Хиёнати Яҳудо ва ҳабс шудани Исо

Хиёнати Яҳудо ва ҳабс шудани Исо

Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 22, оятҳои 47-54

"Ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак мардуми бисёре пайдо шуданд, ва пешопеши онҳо яке аз он дувоздаҳ, ки Яҳудо ном дошт, равона буд, ва назди Исо омад, то Ӯро бӯсад. Таслимкунандаи Ӯ ишорае ба онҳо дода, гуфта буд: "Ҳар киро бӯсам, Ӯ ҳамон аст. Исо ба вай гуфт: "Эй Яҳудо! Оё Писари Одамро бо бӯса таслим мекунӣ?"

Дар назди боғ издиҳоме пайдо шуд. Одамон бо машъалҳо роҳи худро равшан мекарданд. Онҳо бо шамшерҳо ва калтакҳо мусаллаҳ буданд, мисли он ки барои ҳабс кардани ғоратгар ё одамкуше омада бошанд. Бисёрии онҳо хизматгорони саркоҳинон ва фарисиён буданд, ва пешопеши онҳо Яҳудо, яке аз шогирдон меомад.

– Шумо киро меҷӯед? – пурсид Исо.

Яке аз онҳо ҷавоб дод:

– Исои Носириро.

Исо гуфт:

– Манам.

Яҳудо пешакӣ бо дигарон маслиҳат карда буд: «Барои он ки нофаҳмӣ нашавад, ман ба Устод салом дода, Ӯро мебӯсам. Аз рӯи ин аломат шумо мефаҳмед, ки киро бояд ҳабс кунед».

Ҳангоме ки Яҳудо назди Исо омад, Ӯ оҳиста ба вай гуфт:

– Маро бо бӯса таслим мекунӣ, дӯстам?

Ин суханон ба дили Яҳудо таъсир карданд, аммо ба ҳар ҳол ӯ Худовандро бӯса кард. Дар ин лаҳза хизматгорони саркоҳинон ба пеш давида,Исоро дастгир карданд.

– Чаро шумо маро дар ин ҷо дар байни шаб ҳабс мекунед? Охир Ман ҳар рӯз дар ибодатгоҳ будам, ва шумо Маро ҳабс намекардед, – гуфт Исо ва муқобилат накарда, имкон дод, ки онҳо Ӯро банданд.

Шогирдон диданд, ки Устодро мебаранд, ва аз тарс гурехтанд.

Душманон Исоро ба Уршалим бурданд, ки дар он ҷо Ӯро ҳукми марг интизор буд.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Ғайр аз Исо ва шогирдон, дар ин шаб боз кӣ ба боғи Ҷатсамонӣ омад?

  2. Яҳудо ба Исо наздик шуда,чӣ кор кард?

  3. Чаро Исо ҳангоми ҳабс муқобилат накард?

84. Хиёнати Яҳудо ва ҳабс шудани Исо00:00 / 03:44