Фисҳи охирин

Фисҳи охирин

Китоби Муқаддас, Инҷили Юҳанно, боби 13, оятҳои 1-32

"Пеш аз иди Фисҳ, чун Исо медонист, ки соати Ӯ расидааст, то аз ин ҷаҳон назди Падар равад, Ӯ, ки одамони Худро дар ин ҷаҳон дӯст медошт, онҳоро то ба охир дӯст дошт. Ва пас аз хӯроки шом... ҷомаи Худро кашид ва дастмоле гирифта, ба миён баст; пас аз он ба тағорае об рехта, ба шустани пойҳои шогирдонаш... сар кард...

Пас агар ман, ки Хоҷа ва Устод ҳастам, пойҳои шуморо шустаам, шумо ҳам бояд пойҳои якдигарро шӯед; зеро ба шумо намунае нишон додам, то, чунон ки Ман ба шумо кардам, шумо низ кунед".

Фисҳ барои халқи Исроил иди муҳимтарин буд. Ин дафъа Исо мехост онро бо шогирдони Худ гузаронад.

– Ҳангоме ки ба Уршалим меравед, – гуфт Ӯ ба Петрус ва Юҳанно, – шахсеро во мехӯред, ки кӯзаи обро бардошта мебарад. Аз пайи ӯ ба хонааш равед ва аз ӯ пурсед, ки дар куҷо онҳо иди Фисҳро гузаронда метавонанд. Ӯ ба шумо ҳуҷраи калонеро нишон медиҳад, ки дар он шумо метавонед ҳама чизро тайёр кунед.

Ҳақиқатан, онҳо ҳама чизро ҳамон тавре ёфтанд, ки Исо гуфт.

Бегоҳӣ Исо ва ҳамаи шогирдони Ӯ дар ҳуҷраи калон дар яке аз хонаҳои Уршалим ҷамъ шуданд. Аввал онҳо аз рӯи анъана таронаҳои Забурро хонданд, аммо баъд Исо коре кард, ки тамоман ба маросими идона дохил намешуд. Ӯ ба офтоба об гирифт ва дар назди ҳар яке аз шогирдон ба зону истода, пойҳои онҳоро шустан гирифт. Пои якеро шуста, Ӯ ба дуюмӣ, сеюмӣ... мегузашт. Чашмони шогирдон аз ҳайрат торафт калонтар кушода мешуданд. Ин чӣ маъно дошта бошад? Дар хонаҳои одамони сарватманд хизматгорон буданд, ки пойҳои меҳмононро мешустанд. Аммо охир Исо хизматгори онҳо набуд! Ӯ Устод, Писари Худо буд! Ва дар айни ҳол Ӯ кори хизматгорро мекард!

Ва инак навбати Петрус расид. Ӯ эътироз намуд:

– Худовандо, Ту ҳеҷ гоҳ пойҳои маро намешӯӣ!

Исо ба ӯ нигоҳ кард ва гуфт:

– Агар ту имкон надиҳӣ ки пойҳоятро шӯям, ба Ман тааллуқ дошта наметавонӣ.

Петрус лаҳзае андеша намуд. Гап на танҳо дар бораи шустани пойҳои ӯ мерафт. Исо ба ин амал маънои зиёд дохил менамуд. Пойҳои ҳамаи шогирдонро шуста, Ӯ боз дар назди онҳо каҷ паҳлӯ зад.

– Оё мефаҳмед, ки Ман барои шумо чӣ кардам? – пурсид Ӯ.

Шогирдон хомӯш буданд, чунки дар асл маънои ин амали ӯ барои ҳамаи онҳо нофаҳмо буд.

– Ман ба шумо намуна нишон додам, – фаҳмонд Исо, – то ки шумо низ ҳамин тавр кунед.

«Ҳамин тавр кунем? Хизматгор шавем? Наход Исо дар ҳақиқат аз мо ҳаминро талаб кунад!» – фикр мекарданд шогирдон.

Исо давом медод:

– Шумо Маро Устод ва Худованд мегӯед. Дуруст, чунки Ман ҳақиқатан чунин ҳастам. Аммо, бо вуҷуди ин, Ман пойҳои шуморо шустам. Агар Ман ин корро карда бошам, шумо бояд алалхусус чунин кунед. Хизматгор аз хоҷаи худ бештар нест, ва фиристода беш аз фиристандаи худ нест. Шумо хизматгорон ва фиристодагони Ман ҳастед. Аз ҳамин сабаб, агар ба дигарон хизмат карданатон лозим ояд, афсӯс нахӯред.

Акнун хӯрдани хӯроки шом мумкин буд. Шогирдон хӯрокро оварданд ва интизор буданд, ки Исо дуо гӯяд. Аммо пеш аз дуо гуфтан, Исо бори дигар шогирдонро ҳайрон карда, ёдрас намуд, ки ба қарибӣ кушта мешавад.

– Маро масхара мекунанд, лату кӯб мекунанд ва мекушанд. Аммо дар рӯзи сеюм Ман аз мурдагон эҳё мешавам. Ин суханони Ӯ шогирдонро ғамгин карданд, аммо Ӯ гуфт:

– Ман хеле мехостам маҳз ин Фисҳро бо шумо ҷашн гирам, пеш аз он ки ба азобҳо дучор шуданам лозим ояд. Чунки дафъаи оянда Ман онро аллакай дар ҷаҳони нав, дар Подшоҳии Худо ҷашн мегирам.

Баъд Исо нонро гирифт ва дар дуо барои он шукргузорӣ намуд. Ӯ нонро шикаста ба шогирдон дод.

–Ин Бадани Ман аст, – гуфт ӯ. – Чунон ки ин нон шикаста шудааст, Бадани Ман ҳам барои шумо шикаста мешавад. Барои хотираи Ман ин корро кунед.

Пас аз хӯрокхӯрӣ Исо косаро гирифта,ба он май рехт ва гуфт:

– Ин Хуни Ман аст, ки барои шумо рехта мешавад. Ин аҳди нав аст, ки Худо бо одамон мебандад.

Ӯ косаро ба касоне ки дар наздаш нишаста буданд, дод, ва ҳамаи шогирдон аз он нӯшиданд.

Хӯроки шом ба охир мерасид. Ин ҷашни Фисҳ ба ҷашнҳои пештара тамоман монанд набуд. Шогирдон фақат қисми ками суханони Исоро мефаҳмиданд, аммо онҳо пай мебурданд, ки Ӯ Худаш ҳаёти Худро медиҳад, Ӯ– барраи Фисҳ аст.

Саволҳо барои муҳокима

4 савол
  1. Кӣ бояд дар Уршалим ба ҷашн гирифтани Фисҳ тайёрӣ медид?

  2. Чаро Исо пойҳои шогирдонашро шуст?

  3. Исо бо ин намуна ба шогирдон ва ҳамаи пайравонаш чиро омӯзонданӣ буд?

  4. Худованд барои шогирдони Худ кадом фармударо муқаррар намуд?

82. Фисҳи охирин00:00 / 08:12