Озмоиши муҳаббати Иброҳим ба худо

Озмоиши муҳаббати Иброҳим ба худо

Китоби Муқаддас, китоби Ҳастӣ, боби 22

«Зеро акнун донистам, ки аз Худо метарсӣ ва писари худро, ки ягонаи туст, аз Ман дареғ надоштӣ».

Бо таваллуд шудани Исҳоқ оилаи Иброҳим ва Соро боз ҳам хушбахттар шуд. Ҳар сеи онҳо Худоро ва якдигарро дӯст медоштанд. Шумо аллакай медонед, ки Иброҳим шахси сарватманд буд – ӯ молу ашёи бисёр дошт. Аммо ӯ ба як «ганҷ»-и махсус – ба писараш Исҳоқ дилбастагии махсус дошт. Иброҳим ӯро беш аз ҳар чизи ҷаҳон дӯст медошт, фақат Худоро Иброҳим бештар дӯст медошт.

Боре Худо хост санҷад, ки муҳаббат ва боварии Иброҳим ба Ӯ то чӣ андоза зиёд аст. Ва инак Худо ба Иброҳим гуфт:

– Писари ягонаи худ Исҳоқро, ки ту дӯсташ медорӣ, гирифта, дар яке аз кӯҳҳо, ки ба ту мегӯям, қурбонӣ кун.

Кардани ин кор ба Иброҳим душвор буд. Аммо ӯ мехост ҳамаи он чиро, ки Худо ба ӯ мефармуд, ба ҷо оварад, чунки Иброҳим Худоро аз таҳти дил дӯст медошт. Иброҳим ҳезум тайёр карда, ба хар бор кард, Исҳоқ ва ду хизматгорро бо худ гирифт ва ҳамаи онҳо ба роҳ даромаданд. Соро бошад дар хона монд.

Роҳ дароз буд. Онҳо аз пагоҳии барвақт то бегоҳ роҳ рафта, фақат гоҳ-гоҳ ба муддати кӯтоҳ боз меистоданд. Исҳоқ хеле донистан мехост, ки онҳо ба куҷо мераванд. «Албатта, падарам бояд сабабе дошта бошад, ки то ҳол ба ман ҳеҷ чиз нагуфт», – фикр мекард ӯ.

Иброҳим ҳақиқатан сабаб дошт, ки дар хусуси мақсади сафарашон чизе нагӯяд. Як рӯз пеш Худо бо ӯ гап зада буд, ва ба ӯ як гапи чунон даҳшатовар гуфт, ки Иброҳим сабаби онро фаҳмида наметавонист. Дар асл Худо тамоман намехост, ки Исҳоқ мурад. Аммо ӯ мехост бинад, ки оё Иброҳим тайёр аст ба Худо итоат кунад, ҳатто агар маъно ва мақсади фармони Ӯро нафаҳмад ҳам.

Лекин Иброҳим инро намедонист. Ӯ фикр мекард, ки дар ҳақиқат лозим меояд писари дӯстдоштаашро қурбонӣ кунад. Ва ӯ аз ин хеле ғамгин буд. Лекин, ҳар қадар вазнин бошад ҳам, ӯ мехост фармудаи Худоро иҷро кунад.

Ниҳоят онҳо ба назди кӯҳи баланд омаданд. Акнун Исҳоқ кунҷковии худро боздошта наметавонист.

– Падар, инак ҳезум ва оташ, пас ту қурбонӣ карданӣ ҳастӣ, –

гуфт ӯ. – Аммо куҷост баррае, ки барои ин даркор аст?

Иброҳим чизе гуфта наметавонист. Ба ӯ чунин метофт, ки гулӯгир шудааст.

– Писарам, – бо душворӣ гуфт ӯ, –Худи Худо дар хусуси барраи қурбонӣ ғамхорӣ мекунад.

Ба кӯҳ баромада, онҳо сангҳоро ҷамъ кардан гирифтанд. Иброҳим қабат-қабат сангҳоро мечинд, то даме ки қурбонгоҳи калоне ҳосил шуд. Баъд ӯ Исҳоқро баста, аз болои ҳезум гузошт ва кордро бардошт!

Ва дар ин лаҳза аз осмон овозе шунида шуд:

– Иброҳим, Иброҳим!

Пирамард, ки корд дар даст дошт, истода монд:

– Лаббай, Худованд.

– Ба писарат даст нарасон! – гуфт овоз. – Акнун Ман дидам, ки ту ба Ман итоат кардӣ ва ба хотири Ман тайёр ҳастӣ, ҳатто, писари худро қурбонӣ кунӣ.

Гӯё бори гароне аз дили Иброҳим афтид. Ӯ хеле хурсанд шуда, дар назди қурбонгоҳ ба зону афтид. Ӯ бо дастони ларзон бандҳои Исҳоқро кушод. Исҳоқ бархест, онҳо якдигарро оғӯш намуда, гиря карданд, аммо на аз ғам, балки аз хурсандии зиёд.

Баъд онҳо дар наздикӣ садои маоси барраеро шуниданд. Ба он сӯ нигариста, онҳо барраеро диданд, ки бо шохҳояш дар бутта андармон шудааст. Онҳо он барраро дар қурбонгоҳ қурбонӣ карданд. Ҳамин тавр он чи пештар Иброҳим гуфта буд, иҷро шуд: Худи Худо барои Худ барраи қурбониро пайдо намуд.

Аз кӯҳ фаромада, онҳо хурсандӣ ва сабукӣ ҳис карданд. Исҳоқ дастони падари худро сахт медошт. Ҳар ду дар бораи он фикр мекарданд, ки дӯст доштани одам ва дӯст доштани Худо чист. Ва низ дар бораи он ки, ҳеҷ гуна муҳаббат беш аз муҳаббати Худо ба одам буда наметавонад, ҳатто агар гоҳо ба ин бовар кардан душвор аст.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Чаро Худо ба Иброҳим фармуд, ки писари худро ба қурбонӣ оварад?

  2. Оё Иброҳим тайёр буд фармони Худоро иҷро кунад?

  3. Чӣ чиз Иброҳимро боздошт, ҳангоме ки ӯ тайёр буд Исҳоқро қурбонӣ кунад?

9. Озмоиши муҳаббати Иброҳим ба худо00:00 / 07:23