Пайғамбари ҷавон

Пайғамбари ҷавон

Китоби Муқаддас, китоби 1-уми Подшоҳон, боби 3

“Ва Самуили ҷавон пеши Элӣ хизматгузори Парвардигор буд; ва каломи Парвардигор дар он айём камёфт буд, ва рӯъё бисёр набуд”.

Исроилиён аллакай солҳои зиёд дар замини ваъдашуда мезистанд. Онҳо хонаҳо сохтанд, дар заминҳо киштукор мекарданд ва токзорҳо шинонданд, ва доимо замини худро аз душманон ҳимоя мекарданд. Хаймаи ҷомеъ, ки онҳо ҳанӯз ҳангоми сафар дар биёбон дар он лавҳаҳоро бо даҳ аҳкоми Худо нигоҳ медоштанд, акнун бар болои кӯҳе буд. Одамон барои ба Худо дуо гуфтан ё қурбонӣ овардан ба он ҷо мерафтанд.

Коҳин Элӣ дар назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ нишаста, ба одамоне ки ба ин ҷо мебаромаданд, менигарист. Ӯ пир буд ва аз ҳамин сабаб аллакай вазифаҳои муқаддасро ба ҷо намеовард. Ин корро акнун писарони ӯ мекарданд, аммо, мутаассифона, онҳо ба Худо итоаткор набуданд ва бисёр корҳои бад мекарданд. Элӣ дар ин бора медонист ва бо андӯҳ ба онҳо мегуфт, ки онҳо корҳои нодуруст мекунанд, аммо писарон ба ин суханони падар аҳамият намедоданд.

Боре ба назди Элӣ зане бо писараки хурдаш омад.

– Салом! Номи ман Ҳанно аст. Оё ту маро дар ёд дорӣ? Дар ин ҷо, дар пеши хаймаи ҷомеъ, як чанд сол пеш ман аз Худо илтиҷо мекардам, ки ба ман писаре диҳад. Ман он гоҳ аллакай тамоман ноумед шуда будам. Ман шикоят мекардам ва мегиристам, дар ёд дорӣ? Ва акнун ман хушбахтам. Инак писари ман. Ту худат он вақт ба ман гуфтӣ, ки Худо дуои маро мешунавад. Номи писарам Самуил аст, ва ӯ бояд бо ту бимонад. Ӯ ба ту дар хизмати Худо ёрӣ мерасонад. Ман ваъда додаам, ки ӯро ба Парвардигор мебахшам.

– Бигузор Худо туро баракат диҳад, Самуил, – гуфт Элӣ. – Биё, ман ба ту ҷойро дар хайма нишон медиҳам, ки ту он ҷо ҷойгир шуда метавонӣ.

Ба Элӣ мадад расондан ба Самуил маъқул буд.

Боре бегоҳӣ Самуил хаста шуда дар назди сандуқи аҳди муқаддас дароз кашид ва хоб рафт. Ногоҳ ӯ аз он бедор шуд, ки касе номашро гирифта ҷеғ мезанад.

–Лаббай, – гуфт ӯ.

Ҳеҷ кас ҷавоб надод, он гоҳ ӯ бархест ва назди Элӣ давида рафт.

– Ту маро ҷеғ задӣ? – пурсид ӯ.

– Не, – ҷавоб дод Элӣ, – ман туро ҷеғ назадаам. Рафта хоб кун.

«Аҷиб», – фикр кард Самуил, ва баргашта рафта ба зудӣ боз хобаш бурд.

– Самуил! – боз шунид писарак ва аз тарс ларзид.

Ӯ зуд назди Элӣ давида рафт.

– Ту маро ҷеғ задӣ?

– Не, ман туро ҷеғ назадаам, писаракам, – сар ҷунбонд Элӣ. – Рафта хоб кун!

Самуил боз хоб рафт. Ва ҳамин вақт ӯ боз шунид, ки касе бо овози баланд номи ӯро гирифта ҷеғ мезанад. «Имкон надорад, ки ман боз хато карда бошам», – фикр кард Самуил ва назди Элӣ давида рафт.

– Ман дар ин ҷоям, Элӣ! Ба ту чизе биёрам?

Коҳин фаҳмид, ки ин Худост, ки ба Самуил муроҷиат мекунад.

– Рафта хоб кун. Ва ҳангоме ки Худо боз номатро гирифта ҷеғ занад, чунин ҷавоб деҳ: «Бигӯй, Худованд, бандаат ба Ту гӯш медиҳад!»

Самуил оҳиста ба ҷои хобаш рафт ва интизор шуд. Ва ногоҳ ӯ боз овозро шунид:

– Самуил, Самуил!

– Бигӯй, Худованд, бандаат ба Ту гӯш медиҳад! – бо овози лар- зон оҳиста ҷавоб дод Самуил.

Ва Худо ба ӯ гуфт:

– Ман бар хонадони Элӣ доварӣ ба амал меоварам. Ман ӯро ҷазо медиҳам, зеро ӯ писаронашро бознадошт, агарчи медонист, ки онҳо бо рафтори худ Худоро беобрӯ мекунанд. Ҳар дуи онҳо дар як рӯз мемуранд.

Ин паёми аҷиби Парвардигорро шунида, Самуил то саҳарӣ хоб нарафт. Ҳангоме ки офтоб баромад, Самуил дари хаймаи ҷомеъро кушод.

– Худо шабона ба ту чӣ гуфт? – пурсид аз ӯ Элӣ.

Самуил дар ҷавоб додан таъхир намуд, зеро намехост дар бораи чизи даҳшатнок гап занад, аммо баъд ба ҳар ҳол ба Элӣ ҳама чизро нақл кард. Элӣ каме хомӯш буд, ва баъд маҳзунона гуфт:

– Агар Худо чунин гуфта бошад, ҳамин тавр мешавад. Ӯ Парвардигор аст.

Пас аз якчанд сол ҳамаи он чи Парвардигор дар он шаб ба Самуил гуфта буд, аниқ иҷро шуд.

Самуил ба воя мерасид, ва Парвардигор бо ӯ буд. Тамоми Исроил фаҳмид, ки Самуил сазовори он шудааст, ки пайғамбари Парвардигор бошад. Парвардигор ба ӯ ҳақиқатҳои муҳимро ошкор менамуд, ва Самуил онҳоро ба халқи Исроил мерасонд.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Чаро Худо аз Элӣ норозӣ буд?

  2. Чанд бор Парвардигор дар ибодатгоҳ ба Самуил муроҷиат кард?

  3. Худо ба Самуил чӣ гуфт?

31. Пайғамбари ҷавон00:00 / 07:58