Хорбуттаи фурӯзон ва таъйиноти бузург

Хорбуттаи фурӯзон ва таъйиноти бузург

Китоби Муқаддас, китоби Хуруҷ, бобҳои 3-12

“Ва Парвардигор гуфт: «Хории қавми Худро дар Миср дидам, ва фиғони онҳоро шунидам... дарду озори онҳоро медонам. Ва фуруд омадам, то онҳоро аз дасти мисриён раҳо кунам, ва онҳоро аз он сарзамин... Барорам, ба сарзамине ки шир ва асал дар он ҷорист”

Боре Мусо дар назди кӯҳи Сино рамаҳоро мечаронд. Ногоҳ ӯ як чизи ғайриодиро дид: хорбуттае месӯхт. «Аҷиб аст, ки хорбутта алангаи фурӯзон дорад, аммо намесӯзад!» – ҳайрон шуд Мусо ва наздиктар омад. Ва ҳамин вақ тӯногоҳ овози касеро шунид.

– Мусо! Мусо! Ман Худоям, ки бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб гап мезадам. Ман азобҳои исроилиёнро дар Миср дидам, шикоятҳои онҳоро шунидам ва қарор додам, ки онҳоро озод кунам. Мехоҳам онҳоро ба замини Канъон, ки дар он ширу асал ҷорист, барорам. Ман туро назди фиръавн мефиристам, то ки ту халқи Исроилро аз Миср барорӣ. Натарс, Ман бо ту мешавам.

– Ман? Аммо агар ман назди халқи худ оям, Худовандо, ва ба онҳо гӯям, ки Худои падарони шумо маро назди шумо фиристод, онҳо мепурсанд, ки Ӯ чӣ ном дорад?

– Ман Воҷибулвуҷуд ҳастам, – шунида шуд ҷавоб аз хорбуттаи фурӯзон. – Ман ягона Худо ҳастам, Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб.

– Ман хушсухан нестам, бо душворӣ гап мезанам ва забонам мегирад, – гуфт Мусо. – Аммо бо халқи ман ва бо фиръавн бо хушбаёнӣ сухан рондан даркор аст.

– Оё на Ман одамонро офаридам ва сухан гуфтанро ба онҳо ёд додам? – гуфт Худо. – Ба ту суханони даркориро талқин кардан барои Ман душворӣ надорад.

Аммо Мусо ҳанӯз зиддият мекард.

– Ягон каси дигарро бифирист! Ва Худо хашмгин шуд.

– Не, Мусо, ту бояд ин корро кунӣ! Агар ту дар сухангӯӣ беҷуръат бошӣ, бародарат Ҳорун ба ту мадад мерасонад, зеро ӯ дуруст сухан гуфта метавонад. Аммо ту фиристодаи Ман мешавӣ ва халқи Исроилро аз ғуломӣ мебарорӣ!

Ҳамин тариқ, Мусо ба Миср баргашт, то он чиро, ки ба ӯ Худо фармуд, ба ҷо оварад. Аммо ҳар қадар Мусо ва Ҳорун фиръавнро ба сар додани исроилиён водор карданӣ шаванд ҳам, ӯ розӣ намешуд. Дар ин вақт ба халқи Исроил лозим меомад, ки боз бештар кор кунад, ва ҷазоҳо торафт сахттар мешуданд. Худо ба фиръавн ва ба замини Миср даҳ бало фиристод: офатҳо, зараррасонҳои растаниҳо ва бемориҳо, аммо фиръавн намехост халқро озод кунад, ки ба замини ваъдашуда равад.

Он гоҳ Худо ба воситаи Мусо фармуд, ки ҳар як оилаи исроилӣ яктогӣ барраи бенуқсон гиранд ва ҳамчун барраи Фисх кушанд. Фисх маънои «гузашта рафтан»-ро дорад. Хуни барраро ба коса гирифта ба болодарӣ ва паҳлудариҳои хонаҳо молидан даркор буд. Он шаб ҳеҷ кас набояд аз хона мебаромад, чунки Фариштаи Худованд дар Миср гашта, ҳамаи нахустзодаҳоро мекушт. Ва фақат ба хонаҳое ки ба болодарӣ ва паҳлудариҳояшон хун молида шуда буд, Фариштаи марг ба аҳли он хона осеб нарасонда, гузашта мерафт.

