Ғалабаи имон

Ғалабаи имон

Китоби Муқаддас, китоби 1-уми Подшоҳон, боби 17

«Ва Довуд ба фалиштӣ гуфт: «Имрӯз Парвардигор туро ба дасти ман месупорад... то тамоми аҳли замин донанд, ки дар Исроил Худо ҳаст. Ва... Парвардигор на бо шамшер ва найза наҷот медиҳад, балки ин ҷанги Парвардигор аст, ва Ӯ шуморо ба дасти мо месупорад».

Пас аз омадани Самуил Довуд гӯсфандбониро давом медод. Бисёр вақт, ҳангоми ба чарогоҳ бурдани гӯсфандон, ӯ барбатро бо худ мегирифт. Ҳангоме ки гӯсфандон оромона мечариданд, ӯ барбат менавохт ва барои худ сурудҳои нав эҷод мекард. Аммо гоҳо чӯпон бо мушкилиҳо дучор мешуд. Ҳамин тавр, боре ба ӯ лозим омад, ки гӯсфандонашро аз хирс ҳимоят кунад. «Худо бо ман ҳамон тавре муносибат мекунад, ки ман бо гӯсфандонам мекунам, – андешаронӣ мекард Довуд, ҳангоме ки боре ӯ қариб барраеро гум мекард.

– Ӯ маро нигоҳубин мекунад, дар ҳаққи ман ғамхорӣ мекунад ва маро ҳимоят мекунад, ҳангоме ки ба ман хатар таҳдид мекунад».

Довуд барбатро гирифта, каме фикр кард, ва баъд суруд хонд:

«Парвардигор чӯпони ман аст: ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ намешавам. Дар чарогоҳҳои сералаф маро мехобонад, сӯи обҳои роҳатафзо маро мебарад, ҷонамро қувват мебахшад, ба хотири номи Худ маро ба роҳҳои росткорӣ равона мекунад. Дар водии зулмот роҳ равам ҳам, аз бадӣ наметарсам, чунки Ту бо ман ҳастӣ; асо ва чӯбдасти Ту маро дилбардорӣ мекунанд».

Боре Шоул боз ба хуруҷи хашм дучор шуд ва ҳамаи дарбориёнро ба тарсу ҳарос овард. Шоул гаштаву баргашта ба хуруҷҳои ногаҳонии хашм дучор мешуд, агарчи баъд ӯ аз ин пушаймон мешуд ва хеле ғам мехӯрд. Аз ҳамин сабаб яке аз хизматгорони Шоул пешниҳод намуд, ки Довудро, ки хуб барбат менавохт, ба дарбор даъват кунанд. Ҳамин тавр Довуд ба дарбори подшоҳ омад. Кошки Шоул медонист, ки дар пеши ӯ касе нишастааст, ки Самуил ӯро ба подшоҳӣ тадҳин намудааст! Аммо ӯ аз ин тамоман бехабар буд ва ба зудӣ ба Довуди ҷавон дил баст. Барбатнавозии Довуд ҳақиқатан ба Шоул писанд меомад.

Ҳангоме ки подшоҳ Шоул ба ҷанги зидди фалиштиён равона шуд, Довуд ба хона баргашта тавонист. Дар ҷанг барбатнавози ҷавон чӣ даркор буд? Ҳамин тариқ, Довуд боз гӯсфандони падари худро мечаронд, ва бародаронаш ҳамроҳи Шоул ба ҷанг рафтанд.

Боре падар ӯро ҷеғ зад ва гуфт:

– Ба он ҷое ки лашкари мо истодааст, бирав, ва ба бародарони худ ягон чизи хӯрданӣ бар.

Ҳамагӣ якчанд соат вақт даркор шуд, то ки Довуд ба бошишгоҳи лашкар расида равад. Ӯ ба бародарони худ захираи хӯрданӣ оварда, дар назди онҳо нишаст ва ба гуфтугӯи ҷанговарон гӯш дод. Ногоҳ ҳама хомӯш шуданд ва бо изтироб ба тарафи лашкаргоҳи фалиштиён нигаристанд. Як фалиштӣ ба сӯи лашкари исроилиён меомад. Ва ин чӣ ҷанговаре буд! Ӯ Ҷолиёт ном дошт, қади ӯ қариб се метр буд, ва ӯ хеле боқувват буд. Ӯ дар тан зиреҳи вазнин дошт, ва дар дасташ найзаи калоне буд.

