
Яъқуб ва Эсов
Китоби Муқаддас, китоби Ҳастӣ, бобҳои 24, 25, 27
Эсов гуфт: … аз ин нахустзодагӣ ба ман чӣ фоида?
Замоне гузашт, Исҳоқ мард шуд. Ӯ Ривқоро ба занӣ гирифт, ва онҳо соҳиби ду писар шуданд: Эсов ва Яъқуб. Онҳо дугоник буданд, аммо ба якдигар тамоман монанд набуданд.
Эсов, калонӣ, шахси мустақил, боқувват ва озодидӯст буд. Ӯ тиру камонро гирифта, дар кӯҳу дашт шикор карда гаштанро дӯст медошт. Бисёр вақтӯ рӯзҳои дароз, ва ҳатто ҳафтаҳо дар хона набуд. Ва ҳангоме ки бармегашт, қариб ҳамеша ягон ҳайвонеро шикор карда меовард. Эсов писари дӯстдоштаи Исҳоқ буд.
Яъқуб бошад писари дӯстдоштаи Ривқо буд. Бар хилофи бародараш, ӯ ором ва хоҳони саргузаштҳо набуд. Яъқуб одоби рафторро медонист, хушсухан буд ва ҳамеша либоси тозаву озода дар тан дошт. Беш аз ҳама ӯ дар хона, дар назди хаймаҳо буд, ва ба калонсолон дар ҳар гуна корҳои рӯзғор ёрӣ медод.
Эсов бародари калонӣ буд. Агарчи ӯ ҳамагӣ як чанд лаҳза калонсолтар буд, ин ба ӯ ҳуқуқ медод, ки вориси асосӣ ҳисобида шавад.
Ҳамчунин маълум буд, ки падар пеш аз марг фақат яке аз бародаронро баракат дода метавонад. Ин баракат маънои некӯ аҳволӣ, тавоноӣ, ва низафзунии оила, ғуломон ва хизматгорон, чорво ва ҳама чизи дигарро дошт, ки минбаъд ба ихтиёри писар мегузашт. Дар айни замон ин маънои баракати Худоро ба ин писар дошт. Аз рӯи анъанаи он замон ин баракати махсус ба писари калонӣ, яъне ба Эсов дахл дошт.
Ин боиси озурдахотирии Яъқуб мешуд. Ӯ хеле мехост вориси асосӣ бошад. Ва натанҳо аз он сабаб ки он гоҳ ӯ ҳиссаи дучанди молу мулкро ба мерос мегирифт. Барои ӯ ҳамчунин он чиз муҳим буд, ки ҳамроҳи баракати падар ҳусни таваҷҷӯҳи Худоро ба даст оварад. Эсов бошад, баръакс,ба афзалиятҳои нахустзодагӣ на он қадар аҳамият медод. Ӯ танҳо ба шикор шавқ дошт.
Боре Эсов боз ба шикор рафт, Яъқуб бошад ба модараш дар корҳои хона ёрӣ медод. Дар берун гулхане фурӯзон буд, ки ӯ дар он оши наск мепухт. Бӯи хуши хӯрок ҳанӯз аз дур ҳис карда мешуд. Эсов хаста шуда аз шикор баргашт. Ӯ муддати зиёд дар гирду атроф дар ҷустуҷӯи сайд гашта буд, аз ҳамин сабаб ҳозир ӯ хеле гурусна буд. Ғайр аз ин, табъи ӯ хира буд, зеро ҳеҷ чиз сайд накарда буд. Асбобу анҷоми шикорро ба замин партофта, ӯ гуфт:
– Ба ман ягон чизи хӯрданӣ деҳ.
Яъқуб, бисёр фикр накарда, гуфт:
– Дар ивазаш ҳуқуқи нахустзодагии худро ба ман деҳ!
– Марҳамат, ман зид нестам! Ҳуқуқи нахустзодагӣ ба ман чӣ даркор аст, – бо содагӣ гуфт Эсов. – Охир дер ё зуд ҳамаи мо мемурем.
Ҳамин тавр Эсов ҳуқуқи нахустзодагии худро ба як коса оши наск иваз кард. Яъқуб бошад дарунакӣ ба ҳоли ӯ механдид. Қадами аввалин гузошта шуд. Акнун ӯ бояд корро чунон мегардонд, ки падараш на Эсавро, балки ӯро баракат диҳад.
Солҳо гузаштанд. Исҳоқ нобино шуда буд ва аллакай аз ҷойгаҳ бархеста наметавонист. Боре ӯ Эсовро назди худ ҷеғ зад.
– Ман ба зудӣ мемурам, писарам, – гуфт ӯ. – Аз ҳамин сабаб мехоҳам баракати падаронаро ба ту диҳам, зеро ту писари калонии ман ҳастӣ. Тиру камонатро гирифта, бароям ягон чизро сайд кун. Онро ҳамон тавре ки ман дӯст медорам, пухта ба ман биёр, ва ман туро баракат медиҳам.
Эсов тиру камони худро гирифт ва ба ҳеҷ кас ҳеҷ чиз нагуфта рафт. Аммо Ривқо, модари ӯ, аз паси пардаи тунуки хайма суханони Исҳоқро шунид.
