Ба салиб кашида шудани Масеҳ

Ба салиб кашида шудани Масеҳ

Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 23, оятҳои 33-49

«Ва чун ба ҷое ки «Косахонаи сар» ном дорад, расиданд, дар он ҷо Ӯро ва он ҷинояткоронро ба салиб кашиданд, якеро аз дасти рост ва дигареро аз дасти чапи Ӯ. Исо гуфт: «Эй Падар! Инҳоро бахш, зеро намедонанд чӣ мекунанд». Ва либоси Ӯро қуръа партофта, тақсим карданд. Ва мардум истода, тамошо мекарданд... Тақрибан соат шаши рӯз буд, ки тамоми заминро то соати нӯҳ торикӣ фаро гирифт. Офтоб тира шуд, ва пардаи ибодатхона ду пора шуд. Ва Исо бо овози баланд нидо кард: «Эй Падар! Рӯҳи Худро ба дасти Ту месупорам». Ва инро гуфта, ҷон дод».Дастаи сарбозони румӣ, бо овози баланд бонг зада ва бо қамчинҳо пеш ронда, Исо ва ду ҷинояткори дигарро, ки ба қатл маҳкум шуда буданд, ба ҷое мебурданд, ки румиён одатан ҷинояткоронро ба салиб мекашиданд. Мардуми зиёде аз пайи онҳо мерафтанд. Ҷои қатл Ҷолҷолто ё Косахонаи сар ном дошт. Ҷазои иловагӣ чунин қоида буд: маҳкумшударо латукӯб карда, маҷбур мекарданд, ки салиби худро бардошта барад. Аз ҳамин сабаб ба Исо лозим омад, ки салиби вазнини чӯбинро бардошта барад.Дар байни роҳ Ӯ тамоман беҳол шуд. Сардори даста ба шахси дигаре, ба Шимъуни Қуринӣ фармуд, ки салибро ба ҷои Исо бардошта равад. Дар байни издиҳоме ки аз пайи Исо мерафт, бисёр заноне буданд, ки азобҳои Ӯро дида, мегиристанд.Ба қатлгоҳ расида, сарбозон Исоро ба салибе ки дар замин буд, мехкӯб карданд. Онҳо чуқурӣ канда, салибро ба он монданд ва мустаҳкам карданд. Бо ду маҳкумшудаи дигар низ сарбозон ҳамин тавр карданд. Салибҳои онҳо аз ду тарафи Исо гузошта шуданд.Исоро ба қатл гоҳ якчанд дӯстони наздикаш – мардон ва занҳо ҳамроҳӣ мекарданд. Занҳо мегиристанд. Каме дуртар касоне истода буданд, ки ба ҳоли Исо механдиданд: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба Худат ёрӣ деҳ ва аз салиб фаро! Он гоҳ мо ба Ту имон меоварем!»Яке аз ғоратгароне ки ба салиб кашида шуда буд, Исоро дашном медод. Дигарӣ бошад, баръакс,ба ӯ мегуфт: «Бас кун! Мо аз рӯи адолат, мувофиқи аъмоли худ ҷазо дода шудаем, аммо Ӯ ҳеҷ кори бад накардааст»! Баъд ӯ ба Исо муроҷиат намуд: «Худовандо, ҳангоме ки ба Подшоҳии Худ расӣ, маро баёд овар!» Исо ҷавоб дод: «Ба ту ваъда медиҳам: худи ҳамин рӯз бо Ман дар биҳишт мешавӣ!»Пас аз ин ногоҳ тамоми атрофро торикии ғафс фаро гирифт. Замин ба ларза омад.Азобҳои ҷисмонии Исо беандоза сахт буданд, аммо азобҳои рӯҳӣ боз ҳам вазнинтар буданд. Гуноҳҳои тамоми ҷаҳон бар Ӯ буданд. Бо гузаштани якчанд соати азобҳои тасвирнопазир Ӯ бо азобҳои танҳоӣ фаро гирифта шуда, нидо кард: «Худои Ман! Худои Ман! Чаро Ту Маро тарк кардаӣ?» Исо тамоми хашми Падари Осмониро барои гуноҳҳои ҳамаи одамон дар Худ ҳис кард, ғазаберо, ки ҳеҷ як гуноҳкор ба он тоб оварда наметавонад. Фақат Масеҳ, Худо ва Одам, ба он тоб оварда тавонист.Торикӣ аз байн рафт ва Исо суханони охирини Худро гуфт: «Иҷро шуд!»; «Эй Падар! Рӯҳи Худро ба дасти Ту месупорам!» Инро гуфта, сараш поин шуд ва Ӯ ҷон дод...Худи ҳамон бегоҳ Юсуф узви шӯро, шахси боэътибор ва сарватманд, ки Исоро дӯст медошт, аммо аз боиси тарс пештаринро пинҳон медошт, назди Пилотус рафта, аз ӯ иҷозат хост, ки ҷасади Исоро аз салиб фароварда, аз рӯи анъанаи яҳудӣ дафн кунанд. Пилотус иҷозат дод.Никӯдимус, ки шабона назди Худованд омада буд ва аз ҳамон вақт пайрави пинҳонии Масеҳ буд, ба Юсуф мадад мерасонд. Ӯ ҳамаи он чиро, ки ба яҳудиён ҳангоми дафни мурда даркор буд, овард: матоъро, ки ҷасади мурдаро ба он мепечонданд, ва хушбӯиҳо аз мурр ва уд. Ҷасади Исоро боэҳтиёт кафанпеч карданд ва равған молиданд. Баъд онҳо ӯро ба қабри наве ки дар сахра дар назди қатлгоҳ канда шуда буд, бурданд. Ба даромадгоҳи қабр санги калони ҳамворро ғелонда маҳкам карданд, ва ба хона баргаштанд.Рӯзи дигар саркоҳинон ва фарисиён ба ёд оварданд, ки Худованд мегуфт, ки Ӯ дар рӯзи сеюм эҳё мешавад. Онҳо назди Пилотус омада, хоҳиш карданд, ки ӯ ба онҳо сарбозонро барои посбонии қабри Исо диҳад. Онҳо метарсиданд, ки шогирдони Исо ҷасади Ӯро дуздида, мегӯянд, ки Ӯ эҳё шуд. Пилотус ба онҳо барои посбонии қабр сарбозонро ҷудо кард. Зиёда аз ин, барои он ки ҳама гунна имконияти ба қабр даромадан ғайриимкон шавад, яҳудиён ба қабр мӯҳр заданд. Ҳамин тавр ҳукуматдорон Исои мурдаро бо ҷидду ҷаҳд посбонӣ мекарданд, зеро метарсиданд, ки аз боиси Ӯ ба нохушиҳо дучор мешаванд.

Саволҳо барои муҳокима

5 савол
  1. Исоро ба куҷо бурданд, то ки ба салиб кашанд? Кӣ барои бардошта бурдани салиб ба Ӯ ёрӣ дод?

  2. Ин суханони Масеҳро чӣ тавр бояд фаҳмид: «Эй падар! Инҳоро бубахш, зеро намедонанд чӣ мекунанд!

  3. Чаро марги Исо барои мо ин қадар муҳим аст?

  4. Чӣ тавр Юсуф аз Ромо исбот кард, ки ӯ Исоро дӯст медорад? Ӯ чӣ кард?

  5. Чаро аъзоёни шӯрои пирон пас аз марги Худованд ин қадар дар ташвиш буданд?

87. Ба салиб кашида шудани Масеҳ00:00 / 09:05