
Хоби Яъқуб
Китоби Муқаддас, китоби Ҳастӣ, боби 28
«Ва хобе дид, ки инак, нардбоне бар замин истодааст, ва сараш ба осмон мерасад... Ва инак, Парвардигор бар он истодааст, ва мегӯяд... Ман бо ту ҳастам; ва туро дар ҳар ҷое ки равӣ, муҳофизат менамоям...»
– Ту бояд гурехта равӣ! – боисрор мегуфт Ривқо ба Яъқуб. Яке аз ғуломон ба ӯ гуфт, ки Эсов хашмгин шудааст ва Яъқубро куштан мехоҳад. – Назди бародарам Лобон, ба ватани бобоят Иброҳим рав. Агар ту муддате дар ин ҷо набошӣ, пас аз якчанд сол хашми бародарат паст мешавад. Он гоҳ ман ба назди ту касеро мефиристам, ва ту метавонӣ баргардӣ.
Ривқо аллакай медонист, ки ба шавҳараш Исҳоқ чӣ гӯяд, то ки ӯ писараш Яъқубро иҷозати рафтан диҳад.
– Зани беимон гирифтани Яъқуб мумкин нест, ба ӯ зане мувофиқи хости Худо даркор аст, – гуфт ӯ ба Исҳоқ.
Исҳоқ бо ин розӣ шуд. Ӯ дар бораи он фикр мекард, ки зани ӯ низ чандин сол пештар ҳамчунин аз ватани аввалаи ӯ омада буд. Барои Яъқуб низ ин ҳеҷ бадӣ надорад.
Исҳоқ Яъқубро назди худ ҷеғ зад.
– Яъқуб, писарам, аз духтарони ин сарзамин ба худ зан нагир, – гуфт Исҳоқ. – Ба Ҳорон рав, ки модар ва падарат аз он ҷо омадаанд. Дар он ҷо ту ба худ зан меёбӣ. Бигузор Худо туро баракат диҳад!
«Ин хуб аст, – фикр кард Яъқуб. – Худи падарам маро мефиристад, ва ман метавонам аз Эсов чунон пинҳон шавам, ки ин ҳатто ба гурехтан монанд нахоҳад буд».
Ӯ бо волидон ва тамоми аҳли хонавода хайрухуш карда, ба роҳ баромад.
Яъқуб аз падар хоҳиш накард, ки ба ӯ чизе барои бо худ бурдан диҳад. Ӯ бо худ хизматгорон, гӯсфандон, бузҳо нагирифт; ҳатто хар нагирифт. Ӯ фақат калтаке ба даст гирифт ва ба роҳ даромад. Яъқуб ғамгин буд. Ӯ мусофир буд ва ба кишвари дурдасте мерафт, ки ҳеҷ гоҳ надида буд. На хайма буд, на хонае ки Яъқуб дар аснои сафар дар он ҷо хоб равад; аз ҳамин сабаб, ҳангоме ки шаб фаро расид, ӯ ба зери сараш сангеро гузошт ва дар замини холӣ дароз кашид. Дар он кишвар ҳайвонҳои ваҳшӣ буданд, аммо Худо Яъқубро дар роҳ нигаҳбонӣ мекард. Ӯ медонист, ки Яъқуб чӣ қадар ғамгин аст, ва аз ҳамин сабаб имкон дод, ки ӯ хоби муъҷиза бинад.
Яъқуб дар хоб нардбонеро дид, ки дар замин меистод, ва канораш ба осмон мерасид. Ба воситаи он Фариштаҳо боло ва поён мерафтанд. Ва дар боло Худо истода буд. Ӯ ба Яъқуб гуфт:
– Ман Худованд ҳастам, ки бо Иброҳим ва Исҳоқ гап мезад. Заминеро, ки дар он хобидаӣ, ман ба ту ва авлодонат медиҳам. Онҳо хеле бисёр мешаванд. Ва ба воситаи онҳо ҳамаи халқҳои замин баракат меёбанд. Ба ҳар ҷое ки равӣ, Ман бо ту мешавам, Яъқуб, ва туро нигаҳбонӣ мекунам.
Дар ин вақт Яъқуб бедор шуд. «Ин фақат хоб набуд, – фикр кард ӯ. – Худи Худо дар ин макон аст! Ӯ бо ман гап зад!»
Яъқуб сангеро, ки дар зери сараш буд, гирифта, ҳамчун ёдгорӣ рост гузошт. Яъқуб дуо гуфт: «Худоё, агар Ту дар ин сафари тӯлонӣ ва хатарнок маро нигаҳбонӣ намуда, сиҳату саломат бозгардонӣ, ман тамоми умр Туро парастиш мекунам ва ба Ту хизмат менамоям, ва даҳяки ҳамаи он чиро, ки ба ман ато мекунӣ, ба Ту медиҳам».
Саволҳо барои муҳокима
3 саволЧаро Яъқуб хонаашро тарк карда,ба кишвари дурдаст рафт?
Ӯ чӣ хобе дид?
Худо ба Яъқуб чӣ гуфт?