
Вохӯрии Юсуф бо бародарон
Китоби Муқаддас, китоби Ҳастӣ, бобҳои 42, 43, 44
«Ва Юсуф ҳокими он сарзамин буд; ва ба тамоми қавми он сарзамин ғалла мефурӯхт. Ҳангоме ки бародарони Юсуф омаданд, рӯй ба замин гузошта, ба ӯ таъзим карданд».
Ҳафт соли минбаъда дар замини Миср ҳосили ғалла фаровон шуд. Баъд ҳафт соли беҳосилӣ фаро расиданд. Тамоми замини Миср гуруснагӣ мекашид, ва одамон аз фиръавн нон металабиданд: «Мо чизи хӯрданӣ надорем, мо аз гуруснагӣ мемирем». Он гоҳ фиръавн гуфт: «Назди Юсуф равед, ва ӯ ба шумо ёрӣ медиҳад». Халқ назди Юсуф рафт, ва ӯ ба мисриён аз анборҳо ғалла фурӯхтан гирифт. Аз бисёр кишварҳо одамон барои харидани ғалла ба Миср меомаданд. Ҳамчун пардохт барои ғалла одамон нуқра меоварданд, Юсуф бошад, пулро гирифта, халтаҳои онҳоро бо ғалла пур мекард. Дар анборҳои Мисриён бисёр ғалла буд, ки, Юсуф онро ба ҳамаи хоҳишмандон фурӯхта метавонист.
Дар замини Канъон, ки Яъқуб бо аҳли оилааш зиндагӣ мекард, ҳамчунин гуруснагӣ буд. Яъқуб шунид, ки дар Миср нон ҳаст, ва ба он ҷо писаронашро фиристод. Пас аз сафари тӯлонӣ ва вазнин онҳо ниҳоят ба назди қасри фиръавн омаданд. Дар он ҷо онҳоро назди як шахс бурданд. Аз намуди зоҳирии ин шахс маълум буд, ки ӯ хеле боэътибор ва бонуфуз аст. Ӯ дар тан либосҳои олидараҷа дошт! «Эҳтимол, ин вазири фиръавн аст, шахси дуюм дар Миср аз ҷиҳати эътибор ва нуфуз», – фикр кард Реубен, калонии бародарон. Аммо ӯ надонист, ки ин Юсуф, бародари ӯст, зеро ӯро нашинохт. Бародарон ҳамчун рамзи иззату эҳтиром дар назди вазир ба замин афтоданд.
– Хоҷаам, ба мо раҳм карда, бароямон ғалла бифурӯш! Мо барои он нархи хуб медиҳем!
Юсуф бошад бародаронашро шинохт. Каме истода, ӯ фикран қарор дод: «Ман бояд фаҳмам, ки оё дилҳои бародаронам дигаргун шудаанд? Оё онҳо бадкирдории худро дар ёд доранд ва оё аз он кори худ афсӯс мехӯранд?» Ӯ ба онҳо гуфт:
– Шумо ҷосусон ҳастед! Шумо барои он омадаед, ки ин сарзаминро ҷосусӣ карда,баъд ба мо ҳуҷум кунед!
– Не, не! – бо тарсу ҳарос гуфтанд бародарон ва назди ӯ боз ҳам пасттар таъзим карданд. Дар ин лаҳза Юсуф хобашро ба ёд овард, ки замоне дар наврасӣ дида буд: бандҳои бародарон назди банди ӯ таъзим мекунанд.
Реубен ҷуръат карда, гуфт:
– Ҳамаи мо писарони як падар ҳастем. Мо дувоздаҳ бародарон будем. Яке акнун дар қайди ҳаёт нест, ва хурдӣ дар хона мондааст.
– Хайр, майлаш, – гуфт Юсуф, – фақат ман бояд боварӣ ҳосил кунам, ки шумо рост мегӯед. Барои ин яке аз шумо дар ин ҷо зери назорати посбонон мемонад, ва дигарон бояд бародари хурдиро назди ман оваранд. Агар ӯ ояд, шумо метавонед боз ғалла харида ба хона равед. Аммо агар шумо барнагардед, пас, шумо дурӯғ мегуфтед, ва ҳамаи шумо ҷосусон ҳастед. Ҳамин тавр онҳо бо халтаҳои пур аз ғалла ба Канъон равона шуданд, аммо яке аз бародарон, Шимъун, бо онҳо набуд.
