Роҳи Павлус ба Рум

Роҳи Павлус ба Рум

Китоби Муқаддас, китоби Аъмоли Ҳаввориён, бобҳои 21-28

«Пас аз чандин рӯзе ки дар он ҷо будем, Оғобус ном пайғамбаре аз Яҳудия омад. Ва назди мо даромада, миёнбанди Павлусро гирифт ва дастҳову пойҳои худро баст ва гуфт: «Рӯҳулқудс мегӯяд, ки яҳудиён дар Уршалим соҳиби ин миёнбандро ҳамин тавр баста, ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд». Вақте ки инро шунидем, мо ва аҳли он ҷо илтимос кардем, ки ӯ ба Уршалим наравад. Аммо Павлус ҷавоб дод: «Ин чӣ корест, ки шумо мекунед? Чаро бо гиряи худ дили маро мешиканед? Ман тайёрам на танҳо бандӣ шавам, балки дар Уршалим барои номи Худованд Исо мурам». Чун ба гапи мо надаромад, ором шуда, гуфтем: «Он чи хости Худованд аст, шавад!» Пас аз он рӯзҳо мо тайёрии сафарро дида, сӯи Уршалим равона шудем...»

Ҳангоме ки Павлус ва ҳамроҳонаш ба Уршалим омаданд, аҳли калисои он хеле хурсанд шуданд. Павлус дар бораи он чи Худо ба воситаи хизматгузории ӯ дар байни ғайрияҳудиён ба амал овард, нақл кард, ва ҳама Худовандро барои тавоноии Каломи Ӯ ситоиш мекарданд. Лекин хурсандӣ дер давом накард.

Пас аз ҳафт рӯзи ба Уршалим омаданаш Павлус ба ибодатгоҳ рафт, то ки ҳамчун нишонаи иҷрои назр қурбонӣ оварад. Аммо дар он ҷо яҳудиён ӯро диданд ва ӯро ҳамчун башоратдиҳандаи таълимоти Исои Масеҳ, ки онҳо дар бораи Ӯ ҳеҷ чиз донистан намехостанд, шинохтанд. Онҳо Павлусро дастгир карданд ва дод мезаданд, ки ӯ дар ҳама ҷо зидди шариати онҳо таълим медиҳад, ва боз бо худ ба ибодатгоҳ ғайрияҳудиёнро оварда, онро нопок кардааст.Онҳо хашмгин шуда, Павлусро аз ибодатгоҳ кашола карда бурданд, то ки кушанд, зеро дар ибодатгоҳ куштан мумкин набуд. Он гоҳ сардори сарбозони румӣ, Клавдиюс Лисиюс, ба изтироб омадани тамоми шаҳрро дида, фармуд, ки Павлусро занҷирбанд карда ба қалъа баранд. Дар роҳ Павлус иҷозат пурсид, ки ба мардум сухан гӯяд. Ӯ ба яҳудиён нақл кард, ки чӣ тавр ӯ ба Худованд рӯ овард ва бахшидашавии гуноҳҳоро ба даст овард. Яҳудиён аввал бо диққат ба Павлус гӯш медоданд, аммо ҳангоме ӯ гуфт, ки Худованд ӯро барои башорат додан ба халқҳои дигар фиристод, онҳо ғавғои сахт бардоштанд. Онҳо дод мезаданд, ки ин шахс набояд зинда монад. Клавдиюс Лисиюс дид ки суханронии Павлус мардумро боз бештар хашмгин намуд, фармуд, ки Павлусро ба қалъа баранд. Ӯ ба сарбозони худ фармуд, ки Павлусро лату кӯб карда, ӯро пурсуков кунанд. Павлус ба ӯ гуфт:

– Магар шаҳрванди румиро бе доварӣ ҷазо додан мумкин аст? Пас аз ин суханон румиён Павлусро назаданд ва пурсуков накарданд, аммо занҷирҳоро накушоданд.

Рӯзи дигар Павлус дар назди шӯрои пирон ҳозир шуд. Ҳангоми муҳокимаи масъала дар он ҷо байни ду гурӯҳи яҳудиён баҳсу мунозира ба миён омад. Як гурӯҳ Павлусро айбдор мекарданд, гурӯҳи дигар дод мезаданд, ки ӯ ҳеҷ кори бад накардааст. Шӯру ғавғо баланд мешуд. Яҳудиён аз ҳар тараф ба Павлус фишор меоварданд. Клавдиюс Лисиюс тарсид, ки онҳо ӯро пора-пора мекунанд, ва ба сарбозонаш фармуд, ки ӯро ба қалъа баранд.

