Қобил ва Ҳобил

Қобил ва Ҳобил

Китоби Муқаддас, китоби Ҳастӣ, боби 4

Ва чун некӣ накардӣ, гуноҳ назди дар аст…

Пас аз ронда шудан Одам ва Ҳавво берун аз боғ зиндагӣ мекарданд. Онҳо соҳиби ду писар шуданд – Қобил ва Ҳобил. Ба онҳо лозим меомад, ки чун падарашон Одам, меҳнати вазнин кунанд. Қобил заминро коркард менамуд, Ҳобил чӯпони гӯсфандон буд.

Акнун Худо назди одамон намеомад ва бо онҳо сӯҳбат намекард, чунон ки Ӯ дар боғи биҳишт мекард. Аммо гоҳ-гоҳ Ӯ ҳанӯз ҳам бо одамон гап мезад ва ба онҳо имкон медод, ки бо дархостҳояшон ба Ӯ муроҷиат кунанд.

Боре Қобил ва Ҳобил қарор доданд, ки ба Худо қурбонӣ оваранд. Қобил ҳадияи худро аз самари замин овард. Ҳобил бошад бар қурбонгоҳи худ барраи беҳтаринро гузошт. Худованд Худо қурбонии Ҳобилро қабул кард, аммо қурбонии Қобилро қабул накард. Барои Худо муҳим аст, ки одам бо чӣ гуна дил назди Ӯ меояд. Дили Қобил дуруст набуд. Ӯ хеле хашмгин шуд. Чеҳрааш тамоман тира шуд. Ӯ ба бародараш ҳасад мебурд.

Худо дили Қобилро медид ва ба ӯ имкон дод, ки фикр кунад ва бадиро ба дилаш роҳ надиҳад. Худо аз ӯ пурсид: «Бо ту чӣ рӯй додааст? Ба дилат нигоҳ кун, он дар хатар аст. Бадӣ ба ту наздик шудааст, аммо ту онро ба дарун роҳ надеҳ». Аммо Қобил гӯш накард. Ӯ Худоро на он қадар дӯст медошт, ки Ҳобил дӯст медошт. Ӯ фақат худро дӯст медошт.

Ва ҳар қадар бештар дар бораи Ҳобил фикр кунад, ҳамон қадар бештар ӯро бад медид. Ва инак воқеаи даҳшатовар рӯй дод. Боре, ҳангоме ки онҳо дар саҳро буданд, Қобил ба бародараш дарафтод ва ӯро кушт. Хуни Ҳобил заминро оғушта кард. Ҳобил дар замин аввалин одаме буд, ки мурд. Ҳамин тавр нафрати Қобил боиси куштани бародараш шуд.

Баъди чанде Қобил овози Худоро шунид, ки мегуфт:

– Бародарат Ҳобил куҷост?

– Намедонам, – ҷавоб дод Қобили бадкор, – магар ман посбони бародарам ҳастам?

Аммо Худо гуфт:

– Ман дар замин хуни рехтаи бародаратро дидам. Барои ин Ман туро ҷазо медиҳам, чунки ту ба гуноҳ имкон додӣ, ки туро фаро гирад. Ту хонаатро тарк карда ба ғарибӣ меравӣ, то охири умрат оворагард мешавӣ, ва дар ҳеҷ ҷой оромӣ намеёбӣ.

Ва Қобил он ҷоеро, ки Худо бо ӯ гап мезад, тарк карда, рафт.

Ҳамин тавр Одам ва Ҳавво ҳар ду писари худро аз даст доданд, чунки Қобил аз онҳо дур рафт, Ҳобил бошад мурд. Тасаввур кардан мумкин аст, ки чӣ тавр онҳо барои Ҳобил мотам гирифтанд! Аммо, эҳтимол онҳо дар бораи бадкории Қобил фикр карда, боз бештар мегиристанд. Чаро онҳо ба шайтон гӯш дода,

меваи манъшударо хӯрданд? Агар онҳо онро намехӯрданд, ҳеҷ гоҳ хушбахтии муошират бо Худо ва зиндагӣ дар боғи Аданро аз даст

намедоданд, Қобил бадкор намешуд, ва Ҳобил зинда мемонд.

Дертар Қобил оиладор шуд ва соҳиби фарзандони бадкор ва сангдил гардид, ки Худоро дӯст намедоштанд ва ба Ӯ итоат намекарданд. Аммо Худо ба Одам ва Ҳавво раҳм кард ва ба онҳо боз писаре дод, ки ба Худо вафодор буд; номи ӯ Шет буд. Барои Одам ва Ҳавво ин хеле муҳим буд, чунки онҳо мефаҳмиданд, ки аз насли Қобил Наҷотдиҳанда пайдо шуда наметавонад. Фарзандони Шет Худоро дӯст медоштанд.

Ҳамин тавр ду насли одамон дар замин зиндагӣ мекарданд: фарзандони Қобил ва фарзандони Шет.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Чаро Худо қурбонии Ҳобилро қабул кард, аммо қурбонии Қобилро қабул накард?

  2. Қобил чӣ кор кард ва чаро?

  3. Чаро муҳим буд, ки Шет таваллуд шавад?

3. Қобил ва Ҳобил00:00 / 07:12