
Офариниши олам
Китоби Муқаддас, китоби Ҳастӣ, бобҳои 1, 2
Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид…
Дар ибтидо фақат Худо буд ва дигар ҳеҷ чиз набуд. Торикии пурра буд, ҳеҷ хел рӯшноӣ набуд. Ва инак Худо қарор дод, ки инро тағйир диҳад– Ӯ осмон ва заминро офарид. Офаридан – аз ҳеҷ чиз ягон чиз сохтан, ба вуҷуд овардан аст. Ҳеҷ як инсон ин корро карда наметавонад – фақат Худо метавонад! Аз ҳамин сабаб мо Худоро Офаридгор меномем. Дар Китоби Муқаддас – Китоби Худо, ки онро Ӯ ба одамон дод, нақл карда мешавад, ки ин чӣ тавр буд.
Дар рӯзи якум Худо гуфт: «Рӯшноӣ шавад», ва рӯшноӣ шуд. Баъд Ӯ рӯшноиро аз торикӣ ҷудо кард ва рӯшноиро рӯз номид, ва торикиро – шаб. Рӯз ва шаб якдигарро иваз кардан гирифтанд, чунон ки имрӯз ҳам ин чиз рӯй медиҳад.
Дар рӯзи дуюм Худо фазоро бар об офарид (ҳозир мо онро атмосфера меномем) ва онро осмон номид. Худо дар бораи он ғамхорӣ намуд, ки як қисми об дар поён – дар замин бошад ва қисми дигар – дар осмон – дар абрҳо. Баъд Худо тамоми фазоро бо ҳаво пур кард, ки мо ҳозир ҳам онро нафас мекашем.
Дар рӯзи сеюм аз рӯйи сухани Худо аз зери об хушкӣ намоён шуд; ва тамоми об дар ҷойҳои чуқур, ки Худо барои ин тайёр карда буд, ҷамъ шуд. “Ва Худо хушкиро замин номид, ва маҷмӯи обҳоро баҳрҳо номид”. Аммо Худо медид, ки замин холӣ ва бенамуд буд. Аз ҳамин сабаб Ӯ гуфт: “Аз замин алаф, буттаҳо ва дарахтон бирӯянд”. Ва дарҳол растаниҳои бисёре пайдо шуданд. Ҷаҳон рангин ва зебо шуд! Растаниҳо тухмӣ медоданд ва аз онҳо растаниҳои нав мерӯиданд. Ва дар меваҳои дарахтон донаҳое буданд, ки аз онҳо дарахтони нав мерӯиданд.
Дар рӯзи чорум Худо фармуд, ки офтоб, моҳ ва ситораҳо пайдо шаванд. Худо чунин кард, ки офтоб ҳар саҳар мебаромад ва ҳар бегоҳ ғуруб мекард, чунки Ӯ хост, ки дар замин ҳамеша рӯшноӣ бошад. Шабона, ҳангоме ки мо мехобем, торик мешавад. Аммо бо амри Худо моҳ ва ситораҳо шабона нур медиҳанд, бинобар ин шабона ҳам ҳеҷ гоҳ тамоман торик намешавад. Дар осмон он қадар ситораҳои бисёр ҳастанд, ки мо онҳоро ҳисоб кардан ҳам наметавонем. Акнун, офтоб ва моҳро мушоҳида намуда, рӯзҳо, моҳҳо ва солҳоро ҳисоб кардан осон буд. Ҳамин тавр Худо вақтро ба тартиб овард ва ҳамааш мувофиқи тартиби андешидаи Ӯ шуд.
Дар рӯзи панҷум Худо офаридани мавҷудоти зиндаро сар кард. Ӯ гуфт: «Об аз мавҷудоти зинда пур шавад!» Ва чунин шуд. Худо наҳангҳои бузургро офарид, ки ба осонӣ шино мекарданд. Ӯ моҳиёни калон ва хурдро офарид, ки бо суръати баланд дар об шино мекарданд. Дар он ҷо ҳамаи ҷонварони дигар низ буданд, то ҷонварони хурдтарин, ки дар об зиста метавонанд. Худо он қадар мавҷудоти зиёдро офарид, ки ҳисоб кардани онҳо ғайриимкон аст!
