Гуноҳкор шудани одам

Гуноҳкор шудани одам

Китоби Муқаддас, китоби Ҳастӣ, боби 3

Ва Парвардигор Худо ба Одам хитоб карда, гуфт: "Куҷоӣ ту?"

Ҳангоме ки Худо осмонро офарид, Ӯ ҳамчунин фариштаҳоро офарид. Онҳо дар осмон дар назди Худо мезистанд ва ба Ӯ хизмат мекарданд.

Боре яке аз онҳо зидди Худо бархест, чунки хост ба монанди Офаридгори худ тавоно бошад. Бисёр фариштаҳо дар ин исён иштирок карданд. Ва он гоҳ Худо онҳоро аз осмон ба торикие, ки асфалуссофилин ном дорад, партофт. Ин фариштаи афтода номи иблис ё шайтонро гирифт ва сарвари ҳамаи фариштаҳои исёнкарда буд. Шайтон медонист, ки агар Одам ва Ҳавво гуноҳ кунанд, мемуранд ва ба дӯзах меафтанд. Шайтон одамонро бад медид ва мехост онҳоро аз муошират бо Худо маҳрум кунад. Ва ба сари ӯ фикре омад: «Ман кӯшиш менамоям онҳоро розӣ кунонам, ки аз дарахт меваеро, ки хӯрдани онро Худо ба онҳо манъ кардааст, хӯранд». Шайтон шакли морро гирифта ба боғи Адан даромад...

Ва инак боре Ҳавво дар боғ сайру гашт мекард ва назди дарахти дониши неку бад омад. Дар назди он истода, Ҳавво овозеро шунид:

– Ҳавво!

Ӯ тарсид: «Ин кист, ки бо ман гап мезанад?» Ва ногоҳ ӯ дар наздаш морро дид.

– Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз меваи ҳамаи дарахтони боғ нахӯред? – пурсид мор.

– Не, Ӯ ин тавр нагуфтааст, – ҷавоб дод Ҳавво. – Аз меваи дарахтони боғ хӯрда метавонем, фақат меваи ин дарахтро хӯрданамон мумкин нест. Вагар на, мо мемурем.

– Шумо намемуред, – гуфт мор. – Худо фақат барои он чунин гуфт, ки шумо ба он даст нарасонед. Ӯ медонад, ки агар шумо аз он хӯред, аз ҳозира дида хеле донотар мешавед. Шумо чун Худо мешавед ва чӣ будани неку бадро мефаҳмед.

Ҳавво ба меваҳои дарахти манъшуда нигоҳ мекард. Ӯро фикре фаро гирифта буд, ки ҳамин хел осон ба Худи Худо монанд шудан мумкин аст. Ӯ бо эҳтиёт ба яке аз меваҳо даст расонд. Ҳеҷ чиз рӯй надод. Он гоҳ ӯ меваро канда, онро газид. Ҳавво намурд! Мева ҳатто хушмаза буд. Ҳамин вақт Одам назди ӯ омад.

– Ма, Одам, ту ҳам хӯрда бин, – гуфт Ҳавво. – Ман аз меваи манъшуда хӯрда дидам ва чунон ки мебинӣ, зинда мондам!

Одам вақтро нагузаронда, аз мева хӯрд. Ҳеҷ кадоми онҳо намурд. Ба ҳар ҳол дарҳол намурд. Аммо ҳамон замон чизе тағйир ёфт, чунки ба ҷаҳон марг омад ва ба дили одамон бадӣ ва гуноҳ дохил шуд. Гуноҳ – беитоатӣ ба Худо, вайрон кардани фармонҳои Ӯст. Марг – ҷазо барои гуноҳ аст. Ҳамин тавр хушбахтии одамон ба охир расид. Иблис маҳз ҳаминро мехост. Ва ногоҳ Одаму Ҳавво пай бурданд, ки луч ҳастанд ва аз якдигар шарм медоштагӣ шуданд. Баргҳои анҷирро канда, онҳо ба худ либос сохтанд. Онҳо фикр карданд, ки чӣ тавр ба худ ёрӣ расонданро медонанд, аммо ба ҳар ҳол чизе онҳоро осуда намегузошт. Онҳо дар изтироб буданд, онҳоро ҳиссиёте фаро гирифт, ки то ҳол барояшон шинос набуд – ҳисси айбдорӣ.

