
Эҳёи Исо
Китоби Муқаддас, Инҷили Матто, боби 28, оятҳои 1-8
"Пас аз гузаштани шанбе, сапедадами рӯзи якуми ҳафта, Марями Маҷдалия ва он Марями дигар барои дидани қабр омаданд.
Ногоҳ заминҷунбии сахт рӯй дод; чунки фариштаи Худованд аз осмон фуромада, сангро аз даҳанаи қабр ғелонд ва бар он нишаст... Посбонон аз вай тарсида, ба ларза афтоданд ва монанди мурда шуданд. Аммо фаришта ба занон рӯ оварда, гуфт: "Натарсед, зеро медонам, ки Исои ба салиб кашидашударо ҷустуҷӯ мекунед. Ӯ дар ин ҷо нест, зеро, чунон ки гуфта буд, зинда шуд... ва ба зудӣ рафта, ба шогирдонаш гӯед, ки Ӯ аз мурдагон бархест".
Дар нимторикии пеш аз субҳ якчанд занҳои ғамгин– ду Марям ва Салӯмит, дар кӯчаҳои танги Уршалим қадам мезаданд. Чаро чеҳраҳои онҳо ин гуна ғамгин мебошанд? Як воқеаи даҳшатовар рӯй дод: Исо, ки ба ҳар яки онҳо бисёр некиҳо карда буд, акнун мурдааст! Онҳо акнун наметавонистанд суханони Ӯро шунаванд, наметавонистанд ба Ӯ ёрӣ диҳанд, чунон ки пештар мекарданд. Ҳозир онҳо мехоҳанд охирин амали эҳтиром ба Устодашонро ба ҷо оваранд – ба ҷасади беҷони Ӯ моддаҳои хушбӯй моланд.
Дар роҳ занҳо хеле дар ташвиш буданд: чӣ тавр онҳо санги калонеро, ки даҳони ғорро пӯшондааст, ба як тараф ғелонанд? Ниҳоят онҳо ба боғе расиданд, ки дар он қабри Исо буд. Аммо ин чист? Санг як тараф ғелонида шудааст, даромагоҳи ғор кушода аст! Занҳо наздиктар омаданд. Дар атроф касе набуд. Бо эҳтиёт нигариста, занҳо беҷуръатона ба дарун даромаданд. Дар он ҷо онҳо диданд, ки хараки сангине ки ҷасади Исо бар он гузошта шуда буд, холӣ аст! Чӣ рӯй дод? Наход кассе ҷасади Исоро дуздида бурда бошад?
Онҳо намедонистанд, ки ин вақт Исо аллакай боз зинда буд. Ана аз ҳамин сабаб ҷасади Ӯ дар қабр набуд. Пагоҳии барвақт бузургтарин муъҷиза рӯй дод: Масеҳ эҳё шуд! Аз осмон Фаришта фуруд омадва санги даҳони ғорро як тараф ғелонд, то ҳар каси меомада боварӣ ҳосил карда тавонад, ки Исо дар он ҷо нест. Сарбозоне ки қабрро посбонӣ мекарданд, тарсида, гурехтанд.
Аммо занҳо инро намедонистанд. Ҳамаи он чи онҳо медиданд, – қабри холӣ буд, ки онро дида Марями Маҷдалия хеле ғамгин шуд. Ӯ дарҳол ба шаҳр давида рафт, то ки ин хабарро ба Петрус ва Юҳанно расонад, то даме ки дигар занҳо фикр мекарданд, ки чӣ кунанд. Ногоҳ онҳо Фариштаро бо либоси дурахшон диданд. Ва ӯ ба онҳо хабари муъҷизаосоро расонд: «Исо зинда аст! Натарсед! Зудтар ба шаҳр баргардед ва ба шогирдон гӯед, ки Исо эҳё шуд!»
Саволҳо барои муҳокима
4 саволДар рӯзи якуми ҳафта чӣ муъҷизаи бузург рӯй дод?
Занҳо он пагоҳӣ ба куҷо ва бо кадом мақсад равона шуданд?
Бо сарбозоне ки қабрро посбонӣ мекарданд, чӣ рӯй дод, ҳангоме ки онҳо Фариштаро диданд?
Фаришта ба занҳо чӣ гуфт?