
Петрус ва Юҳанно дар назди қабр
Китоби Муқаддас, Инҷили Юҳанно, боби 20, оятҳои 1-10
"Дар рӯзи якуми ҳафта, саҳарии барвақт... Марями Маҷдалия ба сари қабр омад ва дид, ки санг аз қабр бардошта шудааст. Вай давида назди Шимъуни Петрус ва он шогирди дигаре ки Исо ӯро дӯст медошт, омада, ба онҳо гуфт: "Хоҷаамонро аз қабр бурдаанд, ва намедонем, ки Ӯро куҷо гузоштаанд". Дарҳол Шимъуни Петрус ва он шогирди дигар берун омада, сӯи қабр рафтанд. Ҳар ду бо ҳам медавиданд, вале он шогирди дигар зудтар давида, аз Петрус пеш гузашт ва аввал ба сари қабр омад, ва хам шуда, кафани гузоштаро дид; лекин ба дарун надаромад. Баъд Шимъуни Петрус аз пайи вай омада, ба қабр даромад ва кафани гузоштаро дид ва рӯймолеро, ки бар сари Ӯ буд, на бо кафан, балки дар гӯшае алоҳида печида дид. Пас он шогирди дигар, ки аввал ба сари қабр омада буд, низ ба дарун даромад, ва дид, ва бовар кард".
Ба шаҳр баргашта, Марями Маҷдалия шогирдони Исоро – Петрус ва Юҳанноро ёфт. «Худовандро бурдаанд, – нидо кард ӯ, – ва мо намедонем, ки онҳо Ӯро ба куҷо гузоштаанд». Ба гӯшаи хотири ӯ омада наметавонист, ки Исо акнун зинда аст, ва Ӯ эҳё шудааст!
Албатта, Петрус ва Юҳанно ҳайрон шуданд. Онҳо то ҳадди имкон зудтар ба сари қабр шитофтанд. Юҳанно давандаи беҳтар буд ва аввалин шуда ба боғи Юсуф аз Ромо давида омад. Ва инак ӯ дид, ки санг ҳақиқатан аллакай даромадгоҳи қабрро маҳкам намекунад. Ӯ ба дарун нигоҳ кард, аммо ба он ҷо надаромад. Аҷиб! Ҷасад нест, фақат кафан бо эҳтиёт гузошта шудааст. Юҳанно дар назди даромадгоҳ истод. Петрус давида омад ва ба қабр даромада, ҳамон манзараро дид – кафани бо эҳтиёт печонидашуда ва рӯймоли алоҳида гузошташуда. Агар ҷасад ҳақиқатан дуздида шуда бошад, чунон ки Марями Маҷдалия тахмин мекард, дуздон кафан ва қабрро бо ин тартиб монда намерафтанд!
Аз пайи Петрус ба қабр Юҳанно низ даромад. Ҳамин вақт ӯ дарҳол фаҳмид: Исо зинда аст! Аз ҳамин сабаб қабр холӣ аст!
Он гоҳ Петрус ва Юҳанно ба шаҳр баргаштанд, ва дигар шогирдони Масеҳ ва занҳоро ёфтанд, ки тасдиқ намуданд, ки Исо зинда аст, ва онҳо Ӯро дидаанд! Аммо аксарияти шогирдон ва пайравон, ки барои марги Исо ғамгин буданд ва мотам гирифта буданд, ба ин хабари хурсандибахш бовар кардан наметавонистанд.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволМарями Маҷдалия ба Петрус ва Юҳанно чӣ хабаре овард?
Петрус ва Юҳанно дар қабр чиро диданд?
Юҳанно қабри холиро дида, ба чӣ бовар кард?