
Манн ва сахра
Китоби Муқаддас, китоби Хуруҷ, бобҳои 16; 17:1-7
«Ва тамоми ҷамоати банӣ-Исроил дар биёбон аз Мусо ва Ҳорун шикоят карданд... Зеро моро ба ин биёбон берун овардед, то... аз гуруснагӣ кушед. Ва Парвардигор ба Мусо гуфт: «Инак, Ман барои шумо нон аз осмон меборонам».
Исроилиён дар биёбон роҳ рафта, дар назди чашмаҳои об боз истоданд,ки аз онҳо одамон ва ҳайвонҳо об нӯшида метавонистанд. Дар он ҷо ҳамчунин нахлҳои хурмо мерӯиданд, ки ҳангоми истироҳат ба онҳо соя медоданд. Баъд онҳо ба пеш, ба биёбони Син равона шуданд.
Бо худ аз Миср онҳо фақат каме нон гирифта буданд, ки онро ба зудӣ хӯрда тамом карданд. Акнун онҳо чӣ кор кунанд? Онҳо бояд аз Худо хӯрданӣ дархост мекарданд. Ӯ онҳоро дӯст медошт ва наметавонист роҳ диҳад, ки онҳо аз гуруснагӣ муранд. Аммо исроилиён, ки ба Худо боварӣ намуданро наомӯхта буданд, шиква кардан гирифтанд. Онҳо назди Мусо ва Ҳорун рафта гуфтанд:
– Кошки мо дар замини Миср мемурдем. Дар он ҷо мо гӯшти бисёр доштем, ва то сер шудан нон мехӯрдем; дар ин ҷо бошад мо аз гуруснагӣ мемурем. Шумо моро ба ин биёбон баровардед, то ки аз гуруснагӣ кушед.
Онҳо ба Худо ва ба Мусо ин қадар ношукр буданд! Он гоҳ Худо ба Мусо гуфт:
– Ман суханони исроилиёнро шунидам, ва Ман ба онҳо хӯрданӣ медиҳам.
Пагоҳии рӯзи дигар, ҳангоме ки исроилиён аз хаймаҳои худ баромаданд, онҳо диданд, ки замин сафед шудааст. Мусо бошад ба онҳо гуфт:
– Инак ноне ки Худо аз осмон фиристод: онро ҷамъоварӣ карда, ба хаймаҳои худ баред.
Исроилиён ҷамъ кардани ин нони осмониро (маннро) сар карданд, ва он барои ҳама кифоя буд. Худо онро пагоҳии барвақт мефиристод, ва исроилиён бояд пагоҳии барвақт онро ҷамъоварӣ мекарданд, чунки он дар офтоб об мешуд.
Мусо ба онҳо гуфт:
– Маннро захира накунед, чунки Худо онро ҳар рӯз ба шумо мефиристад.
Аммо баъзе аз исроилиён ба Мусо гӯш накарданд ва маннро барои рӯзи дигар нигоҳ доштанд. Аммо ҳангоме ки онҳо пагоҳӣ хостанд ин маннро хӯранд, ошкор намуданд, ки дар он кирмҳо пайдо шудаанд, аз ҳамин сабаб маҷбур шуданд онро партоянд.
Ба зудӣ пас аз ин онҳо ба норасоии об дучор шуданд. Дар биёбон на дарё буд, на кӯл, аммо Худо наметавонист роҳ диҳад, ки онҳо аз ташнагӣ муранд.
Исроилиён боз назди Мусо омаданд ва ӯро таъна задан гирифтанд:
– Чаро ту моро аз Миср баровардӣ? Оё барои он ки фарзандон ва чорвоямонро дар биёбон аз ташнагӣ ҳалок кунӣ?
Онҳо он қадар хашмгин шуда буданд, ки тайёр буданд Мусоро сангсор кунанд. Аммо Мусо бо ин эҳтиёҷ боз ба Худо муроҷиат намуд.
– Ман бо ин халқ чӣ кунам? – гуфт ӯ.
Он гоҳ Худо ба Мусо гуфт:
– Асоятро бигир, ба теппа баро, ва бигузор ягон кас аз халқ бо ту равад. Баъд, ҳангоме ки ту ба худи сахра наздик мешавӣ, онро бо асоят бизан ва аз он ҷо об ҷорӣ мешавад.
Мусо сахраро бо асояш зад, ва аз он оби тоза ҷорӣ шуд. Ин барои халқи аз ташнагӣ хасташуда то чӣ андоза дилписанд буд! Лабҳои онҳо хушк шуда буданд, забон ва гулӯяшон аз ташнагӣ месӯхтанд, аммо акнун онҳо метавонистанд ҳар қадаре ки хоҳанд, об нӯшанд, ба кӯзаҳо об гиранд, ва низ ба тамоми чорво об диҳанд.
Дар давоми тамоми вақте ки халқи Исроил дар биёбон буд, Худо онро тарк намекард, агарчи одамон бисёр вақт шиква мекарданд ва ба Ӯ боварӣ надоштанд.
Саволҳо барои муҳокима
5 саволБиёбон чӣ гуна маҳал буд?
Исроилиён чӣ кор карданд, ҳангоме ки гуруснагиро эҳсос намуданд?
Чӣ тавр Худо онҳоро сер кард?
Чаро манн вайрон шуд, ҳангоме ки онро барои рӯзи дигар захира карданӣ буданд?
Исроилиён чӣ карданд, ҳангоме ки обашон тамом шуд?, Аз куҷо Худо ба онҳо об дод?