
Аз байни обҳои баҳри сурх
Китоби Муқаддас, китоби Хуруҷ, бобҳои 13:20-22; 14; 15:1,22
“Ва Мусо ба қавм гуфт: «Ҳаросон нашавед! Истед ва наҷоти Парвардигорро бинед, ки онро Ӯ имрӯз барои шумо ба амал меоварад; зеро мисриёнро, ки имрӯз дидаед, дигар ҳаргиз намебинед. Парвардигор барои шумо ҷанг мекунад, ва шумо хомӯш бошед».
Ҳамин ки исроилиён рафтанд, фиръавн аллакай афсӯс хӯрд, ки ба онҳо иҷозати рафтан дод.
– Мо бояд ба онҳо расида гирем! – фармуд ӯ ба сарбозонаш. – Онҳоро бармегардонем ва сахт ҷазо медиҳем.
Бо аробаҳои дучарха, ки ба аспҳои тездав баста шуда буданд, бо ҳамроҳии камонандозон, ки дар аробаҳо дар бари ҷилавдорон меистоданд, мисриён ба таъқиб шитофтанд.
Банӣ Исроил ба замини Канъон рафтанд. Худи Худо ба онҳо роҳро нишон медод. Ӯ пешопеши онҳо дар сутуни абр мерафт, ки шабона он ба сутуни оташ табдил меёфт. Рӯзона абр онҳоро аз гармо ҳимоят менамуд, ва шабона роҳи онҳоро равшан мекард. Ҳангоме ки абр бозмеистод, он гоҳ бо фармони Мусо халқ хаймаҳо барафтошта истироҳат менамуд. Аммо ҳамин ки абр ба ҳаракат меомад, исроилиён боз ба роҳ медаромаданд.
Ҳамин тавр онҳо то баҳри Сурх расиданд ва дар соҳил хайма заданд. Ҳамин вақт онҳо аз пас садои сумҳои аспҳоро шуниданд. Ба тарафи Миср нигариста, онҳо дар дуродур фиръавн ва сарбозони зиёди ӯро бо аробаҳо ва аспҳо диданд. Фиръавн онҳоро таъқиб менамуд, то ки ба Миср баргардонад.
Онҳо чӣ кор карданашонро надониста, беҳаракат ба сӯи аробаҳои наздикшаванда менигаристанд. Чӣ бояд кард? Дар пеш баҳр буд, дар ақиб– фиръавн бо сарбозонаш. Исроилиён хеле тарсиданд ва Мусоро сарзаниш кардан гирифтанд:
– Чаро ту моро овардӣ, то дар биёбон бимирем? Дар ғуломии мисриён буданамон беҳтар аз он буд, ки дар ин ҷо бимирем.
Онҳо бо ин суханон ношукрӣ зоҳир намуданд, аммо Мусо онҳоро ором кард ва гуфт:
– Натарсед! Имрӯз мебинед, ки Худованд ба шумо ёрӣ медиҳад! Худованд барои шумо мубориза мебарад, ва шумо ором бошед!
Ва ҳамин вақт як чизи ғайримуқаррарӣ рӯй дод. Сутуни абр, ки дар давоми рӯз дар пеши бошишгоҳи исроилиён истода, ба онҳо роҳро нишон медод, бархест ва дар байни исроилиён ва лашкари мисриён ҷойгир шуд. Мисриён ногоҳ дар пеши худ девори ғафси абрро диданд. Онҳо чӣ кор карданашонро надонистанд, ва фиръавн фармуд, ки то рафтани абр сабр кунанд.
Ин абр аз тарафи мисриён ҳар қадар торик бошад, аз тарафи исроилиён он роҳро ҳамон қадар бештар равшану мунаввар менамуд. Тарси исроилиён камтар шуд. Аммо акнун онҳо бояд чӣ кунанд? Ҳама ба Мусо менигаристанд, ва он гоҳ Худо ба ӯ гуфт:
– Асоятро бардошта дастатро сӯи баҳр дароз кун, ва исроилиён аз байни баҳр бар хушкӣ мегузаранд.
Мусо дар соҳили баҳр бархест ва дасташро бар об бардошт. Баҳр ба ҷӯшу хурӯш омад, шамол бархест, ки торафт сахттар ва сахттар мешуд. Он чунон сахт мевазид, ки обро як тараф ронд. Дар байни баҳр роҳи васеи хушкӣ намудор шуд. Ниҳоят дар пеши онҳо гузаргоҳ ба вуҷуд омад, ки дар ду тарафи он об чун деворе меистод, ки онро бод нигоҳ медошт. Худо муъҷиза ба амал овард! Ба исроилиён мардонагӣ баргашт. Мусо аввалин шуда ба қаъри намноки баҳр қадам гузошт, ва ҳамаи онҳо аз пайи ӯ рафтанд.
Ҳангоме ки абр оҳиста аз пеши мисриён баланд шуд, онҳо шитобон аспҳои худро ронданд. Дар байни баҳр роҳеро дида, онҳо ба сӯи он шитофтанд. Ба зудӣ чархҳои аробаҳои онҳо дар реги тар маҳкам мондан гирифт, аммо фиръавн бо исрор лашкари худро ба пеш меронд. Дар ин вақт ҳамаи исроилиён аллакай ба соҳили дигар расиданд. Мусо ба баҳр рӯ оварда, асояшро бар он поён кард. Шамол дарҳол вазиданро бас кард, ва оби баҳр дарҳол ба ҷояш баргашт. Исроилиён бо тарс ба баҳр менигаристанд. Мисриён аллакай намоён набуданд, фақат як чанд шикастапораҳои аробаҳо дар об шино мекарданд.
Ҳамаи исроилиён хурсанд шуданд ва ҳамроҳи Мусо суруди тантанавӣ хонданд. «Худованд қалъаи ман ва ҷалоли ман аст. Ӯ маро наҷот бахшид. Ӯ Худои ман аст, аз ҳамин сабаб ман Ӯро ҳамеша ҷалол хоҳам дод!»
Саволҳо барои муҳокима
3 саволЧаро мисриён ба таъқиби исроилиён шитофтанд?
Худованд лашкари фиръавнро чӣ тавр боздошт?
Чӣ тавр Худованд баҳрро маҷбур намуд, ки барканор шавад?