Исоро инкор кардани Петрус

Исоро инкор кардани Петрус

Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 22, оятҳои 54-62

"Ва Ӯро дастгир карда бурданд, ва ба хонаи саркоҳин оварданд. Ва Петрус аз дур аз пайи онҳо равона шуд. Ҳангоме ки онҳо дар рӯи ҳавлӣ оташ афрӯхта, гирди он якҷоя нишастанд, Петрус низ дар миёни онҳо нишаст. Ва канизе вайро назди оташ нишаста дид ва... гуфт: "Ин ҳам бо Ӯ буд". Лекин вай Ӯро инкор карда, гуфт: "... Ӯро намешиносам". Пас аз муддате як одами дигар... гуфт: "Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ". Аммо Петрус гуфт: "... ман аз онҳо нестам". Чун тахминан як соат гузашт, боз як каси дигар таъкид карда, гуфт: "Ба ростӣ ин ҳам бо Ӯ буд...". Аммо Петрус гуфт: "Эй мард, намедонам, чӣ мегӯӣ". Ва ҳанӯз вай сухан меронд, ки хурӯс бонг зад. Ва Худованд рӯй гардонда, ба Петрус нигарист; он гоҳ Петрус суханони Худовандро ба ёд овард... Ва... берун рафта, зор-зор гирист".

Пагоҳии рӯзи панҷшанбе фаро расид. Исоро назди саркоҳин Қаёфо бурданд. Дар хонаи ӯ шӯрои пирон (маҳкамаи олии динӣ) ҷамъ шуд, то ки Исоро пурсуков карда,ба Ӯ ҳукм барорад.

Петрус дар масофаи муайян аз пайи Устодаш мерафт. Ӯ ба ҳавлии хонае ки дар он ҷо Исоро пурсуков мекарданд, даромада тавонист. Ҳаво хунук буд, сарбозон ва хизматгорон дар ҳавлӣ оташ афрӯхта, дар назди он гарм мешуданд. Петрус назди онҳо нишаст.

– Ту ҳам яке аз шогирдони ин Исо ҳастӣ, ё ман хато мекунам? – ногоҳ яке аз занҳо ба ӯ муроҷиат намуд.

– Не, не, – шитобон гуфт Петрус. Ҳамин тавр ӯ бори аввал Исоро инкор кард, агарчи ба қарибӣ гуфта буд, ки ҳеҷ гоҳ чунин намекунад.

Аз он вақте ки Петрус дар ҳавлӣ дар назди оташ меистод, қариб як соат гузашт. Ӯ ҳамаи он чиро, ки бо Устоди ӯ ҳангоми доварӣ рӯй медод, мушоҳида мекард. Дар байни издиҳом пинҳон шуда, ӯ мехост анҷом ёфтани шӯрои пиронро интизор шавад. Пас аз муддате яке аз хизматгорон ба Петрус нигоҳ карда,гуфт:

– Охир, ту бо Ӯ будӣ-ку!

Петрус эътироз намуд:

– Ман умуман Исоро намешиносам!

Ҳамин тавр ду бор ӯ Худовандро инкор кард.

Дар ин вақт дар толори доварӣ ғавғои зиёд бархест. Исоро тела медоданд, Ӯро масхара мекарданд, баъзеҳо Ӯро мезаданд.

Ва дар ин ҷо боз касе ба Петрус гуфт:

– Ту аниқ яке аз онҳо ҳастӣ. Тарзи гуфторат дар ин бора шаҳодат медиҳад!

Петрус дид, ки бо Устодаш чӣ гуна муносибати бад карданд, аз ҳамин сабаб, барои он ки ҳамтақдири Ӯ нашавад, гуфт:

– Ин Исоро намешиносам!

Дар ин лаҳза хурӯс бонг зада, сар шудани рӯзи навро хабар дод.

Ва ҳамин вақт Петрус ба ёд овард он чиро, ки Исо ҳангоми шоми Фисҳ бегоҳии рӯзи гузашта ба ӯ гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс бонг занад, се бор Маро инкор мекунӣ!» Петрус ба Худованд нигарист, ва дид, ки Устод низ ба ӯ менигарад.

Петрусро шарм ва ғаму андӯҳ фаро гирифт. Ӯ зор-зор гиря кард ва ва аз ҳавлӣ баромада рафт. Ин нигоҳи Устодро ӯ аллакай ҳеҷ гоҳ фаромӯш кардан наметавонист.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Кӣ Петрусро чун яке аз шогирдони Исо шинохт?

  2. Петрус чӣ ҷавоб дод? Чанд бор ин такрор шуд?

  3. Чаро Петрус зор-зор гиря кард?

85. Исоро инкор кардани Петрус00:00 / 05:33