Сабад аз байни қамишзор

Сабад аз байни қамишзор

Китоби Муқаддас, китоби Хуруҷ, бобҳои 1, 2

«Ва фиръавн ба тамоми қавми худ фармуда, гуфт: «Ҳар писареро, ки таваллуд шавад, ба дарё партоед, ва ҳар духтарро зинда нигоҳ доред».

Аз он вақте ки Яъқуб ва писарони ӯ назди Юсуф ба Миср кӯчида омаданд, вақти бисёр гузашт. Акнун онҳо аллакай на танҳо оила, балки як халқи калон буданд, халқи Исроил. Мисриён Юсуф ва мадади ӯро кайҳо фаромӯш карда буданд. Фиръавнҳо якдигарро иваз мекарданд, ва акнун ба мисриён чунин метофт, ки ин муҳоҷирон ба онҳо таҳдид карда метавонанд. Аз ҳамин сабаб фиръавни нав исроилиёнро ғулом гардонда, ҳаёти онҳоро бо меҳнати пурмашаққат талх мегардонд. Ӯ онҳоро маҷбур мекард, ки аз гил ва коҳ хиштҳо тайёр кунанд. Ӯ бар исроилиён сардоронро гузошт, ки бояд онҳоро бо корҳои вазнин хаставу беҳол мекарданд. Ҳангоме ки исроилиён миқдори муқаррашшудаи хиштҳоро тайёр карда наметавонистанд, сардорон онҳоро бераҳмона лату кӯб мекарданд.

Аммо ҳар қадар мисриёнин халқро таҳқир карданӣ шаванд, он торафт бештар афзун мешуд ва сол то сол тавонотар мегардид. Аз ҳамин сабаб фиръавн як нақшаи даҳшатоваре кашид: ҳамаи писаракони исроилиро дарҳол пас аз таваллуд шуданашон куштан.

Як зани худотарси яҳудӣ писар таваллуд кард. Модар медонист, ки фақат Худо метавонад кӯдаки ӯро наҷот диҳад, аз ҳамин сабаб бо ҷидду ҷаҳд ба Ӯ дуо мегуфт. Ӯ муддати зиёд кӯдакашро аз мисриён пинҳон нигоҳ медошт. Ҳангоме ки кӯдак семоҳа шуд, модар фаҳмид, ки акнун ӯро пинҳон карда наметавонад. Марям, хоҳари калонии писарак, ба модар ёрӣ дод, то ки бародари хурдакакашро ба сабади бофташуда гузорад. Сабад аз дарун қир молида шуда буд, то ки ба он об надарояд. Баъд онҳо сабадро гирифта ба сӯи дарёи Нил рафтанд. Дар он ҷо сабадро дар қамишзори назди соҳил ба об гузоштанд. Дар ин ҷо ҷараёни об онро бурда наметавонист. Марям дар наздикӣ пинҳон шуда, мушоҳида менамуд, ки бо сабад чӣ мешавад. Ногоҳ ӯ садои сумҳои аспон ва ғиҷирроси чархҳои аробаро шунид. Ӯ дид, ки аз ароба як чанд зан баромаданд. Пешопеши онҳо зани ҷавоне мерафт, ки дар тан либосҳои гаронбаҳо дошт. Эҳтимол, ин духтари фиръавн буд. Ва дигарон, аз афти кор, канизакони ӯ буданд. Эҳтимол, духтари подшоҳ мехост дар ин ҷо оббозӣ кунад. Ӯ либосҳояшро баровард ва оҳиста ба об даромад. Марям бо ҳаяҷон менигарист, ки чӣ тавр духтари фиръавн ба он ҷое ки сабад бо додаракаш буд, торафт наздиктар мешуд. Ва инак шоҳдухтар боз истод.

– Ин чист?! – нидо кард ӯ.

Ӯ ба канизак фармуд, ки сабадро аз об гирад, ва сарпӯши онро кушод.

– Эҳтимол, ин кӯдаки исроилиён аст. Аз афти кор, модар мехост ӯро аз сарбозони падарам пинҳон кунад, – гуфт ӯ ба ҳамроҳонаш.

– Бо ин кӯдак чӣ кунем? – пурсиданд онҳо.

– Ман намехоҳам, ки ин кӯдакро кушанд!

Ва ҳамин вақт ӯ Марямро дид, ки бо эҳтиёт наздиктар меомад.

– Ту дар ин ҷо аз куҷо пайдо шудӣ? – пурсид духтари подшоҳ. Марям бо забони гирифта гуфт:

– Ман?... Ман дар ин наздикӣ бозӣ мекардам.

– Ва донистанӣ шудӣ, ки ин касоне ки бо аробаҳо омаданд, киҳоянд, ҳамин тавр не?

Марям ҷавоби тасдиқӣ ҷавоб дод ва гуфт, ки дар деҳа барои кӯдак доя пайдо кардан мумкин аст.

– Агар хоҳед, ман яке аз чунин занҳоро ҷеғ мезанам.

Духтари фиръавн розӣ шуд, ва Марям давида ба хона рафт. Нафасашро рост карда, ӯ ҳамаашро ба модараш нақл кард.

– Худо дуои моро шунид, – гуфт модар хушнудона. Баъд онҳо якҷоя сӯи дарё шитофтанд.

– Ин кӯдакро ба хонаат бар ва дар ҳаққи вай ғамхорӣ намо, – фармуд духтари фиръавн. – Ман барои ин ба ту музд медиҳам. Ва ҳангоме ки писарак калонтар мешавад, ӯро назди ман биёр, ӯ барои ман писархонд мешавад.

