Тадҳини Исо дар Байт-Ҳинӣ

Тадҳини Исо дар Байт-Ҳинӣ

Китоби Муқаддас, Инҷили Марқус, боби 14, оятҳои 3-9

Ва ҳангоме ки Ӯ дар Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъуни махавӣ назди дастархон нишаста буд, зане бо зарфи гаҷине пур аз равғани хушбӯйи сунбули холиси гаронбаҳо омад ва зарфро шикаста, бар сари Ӯ рехт. Баъзе касон норозӣ шуда…он занро сарзаниш карданд. Лекин Исо гуфт: "Вайро ором гузоред; чаро вайро меранҷо- нед? Вай барои Ман кори некӯ кард".

Шаш рӯз пеш аз иди Фисҳ Исо бо шогирдони Худ ба Байт-Ҳинӣ омад. Ӯ, чун ҳамеша, ба хонаи Марто, Марям ва Лаъзор рафт. Бегоҳии рӯзи дигар онҳо ҳама якҷоя дар меҳмонии Шимъуни махавӣ буданд, ки Исо пештар ӯро шифо дода буд.

Ҳангоми хӯроки шом Марто ба меҳмонон хизмат мерасонд. Марям бошад бархеста, зарфи гаҷинро бо мурри гаронбаҳо (равғани хушбӯи қиматбаҳо) гирифта, назди Исо омад. Ӯ бо эҳтиёт даҳони зарфи нозукро кушод ва равғани хушбӯйро ба сар ва пойҳои Исо рехт. Баъд мӯйҳои дарози худро кушода, бо онҳо пойҳои Исоро пок кард. Тамоми хона аз бӯи хуши равғани қиматбаҳо пур шуд.

Баъзе аз ҳозирон аз Марям хашмгин шуданд. Онҳо барои ҳамин тариқ сарф шудани мурри гаронбаҳо афсӯс мехӯрданд. Яҳудои Исқарютӣ, ки дертар ба Масеҳ хиёнат карда, гуфт:

– Чаро ин мурри гаронбаҳо ба сесад тангаи нуқра фурӯхта нашуд, то ки ба камбағалон тақсим карда шавад?

Он инро на аз он сабаб гуфт, ки дар ҳаққи камбағалон ин қадар ғамхорӣ мекард, балки аз он сабаб, ки дузд буд. Яҳудо хазинадори ҳаввориён буд ва пулҳоеро, ки бисёр касон барои Исо медоданд, бо худ дошт ва бисёр вақт аз он барои худ мегирифт.

Худованд норозигии шогирдонро дида, гуфт:

– Марям барои Ман кори нек кард. Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд, аммо Ман наҳамеша! Ӯ пешакӣ ба бадани Ман равғани хушбӯй молида, онро барои дафн тайёр кард! Ва дар тамоми ҷаҳон, ҳангоме ки Инҷил мавъиза карда мешавад, ӯро ба кореро ки барои Ман кардааст, ба ёд хоҳанд овард!

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Исо дар Байт-Ҳинӣ ба хонаи кӣ мерафт? Кай Ӯ ба он ҷо омад?

  2. Марям чӣ кор кард?

  3. Кадоме аз шогирдон аз ин кори Марям норозигӣ баён кард?

81. Тадҳини Исо дар Байт-Ҳинӣ00:00 / 03:59