Ҳаво бо садоҳо ва ҳаёт пур шуд. Худо ҳамаи навъҳои паррандагон, ҳазорон паррандагонро офарид. Ва онҳо дар осмони нилгун бар сабзазорҳои зебо парвоз мекарданд, бар дарахтон ва ба замин менишастанд, то ки истироҳат кунанд ва ғизо пайдо намоянд. Ва Худо ҳамаи ҷонваронро баракат дод ва гуфт: «Борвар ва афзун шавед!» Ӯ мехост, ки ҳамаи моҳиён, ҳайвонот ва паррандагон насли худро дошта бошанд. Ва дар рӯйи замин, дар ҳаво ва дар об ҳаёт ба ҷӯшу хурӯш даромад. Ҳамин тавр рӯзи панҷум гузашт.
Ва рӯзи шашум фаро расид. Худо дар бораи он ғамхорӣ намуд, ки дар рӯйи замин боз ҳам бештар ҷонварон пайдо шаванд: чорво, кирмҳо, ҳайвонҳои саҳро. Говҳо, аспҳо, хукҳо, филҳо, палангон ва шерон, маймунҳо ва бисёр дигар ҳайвонҳо дар зери офтоб ҷойи худро пайдо карданд. Боз морҳо ва дигар хазандагон пайдо шуданд. Ва ҳеҷ як ҷонвар ба якдигар монанд набуданд.
Ҳамин тариқ, Худо ҳамаи корҳои Худро қариб ба охир расонд. Осмон ва замин, офтоб, моҳ ва ситораҳо, растаниҳо ва дарахтон, моҳиён ва парандагон, ҷонварони обӣ ва дар хушкӣ мезиста пайдо шуданд. Рӯйи замин ба таври олидараҷа зебо шуда буд! Аммо Худо дид, ки боз чизе намерасад. «Мехоҳам инсонро ба вуҷуд оварам», – гуфт Ӯ. «Ӯ, ба монанди ҳайвонҳо, чашмон, гӯшҳо ва пойҳо хоҳад дошт ва ӯ аз тухмиҳо ва меваҳои растаниҳо хоҳад хӯрд, мисли он ки ҳайвон бошад. Аммо ба ҳар ҳол ӯ бояд тамоман дигар бошад – монанди Ман. Ӯ бояд фикр карда тавонад, зеро ин барои фаҳмидани ҷаҳон ба ӯ даркор мешавад. Ӯ бояд гап зада тавонад. Ва пеш аз ҳама ӯ бояд ба Ман боварӣ кунад ва Маро дӯст дорад. Он гоҳ мо бо ҳам дӯст мешавем».
Ва Худо гуфт: «Инсонро ба сурат ва шабоҳати Худ меофарем!»
Дар аввал Худованд Худо мардро офарид, ӯро аз хоки замин ба вуҷуд овард. Аммо баъд Офаридгор нафаси Худро ба ӯ дамида, ба ӯ ҳаёт ва ақл дод. Акнун инсон метавонист на танҳо роҳ равад, хӯрад ва хоб равад, чунон ки ҳайвонҳо мекунанд, балки ҳамчунин метавонист фикр кунад. Ӯ метавонист дар бораи худ ва дар бораи ҷаҳони атроф фикр кунад. Ӯ шодӣ кардан ва хандидан, ғамгин шудан ва гиря карда метавонист, ӯ метавонист на танҳо гузаштаро ба ёд оварад, чунон ки баъзе ҳайвонҳо метавонанд, балки дар бораи он чи дар оянда рӯй медиҳад, фикр карда метавонист. Ва ӯ дар бораи Офаридгори худ фикр карда метавонист. Инсон ҳамин тавр мекард ва ошкор намуд, ки Худо ӯро дӯст медорад ва ӯ аз ин хеле шод буд. Инсони аввалин Одам ном дошт.
