
Тӯфон
Китоби Муқаддас, китоби Ҳастӣ, бобҳои 6-9
Аммо Нӯҳ дар назари Парвардигор марҳамат ёфт…
Одам ва Ҳавво насли зиёд доштанд. Ҳангоме ки Одам, Ҳавво, Қобил ва Шет мурданд, дар замин аллакай одамони бисёре буданд. Дар он замон одамон умри зиёд медиданд ва то пиронсолӣ саломатӣ ва қувваташонро нигоҳ медоштанд. Одам 930 сол зиндагӣ кард, Шет – 912 сол, Матушолаҳ, писари Ҳанӯх, 969 сол умр дид. Дар бораи ин одамон мо қариб ҳеҷ чиз намедонем, ғайр аз Ҳанӯх. Дар бораи ӯ мо мехонем, ки ӯ росткор буд ва бо хушнудӣ ба Худо хизмат мекард. Ҳангоме ки Ҳанӯх 365-сола шуд, Худо ӯро аз замин гирифт, яъне Ҳанӯх намурд ва дафн карда нашуд, балки зинда назди Парвардигор ба осмон бурда шуд. Писари ӯ Ломак писардор шуд ва номи ӯро Нӯҳ гузоштанд (ин ном маънои «осудакунанда»-ро дорад), чунки волидон дар ӯ тасаллоро дар меҳнатҳои худ медиданд.
Дар замони Нӯҳ авлоди Шет чун авлоди Қобил рафтор мекардагӣ шуданд: онҳо Худовандро фаромӯш карданд ва бисёр бадӣ мекарданд. Онҳо фикр намекарданд, ки Худо гуноҳҳояшонро мебинад. Одамон бо ҳасад, нафрат ва рақобат фаро гирифта шуда буданд ва зидди якдигар мубориза мебурданд. Бисёрии онҳо дар бораи Худо ҳеҷ чиз донистан намехостанд ва ба қувват ва тавоноии худ такя мекарданд. Онҳо фикр намекарданд, ки тавоноии одам низ аз Худо бармеояд. Онҳо фаромӯш карданд, ки маҳз Худо фаслҳои солро муқаррар кардааст; Ӯ ба донаҳои ғалла ва меваҳо имкон медиҳад, ки сабзанд; ва Ӯ борон, нури офтоб ва шамолро мефиристад.
Худо аз он ғамгин буд, ки одамон дӯст доштани Офаридгор ва якдигарро бас кардаанд. Ва Худо пушаймон шуд, ки одамонро офарид. Ӯ қарор дод, ки тамоми ҳаётро дар рӯйи замин нобуд кунад, то ки бадиро аз байн барад. Нӯҳ бошад назди Парвардигор марҳамат ёфт, чунки шахси росткор ва пок буд. Дар синни 500-солагӣ ӯ се писар дошт: Сом, Ҳом ва Ёфат.
Нӯҳ одамонро даъват мекард, ки аз корҳои бад даст кашида, ба Худо рӯ оваранд. Ӯ одамонро огоҳ мекард, ки Худо тамоми ҷаҳонро бо тӯфон нобуд мекунад, агар онҳо тарзи зиндагии худро дигар накунанд ва ба Худо рӯ наоваранд, аммо ҳеҷ кас ба ӯ гӯш намедод.
Ҳангоме Худо дид, ки онҳо дигаргун нашуданд, балки боз бештар дар гуноҳҳо фурӯ рафтаанд, Ӯ ба Нӯҳ гуфт:
– Вақт расидааст. Ман тӯфони бузург мефиристам. Одамон бадкирдор ҳастанд, аммо бо ту Ман аҳд мебандам: аз тӯфон фақат оилаи ту наҷот меёбад – ту, занат, писаронат ва занҳои онҳо. Барои ин ту бояд киштии калон созӣ. Бо диққат гӯш кун ва ҳамаашро ҳамон тавре бикун, ки Ман мегӯям. Киштиро аз чӯби ҷӯфар бисоз ва онро аз дарун ва берун қир бимол, то ки об нагузарад. Ин киштӣ бояд хеле калон бошад: дарозияш яксаду сӣ метр, бараш бисту ду метр ва баландияш сенздаҳ метр. Ба он аз як тараф даре соз, ки маҳкам пӯшида шавад, ва аз боло дар он равзанае соз. Киштӣ бояд се ошёна дошта бошад. Чунин киштии калон барои он даркор аст, ки ту аз ҳамаи паррандагон ва ҳамаи чорпоён, ҳамаи ҳайвонҳои хазанда, мавҷудоти хурду калон як ҷуфтӣ гирифта тавонӣ.
