Эҳёи Тобито

Эҳёи Тобито

Китоби Муқаддас, китоби Аъмоли Ҳаввориён, боби 9, оятҳои 36-42

"Дар Ёфо шогирде буд, зане Тобито ном, ки маънояш Ғизол аст, ва ӯ хеле некӯкор буд ва садақаҳои бисёре медод. Ва чунин шуд дар он рӯзҳо, ки ӯ

бемор шуда, мурд... Азбаски Лудда ба Ёфо наздик буд, ва шогирдон шунида буданд, ки Петрус дар он ҷост, назди ӯ кас фиристода, хоҳиш карданд, ки бе даранг назди онҳо биёяд. Петрус бархеста, бо онҳо рафт Петрус ҳамаро берун карда, зону зад ва дуо гуфт ва ба ҷасад рӯй оварда, гуфт: "Эй Тобито! Бархез!" Ва ӯ чашмонашро кушод ва Петрусро дида, нишаст. Аз дасташ гирифта, ба по хезонд ва муқаддасону бевазанонро даъват намуда, ӯро ба онҳо зинда супурд. Ин ҳодиса дар тамоми Ёфо овоза шуд, ва бисёр касон ба Худованд имон оварданд".

Боре ҳавворӣ Петрус ба деҳае рафт, ки дар байни теппаҳо дар масофаи бист километр аз Уршалим буд. Он Лудда ном дошт. Бисёр сокинони Лудда ба Худованд Исо имон доштанд, ва Петрус ба хабаргирии онҳо рафтанро дӯст медошт. Аниёс ном шахс хеле бемор буд. Ҳашт сол инҷониб ӯ шал шуда дар ҷойгаҳ хоб буд. Петрус ба ӯ гуфт:

– Аниёс! Туро Исо Масеҳ шифо медиҳад; аз ҷойгаҳат бархез.

Ва ӯ ҳамон замон бархест. Петрус нагуфт: "Ман туро шифо медиҳам», чунки ӯ медонист, ки фақат қувваи Масеҳ беморро шифо медиҳад. Ҳамаи касоне ки бемор будани Аниёсро медонистанд, мехостанд акнун ӯро бинанд, ва шифо ёфтани ӯро дида, бисёрии онҳо ба Худованд имон оварданд.

Дар масофаи сӣ километр аз Лудда шаҳри назди баҳрии Ёфо воқеъ буд. Баъзе сокинони Лудда ба он ҷо рафта, дар он ҷо нақл карданд, ки ҳавворӣ Петрус дар Лудда шахси шалро бо номи Исо шифо дод ва қувваи ӯро барқарор намуд.

Инро шунида, сокинони Ёфо ҳавворӣ Петрусро даъват намуданд, чунки дар ин вақт зане аз калисои онҳо, ки бисёр корҳои нек мекард, вафот карда буд. Ӯ Тобито ном дошт.Ӯ ба камбағалон бисёр мадад мерасонд, ва онҳо барои марги ӯ мотам гирифта буданд. Дӯстон ба дафни ӯ тайёр шуданд, аммо аз Петрус хоҳиш карданд, ки ҳанӯз пеш аз дафн назди онҳо биёяд. Ба Ёфо омада, Петрус ба ҳуҷрае даромад, ки дӯстони наздик ва бевазаноне ҷамъ шуда буданд, ки пештар Тобито ба онҳо мадад мерасонд. Занҳо бо ашк дар чашмон ба ҳавворӣ либосҳоеро нишон медоданд, ки Тобито барои онҳо дӯхта буд. Онҳо ба Тобито дил баста буданд, чунки ӯ онҳоро хеле дӯст медошт.

Петрус хоҳиш кард, ки ҳама аз ҳуҷра бароянд. Ҳангоме ки ҳама баромаданд, ӯ ба зону истода, ба Худованд дуо кард, ва ба мурда гуфт:

– Тобито! Бархез.

Зан чашмонашро кушод ва Петрусро дида, нишаст. Он гоҳ Петрус ба вай дасташро дароз кард ва ёрӣ дод, ки бинишинад. Ва баъд, имондорон ва бевазанонро ҷеғ зада, Тобитои зиндаро ба онҳо баргардонд. Дӯстонаш хеле хурсанд шуданд!

Ин муъҷиза, ки Худованд бо дуои Петрус ба амал овард, ба ҳама маълум гардид, ва бисёр касон ба Худованд имон оварданд.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Шахси шал дар Лудда, ки Петрус ӯро шифо дод, чӣ ном дошт?

  2. Петрусро ба кадом шаҳр ҷеғ заданд? Чаро дар он ҷо ҳама Тобиторо ин тавр дӯст медоштанд?

  3. Эҳёи Тобито чӣ тавр рӯй дод?

97. Эҳёи Тобито00:00 / 05:27