
Вохӯрӣ бо Заккай
Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 19, оятҳои 1-10
«Исо... вайро дид ва гуфт: «Эй Заккай! Зуд фуруд ой, зеро имрӯз бояд дар хонаи ту монам». Вай зуд фуромада, Ӯро бо хурсандӣ пазироӣ намуд... Заккай... ба Худованд гуфт: «Эй Хоҷа! Нисфи дороии худро ба бенавоён медиҳам, ва агар чизи касеро ноинсофона гирифта бошам, чор баробар бозмегардонам». Исо ба вай гуфт: «Имрӯз ба ин хона наҷот омадааст».
Дар Ериҳӯ Заккай, сардори боҷгирон зиндагӣ мекард. Ӯ шахси маъруф ва сарватманд буд. Ҷои кори ӯ дар наздикии дарвозаи шаҳри Ериҳӯ буд. Аз дарвоза доимо савдогарон мегузаштанд, ки дар шаҳр бо тиҷорат машғул шуданӣ буданд.
– Истед! – онҳоро нигоҳ медошт Заккай. – Ҳеҷ кас ҳақ надорад боҷ надода, гузарад. Аввал пул диҳед – ду тангаи нуқра, – чунин аст андозе ки ҳукумати Рум муқаррар кардааст.
Ҳангоме ки мусофирон маҷбур шуда, пулро мебароварданд, Заккай хурсандӣ мекард. Чунки дар ин лаҳза сарвати ӯ боз зиёдтар мешуд. Ба ҳукуматдорони Рум ӯ фақат як тангаи нуқра медиҳад, дигарашро ба худ нигоҳ медорад.
Ҳа, ӯ бисёр вақт табассум мекард, аммо бо вуҷуди ин хушбахт набуд, аз баски ҳеҷ кас ӯро дӯст намедошт. Аксарияти одамон аз ӯ хашмгин буданд. Барои Заккай махфӣ набуд, ки худи ӯ барои чунин муносибати онҳо айбдор буд. Ӯ дар асл нодуруст рафтор мекард.
Боре Заккай шунид, ки як чанд одам дар бораи он мегуфтанд, ки ба қарибӣ ба Ериҳӯ Исо меояд.
Исо? – Заккай ба изтироб афтод. «Исо! Ман ҳам мехоҳам Ӯро бинам, охир Ӯ шахси машҳур аст. Ҳама дар бораи он мегӯянд, ки Исо одамонро дӯст медорад, аммо маро Ӯ, албатта, дӯст намедорад», – фикр мекард Заккай, – Маро ҳеҷ касс дӯст намедорад. Аммо ман хеле мехоҳам Ӯро бинам.
Заккай кори худро ба тобеон супорида, ба кӯча баромад, ки Исо бояд аз он мегузашт. Аммо дар он ҷо аллакай бисёр одамоне ки Худовандро дидан мехостанд, ҷамъ шуда буданд! Заккай қад паст буд, аз ҳамин сабаб, дар байни издиҳом ӯ ҳеҷ наметавонист Исоро бинад.
Заккай бояд чӣ кунад? Барои дидани он чи дар кӯча рӯй медиҳад, ӯ бояд ба ягон ҷои болотар мебаромад. Ӯ дар наздикӣ дарахтеро дид. Ана ба ҳамон ҷо баромадан даркор аст! Одамон ба дарахт баромадани сардори боҷгиронро дида, механдиданд. Аммо Заккай ба онҳо аҳамият намедод. Ӯ ҳатман Исоро дидан мехост.
Ва инак Ӯ бо ҳамроҳии дувоздаҳ шогирдон пайдо шуд. Аз паси онҳо мардуми бисёре меомаданд. Заккай бо диққат мушоҳида мекард, ки чӣ тавр дар поён...
Аммо не! Исо гузашта нарафт! Ӯ дар зери дарахт бозистод, ба боло нигоҳ кард ва бо овози баланд гуфт:
– Заккай, зудтар аз дарахт фаро! Ман имрӯз дар хонаи ту меҳмон мешавам!
«Ӯ маро аз куҷо мешиносад? – ҳайрон шуд Заккай. – Ва чаро Ӯ маҳз ба хонаи ман омадан мехоҳад?»
Аммо ҳозир барои андеша кардан вақти зиёд надошт. Заккай зуд аз дарахт фаромад ва Исоро бо шогирдон ба хонааш бурд. Дар хона ӯ фармуд, ки дарҳол зиёфат тайёр кунанд ва ҳама чизи беҳтаринро ба дастурхон гузоранд. Заккай аз шиносоии шахсӣ бо Исо шод буд. Он чи одамон мегуфтанд, рост будааст: Исо ӯро бад намедид. Ӯ ҳамаи одамонро дӯст медошт. Ҳатто Заккай барин одамро, ки тарзи зиндагии ӯро ҳама дар атроф медонистанд.
Дар дили Заккай дигаргуниҳои зиёд ба амал меомаданд. Бо Исо муошират намуда, ӯ ногоҳ фаҳмид, ки ҳаёти ӯ гуноҳкорона буд, ва аз ин пушаймон буд. Дар охири зиёфат Заккай ба Исо муроҷиат намуд: –– Нисфи дороии худро ба бенавоён медиҳам. Ва агар аз касе як танга беш аз даркорӣ гирифта бошам, чор баробар зиёд бармегардонам.
Ҳа, пас аз вохӯрӣ бо Исо ҳаёти нав сар шуд. Ӯ хеле хурсанд буд, ки Исо дар меҳмонии ӯ буд, акнун ӯ мехост мувофиқи хости Худо амал намояд.
Бисёр одамоне ки Исоро то хонаи Заккай ҳамроҳӣ мекарданд, норозигӣ баён менамуданд: «Чаро Исо ба хонаи ин шахс рафт? Мо бо ин қаллоб ҳатто гап намезанем. Алалхусус ҳеҷ кас бо ӯ дар сари як дастурхон хӯрок хӯрдан намехоҳад. Исо ба хонаи ӯ меравад, аммо ба хонаи мо намеравад», – мегуфтанд онҳо! Онҳо Исоро намефаҳмиданд.
Худованд бошад ба Заккай гуфт:
– Имрӯз ба хонаи ту наҷот омад! Ҳозир ту наҷот ёфтӣ ва ба халқи Худо тааллуқ дорӣ. Ман ба ҷаҳон барои он омадам, ки ту барин гуноҳкоронро ёфта, наҷот диҳам!
Саволҳо барои муҳокима
3 саволКори Заккай аз чӣ иборат буд?
Заккай ба Исо чӣ ваъда дод? Чароӯ чунин қарор қабул кард?
Барои чӣ Исо ба ин ҷаҳон омада буд?