Сухан ба волидон

Сухан ба волидон

Волидони азиз!

Шумо дар даст Китоби Муқаддас барои кӯдаконро доред! Қиссаҳо аз Навиштаи Муқаддас, ки дар он тасвир ёфтаанд, имконияти олидараҷа барои шиносоӣ бо Каломи Худо ва таърихи масеҳият мебошад.

Чунон ки маълум аст, кӯдакон барои дарки на танҳо олами атроф,балки ҳамчунин барои ҳақиқатҳои рӯҳонӣ, ки дар Каломи Худо навишта шудаанд, хеле таъсирпазир ва кушода мебошанд. Ҳозир, ҳангоме ки онҳо бо шумо ҳастанд, имконияти бо онҳо хондани ҳикоятҳои Китоби Муқаддасро аз даст надиҳед, то ки дар оянда онҳо хоҳиш пайдо кунанд, ки бо сарманбаи он – бо Китоби Муқаддас шинос шаванд, ки он ҳатман ба ҳаёти онҳо таъсири нек мерасонад.

Китобе ки дар дасти шумост, ҳикоятҳоро дар бар мегирад, ки онҳоро ҳар як кӯдак бояд донад. Хониши мунтазами Китоби Муқаддас ва дуо барои тарбияи дурӯсти кӯдакон аҳамияти зиёд доранд. Барои ин вақт пайдо намоед! Кӯдакони худро дар рӯҳияи муҳаббат тарбия намоед, ба онҳо аз хурди яшон арзишҳои масеҳиро омӯзонед.

Боварӣ дорем, ки Худо барои дуруст тарбия кардани кӯдаконатон ёрӣ медиҳад ва ба онҳо мадади даркориро мерасонад, натанҳо ҳозир,балки дар оянда низ.

Мо дуо мегӯем, то ки фарзандони шумо аз хурдӣ Ҳақиқатро фаҳманд – ба воситаи хониши Навиштаи Муқаддас, ки метавонад онҳоро хирадманд кунад ва боиси наҷот ёфтани онҳо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ гардад!

Бо муҳаббат ва дуо дар ҳаққи шумо, кормандони миссияи Китоби Муқаддас.

Сухан ба волидон00:00 / 02:31