Аввал Яъқуб ҳеҷ намехост Бинёминро, писари хурдиашро иҷозати рафтан диҳад, чунки метарсид, ки ӯро аз даст медиҳад.
Аммо ҳангоме ки пас аз якчанд моҳ ғаллаи онҳо тамом шуд, ӯ ноилоҷ монд ва иҷозат дод, ки писари хурдияш ҳамроҳи бародарон равад. Яҳудо ваъда дод, ки Бинёминро хуб назорат мекунад, то ки бо ӯ ҳеҷ чизи бад рӯй надиҳад.
Ҳамин ки онҳо ба шаҳри калони мисрӣ омаданд, онҳоро ба хонаи вазир бурданд. Бародарон аз ин хавотир шуданд. Аммо боз бештар ҳайратовар он буд, ки онҳоро ба толори калоне оварданд, ки он ҷо дастурхони пурнозу неъмат ороста шуда буд. Чаро вазири фиръав ин маҳз онҳоро ба зиёфат даъват намуд? Ба ҳар яки онҳо ҷой муқаррар шуда буд – аниқ аз рӯи синну сол. Чӣ тавр ин мисриён синну соли онҳоро дониста тавонистанд? Ҳангоми зиёфат ва зирба воситаи тарҷумон бо бародарон гап зада, дар бораи аҳли оилаи онҳо маълумоти бештар ба даст овардан мехост.
Пагоҳии рӯзи дигар корвон барои бозгаштан тайёрӣ медид. Мисриён Шимъунро назди бародарон баргардонданд, ва ба онҳо ғалла доданд –Яъқуб онҳоро дар хона вохӯрда, то чӣ андоза хурсанд мешавад!
Ҳанӯз онҳо дур нарафта буданд, ки саворагони мусаллаҳ ба онҳо расида гирифтанд.
– Чаро шумо аз хонаи вазир дуздӣ кардед? – дод зада гуфт сардори онҳо. – Ӯ шуморо ба зиёфат даъват намуд, аммо шумо шарм надошта, бо худҷоми нуқрагинро гирифтаед!
– Аммо, хоҷаам, – гуфт Реубен. – Мо ҳеҷ гоҳ дуздӣ накардаем. Чизҳои моро кофтуков карда бинед! Агар аз ягон каси мо он ҷомро ёбед, метавонед ӯро кушӣ, ва ҳамаи мо ғуломони хоҷаи шумо мешавем.
Ҳангоме ки онҳо халтаҳои худро кушоданд, аз халтаи Бинёмин ҷоми нуқрагин афтид! Онҳо аз куҷо дониста метавонистанд, ки Юсуф худаш ба хизматгорон фармуда буд, ки ба халтаи Бинёмин он ҷомро гузоранд? Юсуф мехост бори охирин бародаронашро санҷад.
Онҳо бо тарсу ҳарос ба шаҳр баргаштанд. Юсуф фармуд, ки онҳо Бинёминро ҳамчун ғулом дар Миср гузошта раванд. Ва ҳамин вақт Яҳудо ҷуръат карда гуфт:
– Хоҷаам, иҷозат деҳ бо дархосте ба ту муроҷиат кунам. Ман ба падар ваъда додам, ки бо писари хурдии ӯ ҳеҷ чизи бад рӯй намедиҳад. Агар Бинёмин ба хона барнагардад,падарамон аз ғам мемурад. Аз ҳамин сабаб аз ту хоҳиш мекунам: иҷозат деҳ, ки ӯ равад, ва ба ҷои ӯ ман дар ғуломӣ мемонам.
