
Ваҳйи Исои Масеҳ ба Юҳанно
Китоби Муқаддас, китоби Ваҳйи Юҳанно, бобҳои 1-22
"Ва ба ман гуфт: "Ин суханон боваринок ва рост мебошанд; ва Худованд Худои рӯҳҳои пайғамбарон фариштаи Худро фиристод, то он чиро, ки бояд ба зудӣ рӯй диҳад, ба бандагони Худ нишон диҳад". "Инак, ба зудӣ меоям. Хушо касе ки суханони пайғамбарии ин китобро риоя мекунад… росткор ростӣ кардан гирад, ва муқаддас худро муқаддас кардан гирад. Инак, ба зудӣ меоям, ва подоши Ман бо Ман аст, то ҳар касро мувофиқи амалаш сазо диҳам".
Бисёр ҳаввориёни Исои Масеҳ барои мавъизаи Инҷил кушта шуданд. Онҳо ба Худо то охир вафодорӣ зоҳир намуданд. Аммо яке аз ҳаввориён то пиронсолӣ умр дид ва дар синни навад солагӣ ҳанӯз узви ҷамояти масеҳӣ дар шаҳри Эфесус буд. Сухан дар бораи Юҳанно меравад. Бо вуҷуди он ки ӯ низ аз боиси имон ба Исо гирифтори таъқибот гардид, ӯ кушта нашуд. Ба ҷои ин ӯро ба ҷазираи беодам дар баҳри Миёназамин, ки Патмӯс ном дорад, бадарға карданд. Аҳолии ҷазира фақат аз маҳбусон ва посбонон иборат буд.
Дар оромие ки дар ҷазира ҳукмфармо буд, Худо бо Юҳанно гап мезад. Ӯ ба Юҳанно нишон дод, ки Исо Подшоҳ аст, ва агарчи дар ҳама ҷо масеҳиён гирифтори таъқибот мешаванд, дар ин вазъият низ имондорон ва тақдири онҳо дар дастони Ӯст!
Дар манзараҳо (рӯъёҳо), ки Юҳанно бо нигоҳи ботинии худ медид, Худо ҳамчунин ба охир расидани таърихи ҷаҳонро нишон дод. Ҳамагӣ дувоздаҳ рӯъё буд, ва дар ин бора Юҳанно дар охирин китоби Навиштаи Муқаддас, ки Ваҳй ном дорад, навиштааст.
Дар рӯъёи охирин Фариштаи Худованд манзараи олидараҷаи ҷалоли осмониро, ки барои халқи Худо омода карда шудаст, нишон дод. Ҳавворӣ Юҳанно биҳишти навро медид, ки дар он об ҳаёт, ки чун булӯр медурахшад, аз тахти Худо ва Барра бармеомад; ва дар соҳили он дарахт ҳаёт мерӯид.
Дар ин биҳишти осмонӣ аллакай ҳеҷ кас гуноҳ намекунад, чунки Исои Масеҳ гуноҳро мағлуб кардааст. Ва ҳеҷ гоҳ торикии гуноҳ, беимонӣ ва марг барнамегардад, чунки Худованд Худо онҳоро нобуд мекунад. Ва имондорони наҷотёфта бо Масеҳ дар Подшоҳии Осмонӣ абадан ҳукмронӣ мекунанд.
Фаришта ба Юҳанно гуфт, ки ҳамаи он чи ҳавворӣ шунид ва дид, ҳақ асту рост.
Дар охири рӯъё Худи Худованд Исо ба ҳавворӣ Юҳанно гуфт:
– Ман Алфа ва Омега, аввалин ва охирин, ибтидо ва интиҳо ҳастам… Ман реша ва насли Довуд, ситораи равшани саҳарӣ ҳастам!
– Ман ба қарибӣ меоям! – гуфт Худованд дар охир.
– Омин! – ҷавоб дод Юҳанно.
– Ҳа, биё, Худованд Исо!
Саволҳо барои муҳокима
3 саволКитоби охирини Библияро кӣ навиштааст?
Чаро Исо ба қарибӣ ба замин боз меояд?
Одамоне, ки ба Исои Масеҳ имон доранд, ҳаёти ҷовидониро дар куҷо мегузаронанд?