
Исо ба Уршалим ворид мешавад
Китоби Муқаддас, Инҷили Матто, боби 21, оятҳои 1-11
«Шогирдон рафтанд ва он чи Исо фармуда буд, ба ҷо оварданд: модахар ва курраро оварда, ҷомаҳои худро бар онҳо партофтанд, ва Ӯ бар онҳо савор шуд. Мардуми бисёре ҷомаҳои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дарахтонро бурида, бар роҳ густурданд. Ва мардум…фарёд мекарданд: «Ҳӯшионо ба Писари Довуд! Муборак аст Он ки ба номи Худованд меояд! Ҳӯшионо дар арши аъло!»
Иди Фисҳ наздик мешуд. Исо бо шогирдон аз Байт-Анё ба Уршалим равона шуд. Одамони бисёре Ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. То ин вақт Исо борҳо гуфта буд, ки дар Уршалим Ӯро азобҳои зиёд дар пеш мебошанд. Аммо дар аввал ҳамааш чун роҳ паймоии ботантана буд. Издиҳоми одамон Худовандро бо хурсандӣ, шохаҳои нахлро ки рамзи ғалаба, озодӣ буд, алвонҷ дода пешвоз мегирифтанд. Пас, сокинони Уршалим, ки Исоро пешвоз мегирифтанд, умедвор буданд, ки Ӯ орзуи деринаи онҳоро амалӣ мекунад. Подшоҳи Яҳудиён, Масеҳ, ки омадани Ӯро Худо ба воситаи пайғамбарон ваъда дода буд, бояд онҳоро аз зери дасти румиён озод кунад! Исо аз Носира беш аз ҳар каси дигар ба нақши чунин Подшоҳ мувофиқат мекард!
Худованд натанҳо фикру андешаҳои издиҳомро, балки Навиштаи Муқаддасро низ медонист, ки дар он Худо ба воситаи пайғамбар Закарё дар бораи Исо гуфт: «Инак, Подшоҳи ту бар харе... савор шуда, бо фурӯтанӣ назди ту меояд…»
Исо, ки хости Падари осмонии Худро иҷро карданӣ буд, шогирдонро ба деҳаи наздиктарин фиристод, то ки онҳо ба Ӯ куррахареро биёранд. Шогирдон супориши Исоро иҷро карданд. Куррахарро назди Ӯ оварда, онҳо либосҳояшонро бар он густурданд, ва Худованд бар он нишаст.
Одамоне ки Ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, хурсандона дод мезаданд:
– Ҳӯшаъно! Муборак аст Он ки ба номи Худованд меояд! Ҳӯшаъно дар арши аъло!
Калимаи ибронии «Ҳӯшаъно!» чунин маъно дорад: «Худовандо, моро баракат деҳ ва наҷот бахш!»
Баъзеҳо ҳамчунин дод мезаданд: «Ҳалелуё!», ки маънояш чунин аст; «Худоро ситоиш кунед!»
Тадриҷан пешвозгирандагон низ ба ин ҳиссиёти пурҳаяҷон дода шуданд. Ҳама Худоро ситоиш намуда, нидо мекарданд:
– Исо, Ту ҳамон Одаме ҳастӣ, ки Худо барои мадад расондан ба ҳамаи мо фиристодааст!
Одамон шохаҳои нахлро дар даст доштанд, то ки Исоро шодбош гӯянд, ва торафт баландтар дод мезаданд:
– Туро ситоиш мекунем! Ту назди мо чун Фиристодаи Худо омадаӣ! Ту Подшоҳи мо ҳастӣ! Ту ба мо осоиш меоварӣ!
Баъзеи онҳо ҳатто болопӯшҳои худро бароварда бар роҳи пурчанге ки Исо бояд аз он мегузашт, паҳн мекарданд. Онҳо пояндози дароз надоштанд, ки дар назди подшоҳ густурда мешавад, аммо бо вуҷуди ин бо амалҳои худ онҳо мехостанд нишон диҳанд, ки Исо Наҷотдиҳандаи ваъдашуда аст. Ӯ бояд подшоҳи онҳо шавад!
Ба издиҳоми шодикунанда торафт бисёртар одамон ҳамроҳ мешуданд. Ба ҳар ҷо нигоҳ кунӣ, дар ҳама ҷо чеҳраҳои шоду хуррам, табассумҳо, нидоҳои пурваҷд ва тантана буд.
Аммо на ҳама ба ин хурсандӣ шарик буданд. Баъзе фарисиён, ки ин манзараро бо табъи хира мушоҳида мекарданд, назди Исо омаданд ва ба Ӯ гуфтанд:
– Бигӯ, ки инро бас кунанд! Агар румиён фаҳманд, ки онҳо Туро подшоҳ меноманд, Ту бо нохушиҳо дучор мешавӣ. Ва умуман онҳо тамоман намефаҳманд, ки чӣ гуфта, фарёд карда истодаанд. Ба онҳо бигӯ, ки хомӯш шаванд.
Фарисиён ба Исо ҳасад мебурданд, чунки дар байни халқи одӣ Ӯ аз онҳо боэътибортар ва машҳуртар шуда буд. Онҳо метарсиданд, ки эътиборнокӣ ва таъсири худро дар байни яҳудиён аз даст медиҳанд.
– Не, – ҷавоб дод Исо, – агар ин одамон хомӯш шаванд, сангҳо нидо кардан мегиранд. Бигузор онҳо Худоро ситоиш кунанд!
Ва дар айни замон Худованд медонист, ки бисёрии касоне ки ин тавр бо овози баланд Ӯро ситоиш мекарданд, пас аз якчанд рӯз ба Ӯ хиёнат мекунанд ва Ӯро тарк менамоянд. Ва муҳаббати онҳо зуд банафрат табдил меёбад, ва онҳо Ӯро ба салиб мекашанд.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволОдамон аз Исо чиро интизор буданд, ҳангоме ки аз пайи Ӯ ба Уршалим мерафтанд?
Исо ба Уршалим чӣ тавр ворид шуд?
Барои Исо чӣ чизмуҳимтар буд: подшоҳ шудан ё иҷро кардани хости Падари Худ (дар салиб азоб кашидан)? Чаро?