Акнун Юсуф боварӣ ҳосил намуд, ки ҷинояте ки бародарон замоне зидди ӯ содир карда буданд, барояшон дарси ибрат шудааст. Ба ҷои он ки бародарашонро ба ғуломӣ диҳанд, чунон ки он замон карда буданд, онҳо тайёр буданд худашон ғулом шаванд, то ки ӯро наҷот диҳанд. Онҳо аллакай чун пештара набуданд, Худо дилҳои онҳоро дигаргун намуд. Боиси ҳайрати бародарон буд, ки ногоҳ Юсуф гиря кард. Каме ором шуда, ӯ ба онҳо гуфт:
– Ман бародари шумо Юсуф ҳастам!
Ёздаҳ бародарон ба ӯ чунон менигаристанд, мисли он ки ҳеҷ гоҳ ӯро надида бошанд, ва сухане гуфта наметавонистанд. Ин шахс, ки қариб тамоми Мисрро дар ихтиёр дошт, Юсуф буд, ки онҳо замоне ба ӯ ҳасад мебурданд, зеро падар ӯро беш аз дигарон дӯст медошт, ва онҳо дар ниҳояти кор ӯро ба ғуломӣ фурӯхтанд.
– Натарсед, – гуфт Юсуф, – ман дар дил ба шумо кина надорам. Чунки акнун маълум шуд, ки Худо маро ба Миср пеш аз шумо фиристод, то ки шуморо ва бисёр касони дигарро аз гуруснагӣ наҷот диҳад. Вагар на ҳамаи мо аз боиси ин фалокат нобуд мешудем. Хушксолӣ фақат ду сол пеш сар шуд, ва он ҳафт сол давом мекунад. Аз он вақте ки шумо ба ин ҷо омадед, ман боварӣ ҳосил намудам, ки ин нақшаи Худо буд.
Ҳамаи бародарон беҳаракат меистоданд. Бародарашон, ки онҳо ба ӯ ин қадар бадӣ карданд, ҳозир чунин тавоно шудааст, ва тамоман намехоҳад аз онҳо қасос гирад?
Аммо Юсуф, оғӯш кушода, нидо кард:
– Бинёмин! Магар ту маро нашинохтӣ? Ман Юсуф, бародари ту ҳастам.
Ва ҳамин вақт Бинёмин сӯи Юсуф шитофт, онҳо якдигарро оғӯш карда аз хурсандӣ гиристанд. Монеа бартараф шуда буд. Яке паси дигар бародарон Юсуфро ба оғӯш мегирифтанд. Онҳо бовар кардан наметавонистанд, ки ҳамаи ин воқеаҳо ҳақиқат аст. Онҳо муддати зиёд бо якдигар сӯҳбат карданд – он қадар чизҳои бисёрро онҳо нақл кардан мехостанд!
Дар бораи бародарони Юсуф шунида, фиръавн ӯро назди худ ҷеғ зад.
– Ба бародарони худ бигӯ, бигузор онҳо бо аҳли оилаҳои худ дар кишвари ман зиндагӣ кунанд, то даме ки гуруснагӣ ба охир расад, ва агар хоҳанд, беш аз ин ҳам дар ин ҷо бимонанд. Ман ба бародарони ту аробаҳо медиҳам, то ки онҳо оилаҳои худро аз Канъон оварда тавонанд. Ва бигузор аз он чӣ дар он ҷо тарк карданашон лозим меояд, афсӯс нахӯранд, чунки дар ин ҷо ман ба онҳо ҳама чизро медиҳам!
Юсуф ба ӯ таъзим кард:
– Ту ба ман бисёр марҳамат мекунӣ, хоҷаам. Ба иҷрои фармонҳои ту мешитобам.
Рӯзи дигар бародарон ба Канъон барои овардани Яъқуб ва аҳли оилаҳо ва рамаҳои худ равона шуданд. Юсуф ҳанӯз муддати зиёд аз паси онҳо менигарист, то даме намоён буд, ки Бинёмин барои хайрухуш ба ӯ даст меафшонад.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволХоби Юсуф дар бораи бандҳо дар саҳро чӣ тавр иҷро шуд?
Чаро бародарон тарсиданд, ҳангоме ки дар халтаҳои онҳо ҷоми нуқрагинро ёфтанд?
Чаро Яъқуб иҷозат намедод, ки Бинёмин бо бародаронаш ба Миср равад?