Ривқо фикр кард: «Пас, шавҳарам Эсовро баракат додан мехоҳад! Аммо охир Худо замоне ба ман гуфта буд, ки Яъқуб бара- кат меёбад! Ғайр аз ин, Яъқуб писари дӯстдоштаи ман аст... Ман бояд чӣ кунам?»
Ривқо назди Яъқуб давида, он чиро, ки шунид, ба ӯ гуфт. Баъд ӯ оҳиста гуфт:
– Ба ман ду бузғола оварда, бикуш. Ман онҳоро чунон мепазам, ки Эсов ҳамеша он тавр мепазад. Ва ту худро Эсов вонамуд карда, хӯрокро назди падарат мебарӣ. Ва падар туро баракат медиҳад.
Қариб нисфи рӯз гузашт, то даме ки ҳама чиз тайёр карда шуд. Ривқо либоси Эсовро гирифта ба Яъқуб дод. Ӯ онро пӯшид. Баъд Ривқо ба дастон ва гардани Яъқуб пӯсти бузғолаҳоро баст, то ки Исҳоқ ӯро аз рӯи пӯсти ҳамвораш нашиносад (дастони Эсов пур аз мӯй буданд). Яъқуб хӯрокро гирифта ба хайма назди падар рафт.
– Инак ман омадам, падар, – гуфт ӯ.
Исҳоқ сарашро бардошта пурсид:
– Ту кистӣ?
Яъқуб ба падар дурӯғ гуфт:
– Ин манам, Эсов, нахустзодаи ту. Ман он чиро, ки хоҳиш кардӣ, тайёр кардам. Бигир, аз сайди бирён бихӯр, ва баъд маро баракат деҳ.
Ин суханон Исҳоқро хавотир карданд. Овози Эсов аҷиб метофт.
– Писарам,наздик биё, ман мехоҳам туро даст-даст карда бинам,
– гуфт ӯ.
Аз тарс дар пешонии Яъқуб қатраҳои арақ пайдо шуданд. Агар падар ҳозир фиреби ӯро ошкор кунад, чӣ мешавад?
Исҳоқ писарашро даст-даст кард, аммо дастонаш фақат то он ҷое мерасиданд, ки пӯсти бузғолаҳо буд.
– Аҷиб, – гуфт Исҳоқ, – овозат чун овози Яъқуб, аммо дастонат чун дастони Эсов. Ба ман росташро бигӯ: оё ту Эсов ҳастӣ?
– Ҳа! – ҷавоб дод Яъқуб. – Ман Эсов ҳастам!
Хӯрокро хӯрда, Исҳоқ гуфт:
– Ба ман наздик биё, писарам, ва маро бӯса кун!
Яъқуб чунин кард. Исҳоқ бӯи либоси Эсовро ҳис кард, ва ин шубҳаи охирини ӯро бартараф намуд.
– Аз ту, писарам, бӯи алафзорҳои паҳновар меояд, ки Худо ба мо ваъда додааст. Пеш омада, ба зону биист!
Ҳангоме ки Яъқуб назди ҷойгаҳи падар ба зону истод, падар ба сари писараш даст гузошт. Баъд ӯ тантанавор гуфт:
– Бигузор Худо ба ту аз самари замин ва аз чорво ба таври фаровон ато кунад. Бигузор халқҳои дигар ба ту хизмат кунанд, ва бародарат ба ту хизмат кунад. Касоне ки туро лаънат мекунанд, бигузор гирифтори лаънат шаванд, ва касоне ки туро баракат медиҳанд – баракат ёбанд.
Ҳангоме ки Яъқуб аз хайма баромад, Эсов аз шикор баргашт.
– Инак, ман омадам, падар, – гуфт ӯ, – ман бароят хӯроки мехостаатро тайёр кардаам. Метавонӣ маро баракат диҳӣ.
– Чӣ? Пеш аз ту кӣ ба назди ман омада буд? –хавотир шуда пурсид Исҳоқ. Ман киро баракат додам?
Акнун ҳама чиз ошкор шуд.
– Яъқуб бори дуюм маро фиреб дод! – нидо кард Эсов. – Аввал ӯ бо фиреб ҳаққи нахустзодагии маро гирифт, ва акнун– баракати падарро! Магар ту наметавони маро низ баракат диҳӣ, падар?
– Не, писарам, – ҷавоб дод Исҳоқ ғамгин шуда. – Баракатеро, ки Худо ба нахустзода ваъда кардааст, ман фақат як бор дода метавонам. Ман туро низ баракат медиҳам, аммо аз ҳар дуи шумо ту якум намешавӣ.
Саволҳо барои муҳокима
4 саволПисарони Исҳоқ чӣ ном доштанд? Онҳо бо чӣ кор машғул мешуданд?
Исҳоқи нобино чӣ карданӣ буд, ҳангоме ки Эсовро барои сайд фиристод?
Ривқо дар фиреб додани Исҳоқ чӣ иштироке дошт?
Оё бо наздикон он тавре ки Яъқуббо бародар ва падараш кард, рафтор кардан дуруст аст? Чаро?