
Чӯпони ҷавон
Китоби Муқаддас, китоби 1-уми Подшоҳон, боби 16
«Ва Парвардигор ба Самуил гуфт: «То ба кай ту ба хотири Шоул ғамгин ҳастӣ? Ман, охир, ӯро аз подшоҳӣ кардан бар Исроил рад намудаам. Шохи худро аз равған пур карда, рав: Ман туро назди Йисои байтлаҳмӣ мефиристам, зеро ки аз миёни писаронаш барои Худ подшоҳ пайдо кардаам».
Байт-Лаҳм дар он вақт деҳаи хурде буд, ки ба он қариб ҳеҷ гоҳ роҳгузарон намедаромаданд. Аммо Худо Самуилро маҳз ба ин ҷоба меҳмонии яке аз оилаҳо фиристод. Яке аз писарони ин оила бояд дар оянда подшоҳи Исроил мешуд. Барои Йисой, падари оила, шарафи бузурге буд, ки худи пайғамбар Самуил ба хонаи ӯ омадааст, ва Йисой ӯро даъват намуд, ки ҳамроҳашон хӯрок хӯрад. Дастурхон густурда шуд, ва Йисой писарони худро шинос кардан гирифт.
– Ин писари калонии ман аст, – бо ифтихор гуфт Йисой.
– Ӯ аллакай ҳозир симои шоҳона дорад, – фикр кард Самуил.
– Қоматбаланд ва зебо, ба монанди Шоул, ҳангоме ки ман ӯро ба подшоҳӣ тадҳин намудам.
Аммо дар ин вақт Самуил овози Худоро шунид:
– Ба намуди зоҳирӣ ва қомати баланди ӯ нигоҳ накун! Одам ба намуди зоҳирӣ менигарад, аммо Худо ба дил менигарад. Ин шахс набояд подшоҳ шавад.
Ҳамин тавр Йисой яке пайи дигар ҳафт писари худро шиносонид. Аммо ҳар дафъа Худо мегуфт: «Не, ин ҳамон нест!»
– Акнун биёед хӯрок мехӯрем, – гуфт Йисой ва сӯи дастурхон равона шуд.
– Сабр кун, магар ту ба ман ҳамаи писаронатро шинос кардӣ? – пурсид Самуил.
– Боз як писарам ҳаст, писари хурдӣ. Ӯ дар чарогоҳ гӯсфандонро бонӣ мекунад.
– Бигузор зудтар ба ин ҷо биёяд! – гуфт Самуил.
Ба зудӣ Довуди ҷавон дар пеши Самуил ҳозир шуд. Ӯ малламӯй буд, чашмони зебо ва симои дилписанд дошт.
Ва Парвардигор ба Самуил гуфт:
– Ӯро тадҳин намо, ин ҳамон аст!
Самуил шохро бо равған гирифта, ба пешонии ҷавон равған молид ва гуфт:
– Ба Номи Худо туро ба подшоҳӣ бар халқи Исроил тадҳин мекунам. Бигузор Парвардигор туро баракат диҳад!
Ва дар ин лаҳза Рӯҳи Парвардигор бар Довуд фуруд омад.
Йисой ва писарони ӯ ҳайрон шуданд, аммо Довуд то охир нафаҳмид, ки дар он рӯз бо ӯ чӣ рӯй дод.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволПарвардигор ба Самуил чӣ супориш дод?
Йисой чанд писар дошт?
Кӣ ба подшоҳӣ тадҳин карда шуд?