Нӯҳ бо писаронаш дарҳол ба сохтмон сар кард. Ин солҳои зиёд давом кард. Одамоне ки аз назди онҳо мегузштанд, доимо мепурсиданд: «Нӯҳ чӣ сохта истодааст?» Ва ҳангоме ӯ мегуфт, ки ин киштӣ мешавад, онҳо бар ӯ механдиданд.
– Ин киштии вазнинро чӣ тавр то баҳр кашола карда мебарӣ? – мепурсиданд онҳо.
– Об худаш ба ин ҷо меояд, ва он вақт он шино мекунад, – ҷавоб медод Нӯҳ.
– Об ба ин ҷо меояд? Ту аз ақл бегона шудаӣ, Нӯҳ!
Нӯҳ ва аҳли оилааш ба ин масхараҳо бо душворӣ тоб меоварданд, аммо онҳо ба Худо боварӣ доштанд ва ба одамон ҷавоб медоданд: «Худо тӯфони бузург мефиристад, то ки ҳар бадандеш ва бадкорро нобуд кунад».
Ҳангоме ки ин киштии азим тайёр шуд, Худо ба Нӯҳ гуфт:
– Бо аҳли оилаат ба киштӣ даро ва ҳайвонҳоро бо худ гир, чунон ки Ман ба ту гуфта будам. Пас аз як ҳафта Ман тӯфони бузурге мефиристам. Чил рӯз ва чил шаб ба замин борон меборад, то даме ки тамоми замин зери об мешавад.
Нӯҳ дарро кушод, ва ҳайвонҳо ҷуфт-ҷуфт ба киштӣ даромадан гирифтанд. Ҳамчунин ӯ бо худ хӯрданӣ, ғалла, мева ва коҳу беда гирифт, то ки одамон ва ҳамаи сокинони киштӣ хӯрданӣ дошта бошанд. Баъд ба киштӣ Нӯҳ бо занаш ва се писараш бо занҳояшон даромаданд. Ҳамин тариқ ҳашт кас ба киштӣ даромаданд. Аммо Нӯҳ дари киштиро маҳкам накард, балки Худи Худо онро маҳкам кард; ва Нӯҳ медонист, ки ӯ набояд онро кушояд, то даме ки аз Худи Худо фармоне гирад.
Он гоҳ онҳо садои боронро шуниданд. Аввал борон қатра-қатра меборид, аммо баъд борони сел борид. Ин борон соатҳо ва рӯзҳои зиёд борид. Пас аз як чанд рӯз аз рӯйи садоҳои шалаппоси об онҳо фаҳмиданд, ки об баланд шуда, ба киштӣ расидааст. Ва инак онҳо ҳис карданд, ки об киштиро бардошт ва он шино кард.
Чил рӯз борон борид. Барои он ҳашт кас, ки дар киштӣ буданд, ин муддат беохир тофт. Ногоҳ чизе ҳамаи одамон ва ҳайвонҳоро водор намуд, ки гӯш диҳанд. Ин чӣ буд? Хомӯшии тарснок! Борон бас кард! Аммо киштии онҳо ҳамоно бар рӯйи об шино мекард. Тамоми замин ва ҳатто кӯҳҳои баландтарин зери об монда буданд. Фақат пас аз саду панҷоҳ рӯз Худо имкон дод, ки об оҳиста-оҳиста кам шавад. Ин як муддат давом кард.
Ва ногоҳ, ин чист? Таконе тамоми киштиро ларзонд! Ва боз садое шунида шуд. Баъд киштӣ истод. Ин дар рӯзи ҳабдаҳуми моҳи ҳафтум аз саршавии тӯфон буд, ва замине ки киштӣ ба он расид, кӯҳи Аророт буд. Пас аз рӯзи аввали моҳи даҳум Нӯҳ боз чил рӯз интизор шуд, баъд равзанаро кушод ва зоғро сар дод.
– Чаро ту чунин кардӣ? – пурсид аз ӯ занаш.
– Агар зоғ баргардад, ман мефаҳмам, ки берун аз киштӣ ҳанӯз ҷое нест, ки ӯ сокин шавад, – ҷавоб дод Нӯҳ.
Зоғ барнагашт. Ва ҳама хурсанд шуданд. Нӯҳ бошад гуфт:
– Зоғ паррандаи тобовар аст. Ӯ метавонад муддати зиёд парвоз кунад, ва барои истироҳат ба ӯ як гӯшаи харсанге ҳам кифоя аст. Акнун ман кабӯтарро сар медиҳам.
Кабӯтар парида рафт, аммо ба зудӣ баргашт.
– Аз афташ, об ҳанӯз беҳад бисёр аст, – фикр кард Нӯҳ, – боз як ҳафта интизор шудан даркор аст.
