
Офтоб ва моҳ бозистоданд
Китоби Муқаддас, китоби Еҳушаъ ибни Нун, боби 10
"Он гоҳ Еҳушаъ, дар рӯзе ки Парвардигор амуриёнро ба дасти банӣ-Исроил супурд, ба Парвардигор сухан ронда, дар пеши исроилиён гуфт: "Эй офтоб, бар Ҷибъӯн исто, ва эй моҳ, — бар водии Аёлӯн!" Ва офтоб истод, ва моҳ низ ист кард, то даме ки халқ аз душманони худ қасос гирифт…"
Ҳангоме подшоҳони Канъон шуниданд, ки дар Ериҳӯ чӣ рӯй додааст, онҳо муттаҳид шуданд, то ки зидди Еҳушаъ ибни Нун ва халқи Исроил биҷанганд. Сокинони шаҳри Ҷибъӯн бошанд бо исроилиён иттифоқ бастанд. Аз ин бохабар шуда, панҷ подшоҳ шаҳрро муҳосира карданд.
Сокинони шаҳр аз Еҳушаъ ибни Нун мадади дархост кард, ва ӯ бо лашкари зиёд бар зидди душманони иттифоқчиёни худ баромад. Ба зудӣ лашкари муттаҳидаи подшоҳони канъонӣ рӯ ба гурез овард. Парвардигор низ барои халқи Худ меҷангид. Ҳангоме ки душманон гурехтанд, аз осмон бар онҳо жолаи сангин борид. Ва ҳангоме ки аллакай тамоман торик мешуд, ва душман ҳанӯз пурра мағлуб нашуда буд, Еҳушаъ ба Парвардигор сухан ронда, дар пеши исроилиён гуфт:
– Эй офтоб, бар Ҷибъӯн исто, ва эй моҳ, — бар водии Аёлӯн!
Ва Парвардигор ин дуоро шунид. Рӯз то он даме давом кард, ки исроилиён душманонро тамоман торумор карданд. Чунин падида дигар ҳеҷ гоҳ набуд.
Ҳангоми ин лашкаркашӣ Еҳушаъ ва исроилиён дигар шаҳрҳоро низ забт карданд, чунки Худованд ба халқи Худ мадад мерасонд.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволСокинони кадом шаҳр бо исроилиён иттифоқ бастанд?
Кӣ сокинони Ҷибъӯнро наҷот дод?
Еҳушаъ ибни Нун чӣ кор кард, ҳангоме ки торикӣ фаро расидан гирифт?