Иброҳим ва Лут

Иброҳим ва Лут

Китоби Муқаддас, китоби Ҳастӣ 13, 18:20-33, 19

Ва Иброҳим ба Лут гуфт: "Зинҳор, дар миёни ман ва ту... кашмакаше набошад; зеро мо хешу табор ҳастем…"

Бо мурури замон Иброҳим ва Лут хеле сарватманд шуданд. Онҳо рамаҳои калони чорвои калон ва хурд, ва низ тилло ва нуқраи зиёд доштанд. Рамаҳои онҳо чунон калон буданд, ки чарогоҳҳо барои онҳо камӣ мекарданд. Байни хизматгорони Лут ва Иброҳим баҳсу мунозираҳо ба миён меомадагӣ шуданд.

Ва Иброҳим ба Лут гуфт:

– Хуб нест, агар чӯпононамон ё худамон бо якдигар ҷанҷол кунем, – охир, мо бо ҳам хешовандем. Биё аз ҳам ба масофае дур мешавем! Агар ту ба чап равӣ, ман ба рост меравам ва баръакс.

Иброҳим ба Лут имкон дод, ки барои худ маҳалли сокиншавиро интихоб кунад. Ва Лут дид, ки водии Урдун хеле ҳосилхез аст. Он чун боғи Худованд, чун биҳишт буд – чунин гуфта шудааст дар Китоби Муқаддас. Ва Лут ба худ ин замини олидараҷаро интихоб намуд.

Ӯ фақат дар бораи худ фикр мекард. Аммо намедонист, ки ин заминро чӣ интизор аст, тасаввур намекард, ки Худованд шаҳри Садӯм ва Амӯроро нобуд мекунад, чунки одамони он хеле бадкирдор буданд. Ва агарчи Лут Худовандро парастиш менамуд, ба фикри ӯ, дар байни сокинони бадахлоқи Садӯм зистан ҳеҷ бадӣ надошт.

Вақт гузашт. Худованд ба Иброҳим дар бораи қарори худ гуфт:

– Халқи Садӯм ва Амӯро гуноҳҳои зиёд содир кардааст. Ва Ман ба он ҷо рафта мебинам, ки оё ин шаҳрҳои фосид сазовори он ҷазое ҳастанд, ки Ман аллакай барои онҳо омода намудаам. Ду Фариштаи Худованд ба Садӯм фиристода шуданд, аммо Иброҳим аз Худо пурсид:

– Шояд дар ин шаҳр панҷоҳ росткор бошанд. Магар Ту ба хотири онҳо ба ин шаҳр раҳм намекунӣ?

Ва Худованд ба ӯ ваъда дод, ки ба хотири ин миқдор росткорон ба шаҳр раҳм мекунад. Гаштаву баргашта Иброҳим ин саволро медод, аммо аллакай бо миқдори камтари росткорон: 45, 30, 20 ва 10. Ва ҳар дафъа Худованд ваъда медод, ки ба хотири ин миқдор росткорон ба шаҳр раҳм мекунад.

Ва он ду Фаришта бегоҳӣ ба Садӯм омаданд, ҳангоме ки Лут дар назди дарвозаи шаҳр нишаста буд, дар ҷое ки одамони обрӯманди шаҳр ҷамъ мешуданд. Онҳоро дида, Лут таъзим намуд ва онҳоро даъват намуд, ки шабро дар хонаи ӯ гузаронанд. Аммо онҳо гуфтанд:

– Не, мо дар кӯча шабро мегузаронем.

Лут медонист, ки сокинони Садӯм бо мусофирон хеле бад муносибат мекунанд, аз ҳамин сабаб исрор намуд, ки мусофирон ба хонаи ӯ дароянд. Ҳанӯз онҳо хӯроки шом нахӯрда буданд, ки дар кӯча ғавғои баланд шунид шуд. Ин сокинони шаҳр буданд, ки аз Лут талаб мекарданд, то мусофиронро ба дасти онҳо диҳанд. Чун онҳо диданд, ки Лут меҳмононашро ҳимоя мекунад, онҳо ба ӯ таҳдид карданд. Аммо Фариштаҳо одамони Садӯмро ба кӯрӣ гирифтор карданд. Ва Фариштаҳо ба Лут гуфтанд:

– Зуд тамоми аҳли оилаатро аз шаҳр берун барор, чунки мо ин шаҳрро барои гуноҳҳояш нобуд мекунем, зеро фиғон аз бадкирдориҳои онҳо то ба Худованд расидааст.

Мутаассифона, домодшавандагонаш ба ӯ бовар накарданд, онҳо гумон карданд, ки ин ҳазл аст ва бо ӯ нарафтанд. Ва Лут ҳанӯз оҳистакорӣ мекард.

Он гоҳ Фариштаҳо ӯ, занаш ва духтаронашро аз дастонашон гирифта, аз шаҳр бароварданд, чунки Худованд ба онҳо раҳм карданӣ буд. Ва Худованд ба онҳо фармуд, ки ба ақиб нигоҳ накарда, гурезанд. Дар роҳ зани Лут, ба Худованд итоат накарда, ба ақиб ба шаҳр нигарист ва ба сутуни намак табдил ёфт. Лут ва духтаронаш гурехта рафтанд…

Ва Худованд аз осмон бар Садӯм ва Амӯро кибрит ва оташро фурӯ рехт. Ин шаҳрҳо, атрофи онҳо ва низ ҳама чизи зинда, ки дар водии Урдун буд, нобуд карда шуд. Дар он ҷое ки ин шаҳрҳо буданд, имрӯз баҳри Мурда ҷойгир шудааст, ки дар Китоби Муқаддас ҳамчунин баҳри Намак номида мешавад.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Лут кадом қисми заминро интихоб намуд, то ки дар он сокин шавад?

  2. Иброҳим кадом саволҳо мепурсид, то фаҳмад, ки оё Худованд ба Садӯм ва Амӯро раҳм мекунад ё не?

  3. Чӣ тавр Худованд бадкирдориро, ки дар ин шаҳрҳо ҳукмфармо буд, мағлуб намуд?

7. Иброҳим ва Лут00:00 / 07:09