
Исроил подшоҳро талаб мекунад
Китоби Муқаддас, китоби 1-уми Подшоҳон, боби 8-10
«Ва Парвардигор ба Самуил гуфт: «Овози қавмро дар ҳар чи ба ту мегӯянд, гӯш кун, зеро ки онҳо туро рад накардаанд, балки Маро рад кардаанд, то ки бар онҳо подшоҳӣ накунам…»
Самуил тамоман пир шуд. Дар давоми солҳои зиёд ӯ он касе буд, ки ба воситаи ӯ Худо бар исроилиён роҳбарӣ мекард. Ӯ довар буд, ва баҳсҳоро ҳал менамуд, ва пайғамбар буда, одамонро ба итоати Худо даъват менамуд. Аммо исроилиён хостанд, ки чун халқҳои дигар подшоҳ дошта бошанд, на ин ки довар.
Онҳо назди Самуил омада,ба ӯ гуфтанд:
– Бар сари мо подшоҳеро гузор!
Самуил хеле ғамгин шуд. Ӯ ба Худо дуо кардан гирифт, ва Худо ба ин дуо ҷавоб дод:
– Ба овози халқ гӯш кун… Онҳо на туро, балки Маро рад кардаанд, то ки Ман бар онҳо подшоҳӣ накунам.
Он гоҳ Самуил ҳамаи исроилиёнро ҷамъ карда,ба онҳо гуфт:
– Худо ба шумо подшоҳро медиҳад, аммо инак он ӯҳдадориҳое ки шумо ба подшоҳ хоҳед дошт: писарони шумо дар лашкари ӯ хизмат хоҳанд кард, баъзеи онҳоро ӯ бар аробаҳои худ таъйин менамояд ва саворони худ месозад, ва онҳо пешопеши аробаҳояш медаванд; ва баъзеро ба шудгори киштзораш, ба даравидани ҳосилоташ ва ба сохтани асбоби ҷангӣ ва асбоби аробаҳояш таъйин мекунад. Ва духтарони шуморо барои ошпазӣ ва нонпазӣ мегирад. Ва беҳтарин киштзорҳо, токзорҳо ва боғҳои зайтуни шуморо гирифта, ба наздикони худ медиҳад. Ва аз ҳосили киштзорҳо ва токзорҳои шумо даҳяк гирифта, ба хизматгорони худ медиҳад. Ва ғуломони шуморо, ва канизони шуморо, ва беҳтарин ҷавонони шуморо гирифта, барои корҳои худ истифода мебарад. Ва дар он рӯз аз дасти подшоҳи худ, ки барои худ интихоб намудаед, ба дод меоед; ва Парвардигор шуморо дар он рӯз намешунавад.
Лекин онҳо суханони Самуилро гӯш накарданд ва боисрор мегуфтанд:
– Мо мехоҳем подшоҳе дошта бошем.
Он гоҳ Парвардигор фармуд, ки Шоулро бар онҳо подшоҳ гузорад. Шоул ҷавон ва зебо буд, қадаш аз тамоми мардони халқ баландтар буд. Исроилиён ӯро хурсандона қабул карданд ва дод мезаданд:
– Зинда бод подшоҳ!
Аммо Шоул подшоҳи хуб набуд. Ӯ фармудаҳои Худоро риоя намекард ва худсарона амал менамуд. Аз ин сабаб Худо нахост, ки авлодони Шоул бар халқи Исроил подшоҳ шаванд. Ҳангоме ки Шоул ҳанӯз подшоҳ буд, Худо ҷавонеро интихоб намуд, ки бояд халқи Ӯро пас аз марги Шоул сарварӣ мекард.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволСамуил барои халқ кӣ буд? Ӯ бояд чӣ корҳо мекард?
Чаро халқ мехост подшоҳ дошта бошад?
Дар ин бора Худо чӣ гуфт?