
Исо дар назди Пилотус
Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 23, оятҳои 1-25
"Боз Пилотус ба онҳо сухан ронд, чунки мехост Исоро озод кунад. Лекин онҳо фарёд зада, гуфтанд: "Ӯро ба салиб каш, ба салиб каш!" Бори сеюм вай ба онҳо гуфт: "Ӯ чӣ бадӣ кардааст? Ҳеҷ гуноҳи сазовори марг дар Ӯ наёфтам; пас, Ӯро қамчинкорӣ карда, озод мекунам". Вале онҳо бо фарёди баланд якравона талаб мекарданд, ки Ӯ ба салиб кашида шавад; ва фарёди онҳо ва сардорони коҳинон ғолиб омад.
Ва Пилотус қарор дод, ки талаби онҳо иҷро шавад, ва шахсеро, ки барои шӯриш ва куштор дар зиндон нишаста буд... озод кард; ва Исоро ба ихтиёри онҳо супурд".
Пагоҳии рӯзи дигар сарбозон Исоро назди Пилотус, намояндаи қайсари Рум оварданд. Ӯ бояд қарор медод, ки оё Исоро қатл кунад ё не. Дар назди қасри ӯ аллакай издиҳоми калоне ҷамъ шуда буд. Пилотус бо овози баланд ба ҷамъ шудагон гуфт:
– Ман дар ин Исо гуноҳи сазовори қатл намебинам. Ва аз ҳамин сабаб ман мефармоям, ки Ӯро ҷазо дода, сар диҳанд.
– Не, не! – фарёд карданд одамон дар издиҳом, – Ӯро ба салиб каш, Ӯро ба салиб каш!
Пилотус чӣ кор карда метавонист? Ин одамон ӯро маҷбур мекарданд, ки ба Исо ҳукми қатл барорад. Аммо Пилотус боварӣ дошт, ки Ӯ бегуноҳ аст. Ҳамин вақт ба сараш фикре омад: "Анъанае ҳаст, ки ҳангоми иди Фисҳи яҳудиён як маҳбусро озод мекунанд. Агар ман ба онҳо пешниҳод кунам, ки байни Бараббоси одамкуш ва Исо интихоб кунанд, онҳо албатта Исоро афзал медонанд". Ва Пилотус бо овози баланд гуфт:
– Дар ин сол киро бароятон озод кунам: Исоро ё Бараббосро?
– Бараббосро, Бараббосро, Бараббосро! – дод мезад халқ.
Фарёдҳои мардум то ҳавлии дарунии қаср рафта мерасиданд. Сарбозони румӣ дар он ҷо Исоро азоб медоданд. Пас аз латукӯби бераҳмона онҳо Ӯро масхара кардан гирифтанд. Онҳо ба Ӯ ҷомаи кӯҳнаи арғувонро ба Ӯ пӯшонданд (ҷомаи арғувонро подшоҳон мепӯшиданд), ва тоҷе аз хор бофта ба сараш гузоштанд. Ва истеҳзо намуда, бо овози баланд дод мезаданд:
– Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён! – Ва Ӯро чунон бо қамчинҳо мезаданд, ки тамоми баданаш хуншор шуд.
Пилотус умедвор буд, ки пас аз ҳамаи ин таҳқирҳо ва азобҳо, ки Исо бо фурӯтанӣ аз сар гузаронд, мардум ба Ӯ дилсӯзӣ мекунанд. Ӯ Исоро ба назди мардум баровард, аммо ҳеҷ дилсӯзӣ изҳор накард. Издиҳом дод мезад:
– Ӯро ба салиб каш! Ӯро ба салиб каш!
Пилотус аллакай илоҷеро намедид. Ӯ фармуд, ки дастшӯяк биёранд, ва дастонашро дар пеши тамоми халқ шуста, гуфт:
– Ман аз хуни ин Росткор бегуноҳ ҳастам; худатон медонед! Ман мефармоям, ки Ӯро ба салиб кашанд, аммо айби ин амал бар гардани шумо мешавад!
Баъд Пилотус фармуд, ки Бараббосро озод кунанд, ва сарбозони румӣ масхара ва таҳқир кардани Исоро давом медоданд.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволЧӣ тавр Пилотус умед дошт Исоро аз нафрати мардум халос кунад?
Чаро халқ Бараббосро интихоб намуд?
Исо ба кадом ҷазои пуразоб дучор шуд?