– Ман боз ҳам пешниҳоди худро такрор мекунам! – нидо кард ӯ. – Ба ман касеро диҳед, ва ман бо ӯ қувваозмоӣ мекунам. Агар ӯ маро мағлуб кунад, мо худро мағлубшуда ҳисоб мекунем. Аммо агар ман ғолиб шавам, шумо мағлуб ҳисобида мешавед. Чӣ, тарсидед, тарсончакҳо?

– Оё ӯ аллакай шуморо ба ҷанг даъват карда буд? – пурсид Довуд аз бародаронаш.

– Ҳа, чандин бор. Аммо, албатта, беҳуда. Бо ин азимҷусса ҷангидан – худро ба марг маҳкум кардан аст!

– Аммо охир Худо тарафдори мост-ку! – ҳайрон шуд Довуд.

Ҷанговарон хандиданд.

– Ин ба Худо чӣ дахл дорад? Охир ин ҷо сухан дар бораи тавоноӣ, чобукӣ ва аслиҳаи хуб меравад. Подшоҳ Шоул ҳатто ваъда дод, ки духтари худро ба ҳар касе ки Ҷолиётро мағлуб кунад, медиҳад. Аммо ҳеҷ кас ҷуръат накард.

Ба Шоул гуфтанд, ки Довуди ҷавон, ки барои ӯ барбат менавохт, ба лашкаргоҳ омадааст. Шоул фармуд, ки ӯро ҷеғ зананд.

– Иҷозат деҳ ман бо он фалиштӣ биҷангам, – хоҳиш кард Довуд.

– Ҳатто фикр ҳам накун! – ҷавоб дод подшоҳ. – Ту ҳанӯз беҳад ҷавон ҳастӣ, ва Ҷолиёт ҷанговари боқувват ва ботаҷриба аст.

– Аммо ман хирсро ва шерро мағлуб кардаам, ҳангоме ки онҳо аз рамаи ман барраҳоро дуздиданӣ мешуданд. Агар Худо он вақт ба ман ёрӣ расонда бошад, Ӯ дар ҷанг бар зидди фалиштӣ низ ёрӣ медиҳад.

– Имони ту ба ман писанд меояд, – гуфт Шоул. – Ҳеҷ кас ғайр аз ту даъвати Ҷолиётро қабул кардан намехоҳад... Зиреҳи маро бипӯш, аслиҳаи маро бигир ва он гоҳ бо Худо бирав!

Довуд зиреҳи Шоулро дар бар кард, аммо он барои ӯ беҳад вазнин буд, ӯ бо он базӯр роҳ мегашт. Аз ҳамин сабаб Довуд онро бадар карда, бо худ фалахмонашро гирифт, панҷ санги ҳамвор ёфт ва асои чӯпонияшро гирифта ба сӯи фалиштӣ рафт.

– Ҳа-ҳа-ҳа! – хандид ӯ, ҳангоме ҷавонеро бо фалахмон дид, ки ба сӯи ӯ меояд. – Ту бо ман ҷангидан мехоҳӣ?

– Ту зидди ман бо шамшер ва найза баромадӣ, аммо ман зидди ту бо номи Парвардигори лашкарҳо, Худои лашкари Исроил мебароям! – нидо кард Довуд.

Баъд ӯ сангро ба фалахмони худ монда, онро тоб дод ва сӯи фалиштӣ ҳаво дод. Санг рост ба пешонии ӯ, ки хӯд онро ҳифз намекард, зад. Ҷолиёт ба замин афтид. Довуд сӯи ӯ давида, шамшери фалиштиро аз ғилоф кашида, ӯро кушт. Ҳангоме ки исроилиён инро диданд, онҳо рӯҳбаланд шуда, далерона фалиштиёнро аз кишварашон ронданд.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Шоул ба Довуд чӣ гуна аслиҳа дод?

  2. Ҷолиёт чиҳо гуфта Довудро масхара мекард?

  3. Чӣ тавр Довуд Ҷолиётро мағлуб намуд?

34. Ғалабаи имон00:00 / 09:25