Тангаи бевазан

Тангаи бевазан

Китоби Муқаддас, Инҷили Марқус, боби 12, оятҳои 41-44

"Ва Исо дар рӯ ба рӯи ганҷина нишаста нигоҳ мекард, ки чӣ гуна мардум ба ганҷина пул меандозанд. Аксари сарватмандон бисёр меандохтанд. Ва бевазани камбағале омада, ду танга андохт... Пас шогирдонашро пеши Худ хонда, гуфт: "Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбағал аз ҳамаи ононе ки ба ганҷина андохтанд, бештар дод; зеро ҳама аз зиёдатии худ доданд, лекин вай аз камбағалии худ ҳар чи дошт, андохт, яъне тамоми рӯзии худро дод".

Исо ба Уршалим омада, бо шогирдони Худ ба ҳавлии берунии ибодатгоҳ рафт. Дар он ҷо Ӯ дар назди ганҷина нишаст ва мушоҳида мекард, ки чӣ тавр одамон ба он пул меандохтанд. Ӯ дид, ки яҳудиёни сарватманд бисёр пул меандохтанд, аммо инро намоишкорона мекарданд, то ки дигарон ба онҳо аҳамият диҳанд.

Ва инак бевазане омад ва ба ганҷина ду тангаи хурд андохт. Худованд медонист, ки ин пул барои бевазани камбағал чӣ арзише дошт. Ӯ шогирдони Худро ҷеғ зад ва ба онҳо гуфт:

– Ин бевазан ба ганҷина бештар аз ҳамаи дигарон пул андохт. Чунки ҳама аз зиёдатии дороии худ пул доданд, аммо ин бевазан ҳамаи он чиро, ки дошт, ҳамаи рӯзии худро дод!

Ин барои шогирдон дарси хубе буд. Худованд мехост ба онҳо нишон диҳад, ки Худо на ба андозаи пули ба кори хайр додашуда, балки ба дили каси хайркунанда менигарад! Ҳамин тавр онҳо низ бояд дар оянда рафтор кунанд, ҳангоме ки дар ҳаққи Калисо ғамхорӣ мекунанд.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Чӣ чиз диққати Исо ва шогирдонашро дар ҳавлии берунии ибодатгоҳ ҷалб намуд?

  2. Чаро пулҳои зиёде ки сарватмандон барои ибодатгоҳ медоданд, ба Исо таассурот набахшиданд?

  3. Чаро Исо бевазани камбағалро ба шогирдон ҳамчун намуна нишон дод?

80. Тангаи бевазан00:00 / 03:27