Пас аз ҳафт рӯз Нӯҳ боз кабӯтареро сар дод. Ҳашт кас интизори он буданд, ки оё он бармегардад ё не. Ниҳоят кабӯтар боз ба киштӣ парида омад. Дар нӯли ӯ барги дарахти зайтун буд! Ҳангоме ки пас аз ҳафт рӯзи дигар Нӯҳ боз кабӯтарро сар дод, он барнагашт.
Ҳамин тариқ Нӯҳ фаҳмид, ки замин аллакай хушк шудааст ва об рафтааст. Акнун ӯ интизор буд, ки кай Худо ба ӯ мефармояд, то аз киштӣ барояд. Ниҳоят Худо гуфт: «Аз киштӣ бароед,ту ва занат, ва писаронат, ва занҳои писаронат. Ҳамаи ҳайвонҳоеро, ки бо ту буданд, ва паррандагон, ва ҳамаи хазандаҳоро барор».
Ҳамин тариқ, вақти кушодани дари киштӣ фаро расид. Ҳайвонҳо хурсандона ба берун шитофтанд.
Аз киштӣ ҳайвонҳо берун шуданд, парандаҳо парвоз карда баромаданд ва ба ҳар тараф парида рафтанд. Аҳли оилаи Нӯҳ нафаси сабук кашиданд. Онҳо якдигарро оғӯш мекарданд ва хурсандии худро боздошта наметавонистанд.
Нӯҳ боз дар назди худ теппаҳои сабз ва чарогоҳҳои сералафро дид. Аммо одамони бадкирдор дар куҷо буданд? Онҳо акнун вуҷуд надоштанд.
Тӯфон барои одамоне ки ба Худованд хизмат кардан намехостанд ва бадии бисёр мекарданд, ҷазои даҳшатоваре гардид.
Нӯҳ тамоми амиқии раҳмдилии Худоро, ки ӯро аз тӯфон наҷот дод, фаҳмид. Аз тӯдаи сангҳо ӯ қурбонгоҳ бунёд кард, ва якчанд ҳайвонҳо ва паррандаҳоро ба Худо қурбонӣ намуд. Ин қурбонӣ ба Худованд писанд омад. Ва он гоҳ Худованд дар дили худ гуфт: «Заминро бори дигар барои гуноҳҳои одам лаънат намекунам». Чунки Ӯ медонист, ки одамон гуноҳ карданро бас намекунанд. Ва боз Парвардигор гуфт, ки дар тамоми рӯзҳои замин киштукор ва дарав, хунукӣ ва гармӣ, тобистон ва зимистон, рӯз ва шаб қатъ намегарданд. Ва Худо Нӯҳро ва писарони ӯро баракат дод, то ки онҳо заминро бо фарзандони худ пур кунанд. Ва Худо бо Нӯҳ ва писарони ӯ, ва низ бо ҳамаи одамоне ки пас аз онҳо зиндагӣ мекунанд, ва бо ҳамаи ҳайвоноти замин аҳд баст. Ӯ ба онҳо ваъда дод, ки минбаъд ҳеҷ гоҳ одамон ва ҳайвонҳо бо обҳои тӯфон нобуд карда намешаванд ва он дигар ҳеҷ гоҳ заминро хароб намекунад. Ва Худо аломати махсусеро муқаррар намуд, ки дар бораи ин аҳд ёдрас менамуд, – рангинкамон. Ҳангоме ки борон бас мекунад ва аз паси абр офтоб метобад, рангинкамон ҳамеша дар осмон пайдо мешавад. Ва Худо ба Нӯҳ гуфт:
– Инак аломати аҳде ки Ман бо ту ва бо ҳар ҷони зиндае ки бар замин ҳаст, мебандам.
Ҳангоме ки шумо ба рангинкамон менигаред, дар бораи маънои он фикр кунед. Он на танҳо ороиши замин пас аз борон аст, балки аломати некӯии махсус, вафодорӣ ва ғамхории Худо дар ҳаққи одамон аст.
Саволҳо барои муҳокима
5 саволЧаро Худо қарор дод, ки тӯфон ба амал оварад?
Нӯҳ чӣ тавр наҷот ёфт?
Одамони рӯйи замин чӣ қадар вақт доштанд, то ки аз роҳҳои бад баргарданд ва гуноҳ накунанд?
Кадом паррандаҳоро Нӯҳ аз киштӣ сар медод, то фаҳмад, ки оё замин хушк шудааст ё не?
Худо ба Нӯҳ чӣ ваъда дод?, Рангинкамон ба мо бояд дар бораи чӣ ёдрас намояд?