Модар он қадар хурсанд буд ки чизе гуфта наметавонист.Ӯ фақат сар меҷунбонд. Духтари фиръавн кӯдакро бӯсида, гуфт:

– То боздид, писарам! – ва сӯи аробааш равона шуд.

Модар ва Марям низ ӯро бӯсида гуфтанд:

– Ба хона хуш омадӣ!

Якчанд сол писарак дар оилаи худ зиндагӣ кард, дӯст доштани Худо ва ба Ӯ дуо гуфтанро ёд гирифт. Ҳангоме ки писарак калонтар шуд, модар ӯро ба қасри фиръавн овард. Шоҳдухтар ӯро Мусо номид ва дар бораи он ғамхорӣ намуд, ки ба ӯ бисёр чизҳоро таълим диҳанд ва чун писари фиръавн тарбия кунанд. Ҳангоми ҳар як имконият Мусо ба боздиди падару модар, хоҳари калонӣ Марям ва бародараш Ҳорун мерафт. Ӯ аз он чи аз қаср баромада ва аз деҳоти исроилиён гузашта медид, ғам мехӯрд: «Ин беадолатона аст, ки мисриён хуб зиндагӣ мекунанд, аммо халқи ман дар азоб аст. Исроилиён аз субҳ то шом кор мекунанд, нимгурусна зиндагӣ мекунанд ва ҳатто ба худ ихтиёрдорӣ карда наметавонанд. Боре ӯ дид, ки исроилӣ бори вазнинро бардошта мебурд, ва мисрӣ бо тозиёна ӯро пеш меронд. Ва ҳамин вақт исроилӣ афтид. Мисрӣ бо зарбаҳои тозиёна ӯро ба бархестан маҷбур мекард. Мусо ба чунин бераҳмӣ ва беадолатӣ бепарво буда наметавонист. Ӯ зуд ба атроф нигарист, ки оё касе намебинад, ва баъд давида рафта он мисриро кушт. Фақат ҷасади кушташударо дида, ӯ дарк намуд, ки чӣ кор кардааст.

Рӯзи дигар ӯ ду исроилиро дид, ки бо ҳам ҷанҷол доранд. Ӯ наздик рафта, ба оне ки ноҳақ буд, гуфт:

– Ӯро ба ҳолаш гузор! Мо, исроилиён, набояд байни якдигар низ ҷанҷол кунем!

Он исроилӣ ба ӯ ҷавоб дод:

– Ту ба мо чӣ кор дорӣ? Шояд, маро ҳам куштан мехоҳӣ, чунон ки дирӯз он мисриро куштӣ?

Мусо тарсид. «Чӣ тавр ин воқеа зуд ошкор шуд? – фикр кард ӯ.

–Агар фиръавн фаҳмад, ки ман мисриро куштаам, маро ба марг маҳкум мекунад. Ман бояд гурезам!»

Ӯ дигар ба қаср барнагашт. Фиръавн дар бораи ин куштор фаҳмида, ҳақиқатан қарор дод, ки Мусоро қатл кунад ва фармуд, ки ӯро кофта ёбанд.

Мусо бо тарсу ҳарос ва ғаму андӯҳ, аз худ норозӣ, аз таъқибот гурехта, ба замини Мидён расид. Дар ин ҷо фақат рег ва сангҳо буданд, ва Мусо шод шуд, ҳангоме ки чоҳи обе ёфт. Ҳангоме ки ӯ ташнагияшро рафъ намуд, якчанд духтарони ҷавон назди чоҳи об омаданд, то ки ба гӯсфандонашон об диҳанд. Ӯ ба онҳо ёрӣ дод, ва духтарон ҳамчун миннатдорӣ ӯро даъват намуданд, то ки ҳамроҳашон хӯрок хӯрад.

Ин ҳафт духтар духтарони Йитрӯ ном шахс буданд. Аз баски ӯ писар надошт, ба ӯ ҷавони боқувват даркор мешуд, ва азбаски Мусо бе ҳеҷ гуна мақсад мегашт, Йитрӯба ӯ пешниҳод намуд, ки бо онҳо бимонад. Ҳамин тавр шуд, ки Мусо қасри олидараҷаи фиръавнро ба хайма дар замини Мидён иваз намуд.

Ба зудӣ ӯ духтари калонии Йитрӯ – Сифӯраро ба занӣ гирифт, ва онҳо соҳиби писар шуданд. Мусо рамаҳои падарарӯсашро мечаронд ва Мисрро қариб фаромӯш кард. Ҳатто дар бораи забони модарии худ фикр намекард.

Аммо Худо исроилиёнро фаромӯш накард. Ӯ бадбахтиҳои онҳоро медид, дуоҳои онҳоро мешунид ва қарор дод, ки ба онҳо ёрӣ диҳад. Ва барои ин Ӯ Мусоро даъват намуд.

Саволҳо барои муҳокима

4 савол
  1. Чаро фиръавн исроилиёнро бо корҳои вазнин хаставу беҳол мекард?

  2. Фиръавн барои нобудкардани халқи Исроил чӣ нақшае дошт?

  3. Модари Мусо бо кӯдаки худ чӣ кор кард?

  4. Дар он муддате ки Мусо дар хонаи волидон тарбия меёфт, модараш ба ӯ чиҳоро ёд медод?

18. Сабад аз байни қамишзор00:00 / 12:41