ҳам мехоҳам ба Подшоҳи таваллудшуда тӯҳфаҳо пешкаш кунам.

Дар айни ҳол Ҳиродус бо душворӣ заҳрхандаи худро пинҳон дошт. Ӯ ба кӯдак ҳеҷ чиз тӯҳфа карданӣ набуд, балки нақша дошт ӯро кушад. Аммо дар ин бора ҳакимон, албатта, пай намебурданд.

Онҳо бо табъи хуш ба роҳ равона шуданд. Ҳангоме ки онҳо ба Байт-Лаҳм расиданд, аллакай торик шуда буд ва дар осмон ситораҳо пайдо шуданд. Ҳакимон хеле хурсанд шуданд, ҳангоме ки дар байни бисёр ситораҳои дигар он ситораеро диданд, ки дар давоми тамоми роҳи дароз ба онҳо роҳнамоӣ мекард. Ситора дар пеши онҳо ҳаракат карда дар болои он ҷое ки Кӯдак буд, боз истод.

– Эҳтимол, Кӯдак дар ин ҷост, – бо шодӣ гуфтанд онҳо. – Маҳз дар ин хона! Худо ба мо роҳро нишон дод!

Ҳангоме ки Юсуф мардони сарватмандонро дид, ки ба хонаи хурди онҳо медаромаданд, ба чашмонаш бовар накард. Ӯ ва Марям ҳеҷ гоҳ чунин меҳмонони олиқадрро, ки аз кишвари дур омадаанд, қабул накарда буданд.

– Мо Подшоҳи навзоди Исроилро меҷӯем! – гуфтанд меҳмонон.

– Кӯдак дар он ҷост, – ҷавоб дод Юсуф ва ба Кӯдак ишора кард. Дидан ҳайратовар буд, ки чӣ тавр ин одамони донишманд ва боэътибор, ки дар тан либосҳои гаронбаҳо доштанд, дар назди Исои хурдакак ба зону истоданд ва ба Ӯ чун ба Худо саҷда карданд. Аммо баъд чӣ рӯй дод? Ҳакимон тӯҳфаҳои гаронбаҳояшонро бароварданд: тилло, гули дудӣ ва хӯшбӯй ва онҳоро ба Исо тӯҳфа намуданд.

Тӯҳфаҳои худро дода ва бо Кӯдак, бо Марям ва Юсуф хайрухуш карда, ҳакимон рафтанд.

Шабона Худо ба яке аз ҳакимон дар хоб нақшаи ҳақиқии Ҳиродусро ошкор намуд.

– Худо бо ман гап зад, – нақл кард ӯ ба дӯстонаш. – Ӯ гуфт, ки Ҳиродус тамоман хайрхоҳ нест. Ӯ ба Кӯдак тӯҳфаҳо пешкаш карданӣ нест, балки ба Ӯ зарар расонданӣ аст. Аз ҳамин сабаб мо набояд назди ӯ баргардем.

Ҳамин тариқ, онҳо ба сӯи ватан равона шуда, ба подшоҳи бераҳм дар бораи он ки Кӯдакро ёфтанд, чизе нагуфтанд.

Шаби оянда Худо дар хоб бо Юсуф низ гап зад. Юсуф бояд ҳамроҳи занаш ва писараш ба Миср мегурехт. Аллакай рӯзи дигар оилаи хурд дар роҳ буд. Роҳ ба сӯи Миср дуру дароз буд. Фақат дертар ба онҳо маълум шуд, ки Худо онҳоро аз бадбахтӣ нигоҳ доштааст: Ҳиродус дар ҳақиқат хеле хашмгин шуд, ки ҳакимон ба ӯ ҳеҷ чизро хабар надоданд. Аз ҳамин сабаб ӯ фармуд, ки дар Байт-Лаҳм ва атрофи он ҳамаи писаракони то дусоларо кушанд. Ӯ умедвор буд, ки дар байни онҳо Подшоҳи навзод хоҳад буд, аммо Исо кайҳо аллакай дар бехатарӣ буд. Пас аз муддати кӯтоҳ Ҳиродус мурд.

Пас аз марги Ҳиродус Худо ба Юсуф боз як хоб фиристод, ки дар он Фаришта ба ӯ дар бораи он хабар дод, ки хатар аз байн рафтааст, ва Юсуф метавонад ба Исроил баргардад. Худо ҳамчунин ба ӯ гуфт, ки оилаи Юсуф бояд дар куҷо сокин шавад. Ана ҳамин тавр чунин шуд, ки Исо дар Носира ба воя расид.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Ҳакимон дар осмон чӣ чизи ғайриодӣ диданд?

  2. Онҳо дар Уршалим киро ёфтанӣ буданд? Онҳо назди кӣ омаданд?

  3. Онҳо ба Исо чиҳо оварданд?

53. Ҳакимон аз шарқ00:00 / 09:37