Дар боғи Ҷатсамонӣ

Дар боғи Ҷатсамонӣ

Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 22, оятҳои 39-46

"Ва берун омада, аз рӯи одат ба кӯҳи Зайтун рафт; шогирдон низ аз паси Ӯ рафтанд. Ҳангоме ки ба он ҷой расид, ба онҳо гуфт: "Дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед". Ва Худаш ба масофаи партофтани санге аз онҳо дур шуда,

зону зад ва дуо карда, гуфт: "Эй Падар! Кошки ин косаро аз Ман гузарондан мехостӣ; лекин бигзор на хости Ман, балки хости Ту ба амал ояд". Ва фариштае аз осмон бар Ӯ падид омада, ба Ӯ қувват медод. Ва Ӯ дар ранҷи ҷонкоҳ буда, бо ҷаҳди бештар дуо мегуфт; ва арақи Ӯ чун қатраҳои хун буд, ки бар замин мечакиданд".

Исо бо ёздаҳ нафар шогирдон ба он тарафи наҳри Қидрӯн, ки назди Уршалим мегузашт, рафт. Шогирди дувоздаҳум, Яҳудо, бо онҳо набуд. Дар торикии шаб онҳо ба кӯҳи Зайтун равона шуданд, ки Исо бисёр вақт дар он ҷо ба Падари осмонии Худ дуо мегуфт.

Дар доманаи кӯҳ боғе буд, ки Ҷансамонӣ ном дошт, ва дар он дарахтони зайтун мерӯиданд. Дар даромадгоҳи боғ Исо ба шогирдаш гуфт:

– Дар ин ҷо бишинед, ва Ман рафта дар он ҷи дуо мегӯям. – Аммо ба Петрус, Яъқуб ва Юҳанно гуфт, ки онҳо бо Ӯ раванд.

Дар ин лаҳзаҳо Исо пур аз ғаму ғусса буд. Худованд медонист,ки Ӯро чӣ интизор аст. Бори гуноҳҳои ҳамаи одамон бар Ӯ гузошта мешуд, ва Исо ба пешвози азобҳои вазнин ва марг дар салиб мерафт.Натанҳо бадани Ӯ бояд дарди пуразобро аз сар мегузаронд, балки пеш аз ҳама Ӯ бояд азобҳои тоқатфарсои рӯҳиро аз сар мегузаронд. Ӯ, ки гуноҳ надошт, бояд барои ҳамаи гуноҳҳои инсоният ҷазо дода мешуд.

Худованд бо ғаму ғусса ба шогирдони дӯстдоштааш гуфт:

– Ҷонам ба таври марговар андӯҳкин шудааст; дар ин ҷо бо Ман бимонед ва бо Ман бедор бошед!

Чун ҳар гуна одам, Исо ба дастгирии дӯстонаш эҳтиёҷ дошт, Ӯ онҳоро даъват менамуд, ки ҳамроҳи Ӯ дуо гӯянд. Ӯ аз онҳо якчанд қадам дуртар рафта, ба зону истод, ва баъд ба рӯй афтода дуо гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин бошад, ин коса аз Ман гузарад; аммо, на он тавре ки Ман мехоҳам, балки чунон ки Ту мехоҳӣ». Ҳамчун ҳар як одам, Худованд мехост аз дарду азобҳои меомада барканор бошад, аммо чун Писаре ки ба Падари Худ итоаткор аст, Писари Худо гуфт, ки бигузор чунон шавад, ки Худо мехоҳад!

Исо чунон андӯҳгин буда, дуо мегуфт, ки арақи Ӯ, чун қатраҳои хун, ба замин мечакид. Ва Фаришта аз осмонҳо омада, Ӯро қувват дод.

Исо пас аз дуо бархест ва назди се шогирдаш омад, ки аз онҳо хоҳиш карда буд, то ҳамроҳи Ӯ дуо гӯянд. Аммо онҳо дуо намегуфтанд, Исо онҳоро хобида ёфт. Онҳоро бедор карда, Ӯ ба Петрус бо чунин суханон муроҷиат намуд:

– Шимъун! Ту дар хобӣ? Як соат бо Ман бедор будан натавонистӣ?

Исо бо ин мехост ба Шимъуни Петрус ёдрас кунад, ки замоне вай ба Ӯ ваъда дода буд, ки ҳамроҳи Ӯ мемирад ва ҳеҷ гоҳ Ӯро инкор намекунад. Боз ду бор Исо аз шогирдон хоҳиш кард, ки дар дуо Ӯро дастгирӣ кунанд, ва ду бор ҳам назди онҳо баргашта, онҳоро хобида меёфт. Бори сеюм баргашта, Ӯ гуфт:

– Шумо ҳанӯз хобидаед? Соати Ман омад: инак Писари Одам ба дасти гуноҳкорон дода мешавад. Бархезед, меравем: касе ки Маро таслим мекунад, наздик омадааст.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Исо пас аз хӯроки шом ба куҷо равона шуд?

  2. Дар боғи Ҷатсамонӣ Исо чӣ кор мекард? Ӯ аз Падари худ чиро хоҳиш мекард?

  3. Ӯ аз шогирдони Худ чӣ хоҳиш карда буд?

83. Дар боғи Ҷатсамонӣ00:00 / 06:35