Нобоварии Тумо

Нобоварии Тумо

Китоби Муқаддас, Инҷили Юҳанно, боби 20, оятҳои 24-29

"Пас аз ҳашт рӯз боз шогирдони Ӯ дар хона буданд, ва Тумо низ бо онҳо буд... Агарчи дарҳо баста буданд, Исо омада, дар миёни онҳо истод ва гуфт: "Салом ба шумо!" Пас аз он ба Тумо гуфт: "Ангушти худро ин ҷо биёр ва дастҳои Маро

бин; ва дасти худро биёр ва дар паҳлуи Ман гузор; ва беимон набош, балки имон дошта бош". Тумо дар ҷавоби Ӯ гуфт: "Эй Худованди ман ва эй Худои ман!"

Ҳангоме ки Худованд ба шогирдонаш зоҳир шуд ва ба онҳо захмҳои Худро нишон дод, Тумо, яке аз шогирдони наздики Исо ҳамроҳи дигар шогирдон набуд. Ҳангоме ки рӯзи дигар дӯстон бо ваҷд ба ӯ дар бораи воқеаи рӯй дода нақл карданд, Тумо фақат сар ҷунбонд.

– Ман ба шумо бовар намекунам, – гуфт ӯ. – Пеш аз он ки ба ҳамаи ин бовар кунам, бояд ба захмҳои Ӯ даст расонда бинам.

Тумои бечора! Мо ӯро «Тумои нобовар» меномем, чун ки ӯ гуфт, ки то Исоро набинад ва ба захмҳои ӯ ангуштонашро гузошта боварӣ ҳосил накунад, ки ин Ӯст, бовар намекунад. Ба Тумо барои бовар кардан далелҳои бовари бахш даркор буданд.

Пас аз як ҳафта шогирдон ҷамъ шуданд. Исо, чун дар дафъаи гузашта, ногаҳон пайдо шуд.

– Салом бар шумо! – гуфт Исо.

Пас аз ин Ӯ ба Тумо муроҷиат карда ва дастонашро дароз карда, гуфт:

– Ана захмҳои Ман, Тумо. Даст расонда бин! Беимон набош, балки ба Худо бовар кун.

Аз нобоварӣ ва суханоне ки пештар гуфта буд, шарм дошта, ва пур аз муҳаббат ба Наҷотдиҳандаҳо буда, ӯ пеши пойҳои Исо афтида, ба Ӯ саҷда кард. Ӯ бо овози ларзон нидо кард:

– Эй Худованди ман ва Худои ман!

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Нобоварии Тумо чӣ тавр аён шуд?

  2. Чаро ӯро «Тумои нобовар» меноманд?

  3. Оё Исо Туморо сарзаниш кард?

91. Нобоварии Тумо00:00 / 03:22