Павлус ва Сило

Павлус ва Сило

Китоби Муқаддас, китоби Аъмоли Ҳаввориён, боби 16, оятҳои 19-40

"Наздики ними шаб Павлус ва Сило дуо гуфта, Худоро бо суруд ситоиш мекарданд, ва бандиён онҳоро гӯш мекарданд. Ногаҳон заминҷунбии азиме рӯй дод, то ба ҳадде ки таҳкурсии зиндон ба ларза даромад; дарҳол ҳамаи дарҳо кушода шуданд, ва занҷирҳои ҳама ғалтиданд. Зиндонбон бедор шуда, дарҳои зиндонро кушода дид ва шамшери худро кашида, мехост худро кушад, ба гумони он ки бандиён гурехта рафтаанд. Аммо Павлус бо овози баланд нидо карда, гуфт: "Ба худ осебе нарасон, зеро ҳамаи мо дар ин ҷо ҳастем". Зиндонбон... ба дарун давида даромад... Баъд онҳоро берун оварда, гуфт: "Эй хоҷагон! Чӣ бояд кунам, то наҷот ёбам?" Гуфтанд: "Ба Худованд Исои Масеҳ имон овар, ва ту бо аҳли хонаи худ наҷот меёбӣ".

Пештар Шоул масеҳиёнро бад медид ва таъқиб мекард, аммо акнун ӯ барои паҳн кардани Хушхабар хеле бисёр меҳнат мекард. Акнун Шоулро бештар Павлус меномиданд, то дигар гуноҳоеро, ки дар ӯ рӯй дода буданд, таъкид намоянд. Бо ҳамроҳии якчанд ҳаммаслакон ӯ ҳатто ба Аврупо сафар кард. Ба ҳар ҷое ки ӯ биёяд, пеш аз ҳама ӯ бо яҳудиён во мехӯрд, ки бисёр вақт дар рӯзҳои шанбе дар берун ҷамъ мешуданд, зеро куништ надоштанд. Пас аз яке аз чунин ҷамъомадҳо зани сарватманде назди ӯ омад. Номи ӯ Лидия буд. Ӯ хоҳиш кард, ки Петрус ба ӯ дар бораи Исо бештар нақл намояд.

Сӯҳбат дуру дароз давом кард. Дар охир Лидия гуфт:

– Бо ман дуо гӯед, то ки Худо маро чун фарзанди Худ қабул кунад. Баъд ман мехоҳам таъмид гирам.

Пас аз таъмид гирифтан Лидия Павлус ва дӯстонашро ба хонааш даъват намуд. Аммо Павлус ва Сило, яке аз ҳамроҳони ӯ, муддати каме дар хонаи ӯ буданд. Аллакай пас аз як чанд рӯз довари шаҳр онҳоро ба зиндон партофт. Баъзе шаҳриён норозигӣ баён мекарданд, ки яҳудиён дар ин ҷо дар байни юнониён ва румиён мавъиза мекунанд. Павлус ва Силоро ба зиндон партофта, ба дастону пойҳои онҳо кунда заданд. Павлус ва Сило натанҳо бархестан наметавонистанд, балки имконияти ҳаракат кардан надоштанд.

Лекин онҳо медонистанд, ки Худо дар ин ҷо, дар зиндон бо онҳо буд. Ӯ онҳоро устувор мекард ва далерӣ мебахшид.

Онҳо шодӣ мекарданд ва ба Худо сурудҳои ситоишӣ мехонданд. Аввал бо овози паст, ва баъд торафт баландтар, чунон ки дар ҳуҷраҳои дигари зиндон низ овози онҳо шунида мешуд. Маҳбусон ба гӯшҳои худ бовар намекарданд: чӣ тавр ин одамон метавонанд ин тавр хурсандӣ кунанд, дар ҳоле ки дар зиндон ҳастанд?

Ногоҳ ба овозҳои одамон садои дигаре ҳамроҳ шуд: садои гулдуроси паст. Пас аз лаҳзае ҳама чиз ба ларза омад. Заминҷунбӣ! Бинои зиндон ларзид, аммо вайрон нашуд.

Павлус ва Сило диданд, ки сангҳои таҳкурсии зиндон аз ҷойҳояшон ҷунбиданд, ва дар натиҷа дастон ва пойҳои маҳбусон аз бандҳо озод шуданд. Дарҳое ки ба берун мебурданд, ҳамчунин кушода шуданд.