Худо ба боғ омад. Одам ва Ҳавво омадани Худоро фаҳмида, дар байни дарахтони боғи биҳишт пинҳон шуданд. Пештар Худо Дӯсти онҳо буд, аммо акнун онҳо аз Ӯ метарсиданд. Гуноҳ муносибати олидараҷаи байни одам ва Худоро вайрон кард. Пештар онҳо бо боварии пурра ва муҳаббат назди Худо меомаданд, аммо акнун лозим меомад, ки пинҳон шаванд.

Худо наздик мешуд. Ва инак Ӯ бо овози баланд ҷеғ зад:

– Одам, куҷоӣ ту?

Ӯ на аз он сабаб ҷеғ зад, ки Одамро ёфта наметавонист, охир, Худо ҳама чиз ва ҳама касро мебинад. Ӯ барои он ҷеғ зад, ки Одам ва Ҳавво фаҳманд, ки Худо онҳоро ҷустуҷӯ дорад.

– Ман дар ин ҷо! – ҷавоб дод Одам. Ва аллакай ба Худо ҷавоб дода, ӯ дар бораи он фикр кард, ки аз Ӯ пинҳон шудан чӣ гуна аблаҳона аст. – Ман овози Туро шунидам ва тарсидам, чунки ман луч ҳастам.

– Кӣ ба ту гуфт, ки ту луч ҳастӣ? – пурсид Худо аз ӯ. – То ҳол ту аз ин хиҷолат намекашидӣ. Шояд, ту аз меваи дарахти манъшуда хӯрда бошӣ?

Одам ҷуръат надошт ба Худо нигоҳ кунад.

– Зане ки ба ман додӣ, аз он мева ба ман дод, – оҳиста ҷавоб дод

ӯ.

– Чаро ту ин корро кардӣ? – пурсид Худо аз Ҳавво.

– Мор бисёр чизҳоро ваъда дода, маро фиреб кард, – худро ҳимоя карда, гуфт Ҳавво. – Ман ба фиреби ӯ дода шудам.

Он гоҳ Худо ба мор гуфт:

– Барои он коре, ки кардӣ, туро лаънат мегӯям! Одамон тамоми айёми умрат душманони ту мешаванд. Аммо рӯзе Касе меояд, ки туро мағлуб мекунад!

Одам ва Ҳавво он чиро, ки Худо гуфт, нафаҳмиданд. Онҳо намедонистанд, ки дертар Худо барои мағлуб кардани бадӣ Наҷотдиҳандаро мефиристад.

«Акнун онҳо медонанд, ки некӣ чист ва бадӣ чист, – фикр кард Худо. – Одамон монанди Ман будан мехоҳанд, аммо онҳо беҳад нотавон ҳастанд, то ки ба бадӣ муқобилат кунанд. Аз ҳамин сабаб Ман намехоҳам, ки онҳо дафъаи дигар аз меваи дарахти ҳаёт низ хӯранд».

– Акнун лозим меояд, ки аз боғ равед, – гуфт Худо ба Одам ва Ҳавво. – Ту, Ҳавво, фарзанддор мешавӣ, аммо онҳо ба дунё омада, ба ту дард мерасонанд. Ва ба ту, Одам, лозим меояд, ки меҳнати вазнин кунӣ, то ки худро ва аҳли оилаатро хӯронӣ. Дар киштзорҳои ту хорҳо ва алафҳои бегона мерӯянд ва ту то дами марг осудагиро намебинӣ. Ва баъд ҷисми ту ба хок бармегардад, чунки ту аз хок офарида шудаӣ.

Пеш аз он ки одамон биҳиштро тарк кунанд, Худо аз пӯсти ҳайвонҳо барои онҳо либос сохт. Ҳамин тавр Худо дар ҳаққи одамон ғамхорӣ менамуд, агарчи онҳо ба Ӯ беитоатӣ карданд ва аллакай наметавонистанд дар назди Ӯ зиндагӣ кунанд.

Ҳамин тариқ, Одам ва Ҳавво аз биҳишт ронда шуданд. Худо Каррубиеро бо шамшери оташин барои посбонии боғ ва дарахти ҳаёт гузошт. Акнун одамон берун аз боғи олидараҷаи Адан буданд. Аммо… Худо ваъда дод, ки ба онҳо Наҷотдиҳандаро мефиристад!

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Одам ва Ҳавво аз меваи кадом дарахт набояд мехӯрданд?

  2. Кӣ ба Ҳавво маслиҳат дод, ки аз меваи ин дарахт нахӯранд?

  3. Худо ба Одам ва Ҳавво чӣ ваъда дод?

2. Гуноҳкор шудани одам00:00 / 11:57