– Пеш аз хӯрок мо бояд боз як кор кунем, – мегуфт сарвари оила. Ҳар кас бояд либоси сафарӣ дар бар кунад, ва ба даст асо гирад. Гӯшти барраро мо бояд бошитоб хӯрем. Ин Фисҳи Парвардигор аст. Худо ба мо фармудааст, ки ин рӯзро дар ёд нигоҳ дорем ва аз насл ба насл ҳамчун ид ҷашн гирем.

Ҳангоме ки оила дар сари дастурхон ҷамъ шуд, гӯштро бо алафҳои талх оварданд. Мазаи он ба фарзандон маъқул нашуд, аммо ҳар падари оила мефаҳмонд:

– Меҳнати ғуломонаи мо дар Миср ана ҳамин тавр талх буд.

Бо гӯшт нон доданд, аммо он низ ғайриодӣ буд.

– Он бе хамиртуруш тайёр карда шудааст! – гуфт модар. – Мусо фармуд, ки мо нони бе хамиртуруш пазем. Мо бо ин нишон медиҳем, ки ба сафар тайёрем, чунки ба роҳи дур нони хамиртурушдор намегиранд.

Ниҳоят, оилаҳо ба хоб рафтанд. Пагоҳии барвақт исроилиён дар назди хонаҳояшон истода буданд. Оё ин он рӯзи бузург хоҳад буд, ки онҳо онро ин қадар интизор буданд?

Ва ин акқосиде аспсавор омад. Ӯ исроилӣ буд.

– Ҳамааш ҳамон тавр шуд, ки Худо гуфта буд! – фарёд задӯ ҳанӯз аз дур. – Дар ҳар хонаи мисрӣ писари калонӣ мурд, аз он ҷумла писари фиръавн. Имрӯз Худо нишон дод, ки акнун ба фиръавн имкон намедиҳад, ки ба иродаи Ӯ муқобилат кунад!

– Акнун мо чӣ кор кунем? – мепурсиданд одамон.

– Шумо охир аллакай ба сафар тайёр шудаед, – ҷавоб дод қосид. – Бо худ тамоми дороиятонро бигиред ва ба маҳалли вохӯрӣ равед.

Одамон ба хонаҳояшон рафтанд, то ки ҳар он чиро, ки мумкин аст, бо худ гиранд. Ва падарон, аз дасти писарони калонии худ гирифта, ба сӯи хундар болодарӣ ва палудариҳо ишора карданд:

– Ин нишонаи он аст, ки дар ин ҷо исроилиён зиндагӣ мекунанд. Ин хун туро аз доварии Худо наҷот дод, писарам!

Ҳамин тавр иди Фисҳ муқаррар карда шуд, дар ҳамин рӯз Худованд халқи Худро аз ғуломии мисрӣ баровард.

Ва фиръавн ба Мусо ва Ҳорун гуфт: – Бархезед ва бо ҳамаи банӣ Исроил аз байни халқи ман бароед!

Ва мисриён онҳоро шитоб мекунонданд, то ки онҳо зудтар аз кишвар раванд…

Чорсаду сӣ сол исроилиён дар замини Миср зиндагӣ карданд, пеш аз он ки Худованд онҳоро баровард. Ва онҳо тақрибан шашсад ҳазор мард буданд, ба ғайр аз занҳо ва кӯдакон.

Саволҳо барои муҳокима

4 савол
  1. Мусо дар биёбон чӣ чизи ҳайратоварро дид?

  2. Худо ба Мусо чӣ фармуд?

  3. Оё фиръавн исроилиёнро пас аз балои 5-ум озод кард?

  4. Иди Фисҳ чӣ маъно дорад?

19. Хорбуттаи фурӯзон ва таъйиноти бузург00:00 / 10:31