
Петрус дар зиндон
Китоби Муқаддас, китоби Аъмоли Ҳаввориён, боби 12, оятҳои 1-17
"Дар он замон подшоҳ Ҳиродус бар баъзе аз ҷамоат дастдарозӣ кард, то онҳоро азоб диҳад. Ва Яъқуб, бародари Юҳанноро ба шамшер кушт… Петрусро низ дастгир кард, ва... ба зиндон партофт ва ба чор дастаи чоргонаи сарбозон супурд, ки ӯро посбонӣ кунанд… Пас, Петрусро дар зиндон нигоҳ ме- доштанд, аммо ҷамоат барои ӯ назди Худо пайваста дуо мегуфт".
Қайсари Рум набераи Ҳиродуси Бузургро, Ҳиродус Агрипосро, ҳокими Уршалим ва қисми зиёди Фаластин таъйин намуд.
Ҳангоми ҳукмронии ӯ масеҳиён ба таъқиботи зиёд дучор шуданд. Ҳиродус медонист, ки сарварони яҳудӣ ва ҷонибдорони онҳо ҳаввориёнро ва ҳамаи шогирдони Масеҳро бад мебинанд. Барои ба онҳо писанд омадан, Ҳиродус фармуд, ки яке аз ҳаввориён, Яъқуби бародари Юҳанноро кушанд. Ин кушторро яҳудиён хуш қабул намуданд, аз ҳамин сабаб Ҳиродус фармуд, ки Петрусро низ ҳабс кунанд.
Ӯро ба зиндон партофта, Ҳиродус ба шонздаҳ сарбоз фармуд, ки ӯро рӯзу шаб посбонӣ кунанд.
Ҳиродус аллакай рӯзи қатли ҳавворӣ Петрусро низ муқаррар карда буд, аммо аҳли калисо барои ӯ ба Худо дуо мекарданд! Дигар ҳаввориён ин вақт дар Уршалим набуданд. Онҳо шаҳрро тарк карданд, то ки аз таъқиботи Ҳиродус раҳоӣ ёбанд. Аммо ғайр аз ҳаввориён дар Уршалим бисёр шогирдони Масеҳ буданд. Онҳо дар хонаи Марям, модари Юҳанно, ҷамъ шуда дар ҳаққи Петрус дуо мекарданд.
Дар ин вақт Петрус оромона дар зиндон хобида буд. Бо ӯ сарбоз буданд. Ғайр аз ин, дар назди дарҳои берунӣ ва дарунии зиндон, ва низ дар назди дарвоза посбонон буданд. Оё Петрус гурехта метавонист?!
Аммо чизе рӯй дод, ки ҳеҷ кас интизор набуд. Ногоҳ Фариштаи Худованд дар назди Петрус ҳозир шуд: аз ӯ нур бармеомад. Петрус сахт хобида буд, аз ҳамин сабаб Фаришта ба паҳлуяш зада бедор кард ва гуфт:
– Зудтар бархез! Дар ин лаҳза занҷирҳо аз дастони ӯ афтиданд. Фаришта ба Петрус фармуд, ки миёнашро бандад, пойафзолашро пӯшад ва ҷомаашро дар бар кунад. Сарбозон дар ин вақт сахт хобида буданд.
Фаришта ба Петрус гуфт:
– Аз пайи ман биё!
Петрус аз пайи ӯ аз дари кушодаи зиндон гузашта рафт. Фаришта Петрусро аз назди посбонони хобида то дарвозаи оҳанин бурд. Дарвоза худ аз худ дар назди онҳо кушода шуд. Онҳо якҷоя ба шаҳр баромаданд ва каме роҳ рафтанд, ва баъд Фаришта ғайб зад.
Петрус, ба худ омада, гуфт:
– Акнун ман аниқ медонам, ки Худованд Фариштаи Худро фиристод, то ки маро аз дасти Ҳиродус ва яҳудиён, ки маро куштанӣ буданд, раҳо кунад.
Баъд ӯ ба хонае рафт, ки дар ин вақт бисёр имондорон дар ҳаққи ӯ дуо мегуфтанд. Петрус дарвозаро тақ-тақ кард, ва канизаке барои кушодани дарвоза баромад. Овози Петрусро шунида, ӯ аз хурсандӣ ба ҷои он ки дарвозаро кушояд, давида ба хона рафт ва хабар дод, ки Петрус дар назди дарвоза истодааст. Шогирдон бовар накарданд ва ба ӯ гуфтанд, ки эҳтимол, дар назди хона Фариштае истодааст, ки Худо барои ҳифз намудани Петрус фиристодааст. Дар ин вақт Петрус тақ-тақ карданро давом медод. Дарвозаро кушода ва дар назди худ Петрусро дида, онҳо тамоман ҳайрон шуданд. Онҳо бениҳоят хурсанд шуданд! Петрус бо ишораи даст аз онҳо хоҳиш кард, ки баланд гап назананд, то ки душманон бохабар нашаванд. Ҳангоме ки онҳо ором шуданд, Петрус ба онҳо нақл кард, ки чӣ тавр Худованд ба таври муъҷиза осон ӯро аз зиндон озод кард.
Баъд Петрус аз Уршалим рафт, то ки Ҳиродус ӯро ёфта натавонад.
Саволҳо барои муҳокима
4 саволКадом подшоҳ таъқиб кардани Калисоро дар Уршалим сар кард? Чаро ӯ ин корро мекард?
Кадоме аз ҳаввориён аввалин шуда барои Масеҳ кушта шуд? Кӣ бояд баъди ӯ кушта мешуд?
Дар ин вақт аҳли Калисо чӣ кор мекарданд?
Бо Петрусдар шаби арафаи қатл чӣ рӯй дод?