Вохӯрӣ дар роҳ ба Аммоус

Вохӯрӣ дар роҳ ба Аммоус

Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 24, оятҳои 13-35

"Дар ҳамон рӯз ду нафар аз онҳо ба деҳае мерафтанд, ки тақрибан шаст стадия аз Уршалим дур буд, ва Аммоус ном дошт. Ва бо ҳамдигар дар бораи ҳамаи ин рӯйдодҳо гуфтугӯ мекарданд. Ва ҳангоме ки онҳо гуфтугӯ ва андешаронӣ мекарданд, Худи Исо наздик омада, бо онҳо равона шуд. Лекин чашмони онҳо баста буданд, ба тавре ки Ӯро нашинохтанд".

Ду нафар аз шогирдон бо табъи хира ва рӯҳи ғамгин аз Уршалим ба шаҳраки Аммоус мерафтанд. Дар роҳ онҳо бо якдигар гуфтугӯ мекарданд. Онҳо фаҳмидан мехостанд, ки дар ин рӯзҳои охир чӣ рӯй додааст. Онҳо Исоро пайравӣ мекарданд ва умед доштанд, ки Ӯ сарвари бузурге мешавад ва халқи худро озод мекунад. Акнун Ӯ мурдааст… Аммо дар шаҳр гуфтугӯҳо ҳастанд, ки Исо боз зинда шудааст… Ин хабар онҳоро ҳайрон кард.

То даме ки онҳо байни худ гуфтугӯ мекарданд, ба онҳо роҳгузаре ҳамроҳ шуд. Ин Исо буд, аммо онҳо Ӯро нашинохтанд. Муддате Ӯ хомӯшона дар баробари онҳо мерафт, ва баъд пурсид:

– Шумо тамоми роҳ дар бораи чӣ гуфтугӯ доред? Ва чаро шумо ин тавр ғамгин ҳастед?

– Мисли ин ки ту намедонӣ дар ин рӯзҳо дар Уршалим чӣ рӯй додааст! – ҷавоб дод яке аз онҳо.

Ва баъд шогирдон ба ӯ дар бораи воқеаҳои рӯзҳои охир нақл карданд. Нақлро ба охир расонда, онҳо роҳро бо хомӯшӣ давом медоданд. Шогирдонро оромона гӯш карда, Исо ниҳоят Худаш гап зад:

– Наход шумо дар ҳақиқатан чиро, ки дар Навиштаи Муқаддас гуфта шудааст, фаҳмидан наметавонед? Вагар на шумо медонистед, ки ҳамаи ин бояд рӯй медод. Масеҳ, Писари Худо, бояд азоб мекашид ва барои гуноҳҳои одамон мемурд. Ва Ӯ бояд эҳё мешуд ва ба ҷалоли Худо дохил мегардид. Дар ин бора дар Навиштаи Муқаддас – дар китобҳои Мусо, дар таронаҳои Забур ва дар пайғамбарон бисёр гуфта шудааст.

Ва Ӯ ба онҳо бисёр порчаҳоро аз Навиштаи Муқаддас иқтибос овард. Қисми зиёди ин порчаҳоро онҳо медонистанд, аммо ё нодуруст мефаҳмиданд, ё ба нубувватҳо бовар намекарданд ё фаромӯш карда буданд. Аммо акнун чашмонашон кушода шуданд. Ҳақиқатан! Он чиз рӯй дод, ки аз рӯи Навиштаи Муқаддас бояд рӯй медод! Худованд ва Устоди онҳо барои он омад, ки барои одамон мурад ва онҳоро аз гуноҳҳо наҷот диҳад, на ин ки аз зери ҳокимияти қайсари Рум озод кунад. Ва мурдани Ӯ тасодуфӣ набуд, балки барои он буд, ки Ӯ боз ба ҳаёт баргардад. Чӣ тавр онҳо инро пештар фаҳмидан наметавонистанд!

Бо мурури он ки шогирдон ба суханони он роҳгузар гӯш медоданд, ғаму андӯҳи онҳо аз байн мерафт. Аммо онҳо ҳанӯз намедонистанд, ки ин роҳгузар кист.

Инак онҳо ба Амммоус наздик шуданд ва Ӯро даъват намуданд, ки бо онҳо хӯрок хӯрад ва шабро дар хонаи онҳо гузаронад. Шахси ношинос розӣ шуд. Ҳангоме ки ҳамааш тайёр буд, Ӯ нонро гирифта, Худоро шукргузорӣ намуд ва онро шикаста, ба ҳар яки онҳо порае дод.

«Исо ҳамеша ҳамин тавр мекард. Аҷиб», – фикр карданд ҳардуи онҳо. Ва ҳамин вақт онҳо ногоҳ фаҳмиданд: дар назди онҳо Худи Исо нишастааст! Аввал онҳо Ӯро нашинохтанд, аммо ҳозир онҳо шубҳае надоштанд – ин Ӯ буд!

Дар ин лаҳза Исо ногоҳ аз назарҳо ғоиб шуд.

Чӣ тавр онҳо Ӯро пештар нашинохтанд! Охир дар он вақте ки Ӯ ба онҳо Навиштаи Муқаддасро мефаҳмонд, дилҳои онҳо афрӯхта мешуданд! Бо вуҷуди он ки Исо бо онҳо набуд, ҳар ду дӯст аллакай ғамгин набуданд. Исо зинда аст! Хурсандӣ чунон зиёд буд, ки онҳо қарор доданд худи ҳамон рӯз ин хабарро ба дигар шогирдон расонанд. Онҳо дарҳол ба Уршалим, ба хонае ки қариб ҳамаи шогирдони Исо дар он ҷо буданд, шитофтанд.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Чанд шогирд дар роҳ ба Аммоус равона буданд? Онҳо барои чӣ ғамгин буданд?

  2. Кӣ дар роҳ ба онҳо вохӯрд?

  3. Чӣ тавр онҳо Исоро шинохтанд?

90. Вохӯрӣ дар роҳ ба Аммоус00:00 / 06:38