
Писари ваъдашуда
Китоби Муқаддас, китоби Ҳастӣ 15; 18:1-22; 21:1-6
Ва ӯро берун оварда, гуфт: «Ба осмон нигоҳ кун, ва ситорагонро шумор, агар онҳоро шумурда тавонӣ»... «Насли ту ҳамин қадар мешавад». Ва ба Парвардигор имон овард, ва ин барои ӯ росткорӣ ҳисобида шуд.
Иброҳим ва Соро дар замини Канъон дар хайма зиндагӣ мекарданд. Онҳо фарзанд надоштанд. Иброҳим ва Соро пиронсол шуда буданд. Иброҳим аллакай қариб сад сола буд, ва Соро – қариб навад сола.
Боре шабона Худо ба Иброҳим гуфт:
– Ба осмон нигоҳ кун. Чиро мебинӣ? Осмон пур аз ситораҳо буд ва онҳо он қадар бисёр буданд, ки ҳисоб карданашон ғайриимкон буд.
Худо гуфт:
– Дар ин осмон ҳар қадар ситора бошад, миқдори авлоди ту ҳамин қадар зиёд мешавад; ва онҳо дар замини Канъон хоҳанд зист. Ва халқҳои бадкирдор аз ин замин ронда мешаванд.
Иброҳим он вақт фарзанд надошт, аммо ӯ бовар кард, ки Худо ваъдаи Худро иҷро мекунад. Иброҳим ба ҳар ваъдаи Худованд бовар карда, дуруст рафтор менамуд, чунки Худо ҳамеша рост мегӯяд ва ҳамеша Каломи Худро ба ҷо меоварад.
Боре Иброҳим дар хаймаи худ нишаста буд. Вақт ба нисфирӯзӣ наздик мешуд, Иброҳим ногоҳ одамонеро дид, ки ба хайма наздик мешуданд. Ӯ ба пешвози онҳо давида, таъзим намуд ва ба яке аз мусофирон гуфт:
– Хоҷаам, хоҳиш мекунам ба хаймаи ман дароед. Ман мефармоям, ки об оварда, пойҳои шуморо шӯянд. Ман шумоёнро зиёфат мекунам, то ки истироҳат кунед ва роҳи худро давом дода тавонед. Се мусофир розӣ шуданд, ки дар хаймаи Иброҳим истироҳат кунанд.
Шумо чӣ фикр доред, ин одамон киҳо буданд? Онҳо Фариштаҳо буданд. Онҳо аз осмон омаданд, то ки ба Иброҳим аз Худо хабари хуш оваранд. Шумо медонед, ки Худо гоҳо Фариштаҳоро мефиристад, то ки ба одамон хости Худро расонад?
Фариштаҳо дар сояи дарахт дар назди хайма нишастанд, Соро бошад дар хайма монд. Иброҳим ба Соро гуфт:
– Зуд орди беҳтаринро гирифта, нон паз!
Баъд Иброҳим гӯсолаи хуберо интихоб намуда, ба яке аз хизматгорон гуфт:
– Зуд инро тайёр кун.
Ҳангоме ки ҳама чиз тайёр буд, Иброҳим худаш хӯрокҳоро ба меҳмонон пешкаш намуд. То даме ки онҳо хӯрок мехӯрданд, Иброҳим дар зери дарахт назди онҳо истода буд.
Ҳангоми хӯрокхӯрӣ яке аз меҳмонон пурсид:
– Занат Соро куҷост?
Иброҳим гуфт:
– Ӯ дар хайма аст.
Он гоҳ дар ҷавоб гуфт:
– Пас аз як сол дар ҳамин вақт ман боз ба назди ту меоям ва Соро соҳиби писар мешавад.
Соро суханони Фариштаро мешунид ва бовар карда наметавонист, ки дар ин синни пиронсолӣ ӯ писар таваллуд мекунад ва ӯ дарунакӣ ханда кард.
Фаришта гуфт:
– Чаро Соро хандид? Ӯ ҳақиқатан писардор мешавад! Магар барои Худованд ягон чиз ғайриимкон ҳаст?
Меҳмонон бархестанд, то ки роҳашонро давом диҳанд ва Иброҳим онҳоро каме гусел карда, ба хаймаи худ баргашт.
Оё Худо ваъдаи Худро ба ёд овард? Албатта, пас аз як сол Соро ҳақиқатан писар таваллуд кард! Ӯро Исҳоқ ном доданд. Иброҳим ва Соро аз ӯ хеле хушнуд буданд. Ӯ писари итоаткор буд ва Худо ӯро дӯст медошт.
Ҳамин тариқ Худо ваъдаи Худро иҷро намуд. Ӯ гуфт, ки Иброҳим ва Соро соҳиби писар мешаванд ва Ӯ ба онҳо писар дод. Иброҳим хуб кард, ки ба ваъдаи Худо бовар намуд ва Худо аз он хушнуд буд, ки Иброҳим ба суханони Ӯ бовар намуд ва ин «барои ӯ росткорӣ ҳисобида шуд».
Ваъдаҳои Худо сазовори он мебошанд, ки ба онҳо пурра бовар кунем, чунки Ӯ тавоно аст ва барои Ӯ ҳеҷ чиз ғайриимкон нест!
Саволҳо барои муҳокима
5 саволХудо ба Иброҳим чӣ қадар авлодро ваъда дод?
Иброҳим Фариштаҳоеро, ки дар шакли мусофирон назди ӯ омаданд, чӣ тавр қабул намуд?
Онҳо ба Иброҳим ва Соро чӣ хабар оварданд?
Оё Худо ваъдаи Худро иҷро кард?
Чаро Худо ба Иброҳим муносибати хуб дошт?