Ва Худованд Худо дар Адан боғе шинонд ва Одамро дар он сокин намуд. Ин биҳишт буд! Аз Адан дарёе барои обёрӣ кардани биҳишт ҷорӣ мешуд, ки ба чор шохоб ҷудо мешуд: Фишӯн, Ҷайҳун, Даҷла ва Фурот. Худованд ба Одам фармуд, ки боғро нигоҳубин кунад. Чунин меҳнат барои одам вазнинӣ намекард, балки ба ӯ хурсандӣ меовард. Охир, Худо ба ӯ қувват, ақл ва тахайюлот дод, то ки ин заминро ҳифз намояд. Ва боз Худо ба ӯ фармуд, ки барои ҳамаи ҳайвонҳо номҳо фикр карда барорад. Одам инро иҷро намуд. Ӯ хеле қаноатманд буд, ки ба ҳамаи мавҷудоти зинда ном дода тавонист. Аммо ба ҳар ҳол ӯ андаке ғамгин буд. Боре, ҳангоме ки Одам дароз кашид, то ки аз кори худ истироҳат кунад, ӯ дар ин бора фикр кард: «Худо ба ман бисёр чизҳои хуб додааст. Пас, Ӯ маро дӯст медорад. Эҳтимол Худо медонад, ки бо вуҷуди ҳамаи он чи дар атрофам ҳаст, ман худро танҳо ҳис мекунам». Одам бо ин фикр ба хоби сахт рафт.
Вақте ки ӯ бедор шуд, аз ҳайрат чашмонашро молидан гирифт. Дар назди ӯ зан истода буд. «Акнун ман танҳо нестам – дар назди ман зан аст, ки дар хусуси вай ман ин қадар орзу мекардам! То чӣ андоза хуб аст, ки Худо ба ман занеро дод! – фикр кард ӯ. – Ман ҳамеша ҳамроҳи вай хоҳам буд. Ва ин ба мо хушбахтии бисёр меоварад».
Одам ва Ҳавво дар боғ бисёр сайру гашт намуда, доимо барои худ як чизи навро кашф мекарданд. Фақат дар миёнаҷои боғ онҳо боэҳтиёт буданд. Дар он ҷо ду дарахти пурасрор буданд. Худи Худо ба ин дарахтон ном дода буд. Яке «дарахти ҳаёт» ном дошт ва дигарӣ – «дарахти донистани неку бад». Ва Худо аз меваи дарахти “донистани неку бад” хӯрданро манъ карда буд. Одамон хушбахт буданд. Худо дид, ки Одам ва Ҳавво якдигарро мефаҳманд ва дӯст медоранд ва Ӯ аз ин қаноатманд буд.
Рӯзи шашум бо ҳамин ба охир расид.
Ҳангоме ки Худо ҳамаи корҳои Худро ба ҷо овард, Ӯ дид, ки ҳамаи он чи Ӯ кардааст, хеле хуб аст. Ӯ аз офаридаҳояш хеле қаноатманд буд. Ҳама чиз олидараҷа буд. Рӯшноӣ зиёд буд, ҳаво бӯйи муаттар дошт, замин зебо ва бо растаниҳои зебо пӯшонида шуда буд. Нури офтоб рӯзона осмонро мунаввар менамуд, ва дурахши олидараҷаи моҳ шабро оро медод. Паррандаҳо, ҳайвонҳо ва ҳамаи мавҷудоти зинда безарар ва шод буданд, аммо Одам ва Ҳавво аз ҳамаи онҳо хурсандтар буданд, чунки онҳо бо якдигар ва бо Худо муошират мекарданд, ва Ӯро ситоиш менамуданд.
Дар рӯзи ҳафтум Худо ҳеҷ чиз наофарид, Ӯ аз ҳамаи корҳои худ истироҳат кард. Ва Худо ин рӯзро баракат дод ва муқаддас намуд. Ҳамин тавр рӯзи истироҳат рӯзи махсус шуд. Дертар Худованд ба халқи Худ фармуд, ки дар рӯзи ҳафтум, яъне дар рӯзи охирини ҳафта аз меҳнатҳои худ истироҳат кунад. Минбаъд дар ин рӯз ҳамаи имондорон бояд дар бораи Офаридгори худ фикр кунанд, Ӯро ситоиш намоянд ва ба Ӯ хизмат кунанд.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволЧаро Худо Офаридгор номида мешавад?
Оё фариштаҳо ё одамон аз ҳеҷ чиз ягон чиз офарида метавонанд?
Офаридаи асосии Худо кадом аст?