Ва шабона Худованд Исо ба Павлус зоҳир шуда, ба ӯ гуфт:

– Хотирҷамъ бош, Павлус, ва чунон ки дар Уршалим дар ҳаққи Ман шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд ончунон шаҳодат диҳӣ!

Пас аз муҳокимаҳои тӯлонӣ ва кӯшишҳои куштани Павлус, қарор дода шуд, ки Павлус ба Рум, ба доварии қайсар фиристода шавад.

Барои ин Павлус бояд ба Рум мерафт, то ки дар он ҷо Инҷилро дар бораи Исо Масеҳ ба худи қайсар башорат диҳад. Ҳамин тавр Худованд нақшаи Худро иҷро намуд.

Сафари Павлус ба Рум дар киштӣ аз бандари Қайсария сар шуд. Онҳо бояд ба сафари тӯлонӣ ва хатарнок мебаромаданд.

Дар баҳри Миёназамин дар ин фасли сол тӯфонҳои сахт мешуданд ва бо киштии хурди бодбондор шино кардан хатарнок буд. Павлус дар ин бора маллоҳонро огоҳ кард, аммо онҳо ба ӯ гӯш накарданд.

Дар яке аз рӯзҳо тӯфони ҳақиқӣ сар шуд. Мавҷҳои баланд киштиро аз як сӯ ба сӯи дигар мепартофтанд. Барои наҷот додани киштӣ, қисми зиёди борро ба баҳр партофтанд, аммо вазъият торафт бадтар мешуд. Якчанд рӯз киштӣ дар баҳри пурталотум дар байни тӯфон буд. Одамон ҳама гуна умеди наҷотро аз даст доданд. Ва он гоҳ Павлус ба маллоҳон муроҷиат намуд:

– Дӯстон! Рӯҳафтода нашавед, ҳеҷ кадоми шумо ҳалок намешавад, фақат киштӣ мешиканад. Ман инро медонам, чунки фариштаи Худованд, ки ман ба Ӯ хизмат мекунам, имшаб ба ман гуфт: «Натарс, Павлус! Ту бояд дар назди қайсар ҳозир шавӣ!» – Дӯстон, рӯҳбаланд шавед! Ман ба Худованди худ бовар мекунам: ҳама чиз ҳамон тавр мешавад, ки Ӯ гуфт!

Чордаҳ рӯз пас аз саршавии тӯфон маллоҳон заминро диданд, аммо ба он наздик шудан натавонистанд. Киштӣ дар пастоб маҳкам монд, пеши он беҳаракат буд, аммо ақибаш зери зарбаҳои мавҷҳо шикаст. Аммо ҳамаи одамон наҷот ёфтанд: онҳо ба соҳил расида тавонистанд.

Худованд ба қавли Худ вафо кард! Ҳеҷ кас ғарқ нашуд ва ҳатто захмдор нашуд. Акнун нақшаи Ӯ иҷро шуда метавонист, то ки номи Исо дар Рум шӯҳрат ёбад.

Худо ба таври муъҷиза, ба Павлус иҷозат дод, ки ба Рум биёяд, ва дар он ҷо ӯ барои имконияти дар назди қайсар дар бораи имони худ ба Исо Масеҳ шаҳодат додан Худовандро шукргузорӣ намуд.

Павлус ба шаҳри Рум на чун маҳбус, балки ҳамчун шоҳиди Исо, чун фиристодаи Подшоҳи осмонии худ ворид шуд!

Саволҳо барои муҳокима

4 савол
  1. Чаро Клавдиюс Лисиюс Павлусро ба шӯрои пирон овард? Дар он ҷо чӣ рӯй дод?

  2. Чӣ тавр Худованд ҳаввории ҳабсшударо дилбардорӣ ва дастгирӣ намуд? Чаро ин барои Павлус ин қадар муҳим буд?

  3. Ҳангоми сафари баҳрӣ чӣ рӯй дод?

  4. Худо чӣ мақсад дошт, ки Павлусро ба Рум равона кард?

100. Роҳи Павлус ба Рум00:00 / 08:59