Аз заминҷунбӣ зиндонбон бедор шуд. Ӯ ҷаста хест, ва ҳамон замон дид, ки дарҳо маҳкам нестанд.

– Ҳамаи маҳбусон гурехтаанд! – фикр кард ӯ. – Маро барои ин сахт ҷазо медиҳанд. Беҳтараш ман худамро кушам.

Ҳангоме Павлус дид, ки посбон шамшерро гирифтааст ва худро куштанӣ аст, бо овози баланд дод зад: –– Ин корро накун! Мо ҳама дар ин ҷоем!

Зиндонбон боварӣ ҳосил намуд, ки ҳеҷ кас нагурехтааст, ва Павлус ва Силоро оғӯш кард. Агар Худо барои озод кардани ин одамон заминҷунбӣ ба вуҷуд меоварда бошад, пас Ӯ Худои ҳақиқӣ аст.

– Эй дӯстон, ман чӣ кунам, то ки наҷот ёбам?

– Ба Худованд Исои Масеҳ имон овар, ва он гоҳ ту наҷот меёбӣ! – ҷавоб дод Павлус.

Пас аз ин зиндонбон ҳар дуи онҳоро ба хонаи худ даъват намуд.

Павлус ва Сило бо майли том ба хонаи ӯ равона шуда, ба ӯ дар бораи Исо нақл мекарданд. Онҳо дар бораи он гуфтанд, ки Исо фақат хубӣ мекард, Ӯ чунон сухан мегуфт ва зиндагӣ мекард, ки одамон метавонистанд боварӣ ҳосил кунанд, ки Исо Писари Худост. Онҳо нақл карданд, ки сарбозони румӣ Исоро ба салиб кашиданд, агарчи Ӯ айбе ва гуноҳе надошт. Ва низ гуфтанд, ки худи онҳо, Павлус ва Сило, аз таъқиботе ки аз сар мегузаронанд, ҳайрон нестанд. Чаро аҳволи онҳо бояд аз аҳволи Худовандашон беҳтар бошад?

Онҳо ҳамчунин ба ҳамаи аҳли хонаводаи зиндонбон фаҳмонданд, ки Исо барои кафорат намудани гуноҳҳои ҳамаи одамон мурд, аз он ҷумла гуноҳҳои ҳар яки онҳо. Дар салиб Ӯ гуноҳҳоро ба худ гирифт, то ки дар муносибатҳои одамон ва Худо боз тартиб барқарор шавад. Павлус ва Сило ҳамчунин дар бораи эҳё шудани Ӯ ва дар бораи Рӯҳулқудс нақл карданд, ки ба воситаи Ӯ Исо ҳамеша бо касоне мебошад, ки ба Ӯ имон доранд.

– Ман ҳам мехоҳам пайрави Исо бошам! – гуфт зиндонбон. – Ман мехоҳам аз Ӯ хоҳиш кунам, ки Ӯ маро ҳамчун фарзанди Худ қабул кунад.

– Агар Худо занҳоро низ қабул мекарда бошад, ман ҳам мехоҳам ба Ӯ хизмат кунам, – гуфт зани ӯ.

Павлус гуфт:

– Албатта, Хушхабар ба занҳо низ дахл дорад! Ва ба кӯдакон ҳам! Дар шаҳри шумо як зан аллакай масеҳӣ шудааст.

Пас аз сӯҳбат ва таъмид гирифтан соҳиби хона ба Павлус ва Сило пешниҳод намуд, ки бо онҳо хӯрок хӯрад. Аммо ҳангоме ки офтоб баромад, онҳо шитобон ба хонаи Лидия баргаштанд, ки аллакай барои онҳо хеле хавотир шуда буд. Акнун Павлус ва Сило метавонистанд ба ӯ натанҳо дар бораи он нақл кунанд, ки чӣ тавр Худо онҳоро ҳифз менамуд, балки ҳамчунин дар бораи аҳли оилаи зиндонбон, ки имшаб ба Худованд имон оварда буданд!

Саволҳо барои муҳокима

5 савол
  1. Павлус ва Силоро ба куҷо бурданд?

  2. Чӣ кор карда шуд, то ки маҳбусон гурехта натавонанд?

  3. Шабона дар зиндон сурудхонӣ кардани Павлус ва Силоро чӣ тавр маънидод кардан мумкин аст?

  4. Чӣ тавр Павлус ва Силоба озодӣ баромаданд?

  5. Бо зиндонбон ва аҳли оилаи ӯ чӣ рӯй дод?

99. Павлус ва Сило00:00 / 09:03