Шифо ёфтани кӯр

Шифо ёфтани кӯр

Китоби Муқаддас, Инҷили Марқус, боби 10, оятҳои 46-52

"…Ҳангоме ки Ӯ бо шогирдонаш ва мардуми бисёр аз Ёриҳӯ мебаромад, Бартимай писари Тимай ном кӯре дар канори роҳ нишаста, гадоӣ мекард. Чун шунид, ки ин Исои Носирист, фарёдкунон гуфт: "Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун"... Исо истода, фармуд, ки вайро ҷеғ зананд. Исо пурсид: "Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту кунам?" Кӯр ба Ӯ гуфт: "Эй Устод! Мехоҳам бино шавам". Исо ба вай гуфт: "Рав, имонат туро шифо бахшид". Вай дарҳол бино гашта, аз паси Исо дар роҳ равона шуд".

Бартимайи гадо дар назди роҳ нишаста буд, ҳангоме ки Исо бо шогирдон ва мардуми зиёде аз Ериҳӯ баромада ба Уршалим равона шуд. Ӯ кӯр буд, аз ҳамин сабаб кор карда наметавонист ва маҷбур буд гадоӣ кунад.

Ҳар рӯз Бартимай бо чеҳраи ғамгин дар назди роҳ менишаст. Ӯ орзу мекард, ки ҷаҳонро бинад: одамон, гулҳо, кӯҳҳо ва водиҳоро!

Боре касе ба ӯ нақл кард, ки Исо кӯрҳоро бино мекунад. "Чӣ хел хуб мешуд, –фикр кард Бартимай, – агар ин Исо чашмони маро шифо медод. Аммо ман, ки кӯр ҳастам, чӣ тавр назди Исо равам?" Боре Бартимай дар ҷои худ нишаста буд ва аз рӯи садоҳо фаҳмид, кидар кӯчаяк воқеаи ғайриодӣ рӯй дода истодааст. Ӯ беҷуръатона аз роҳгузарон пурсид:

– Ба ман гӯед, ки чӣ воқеа аст?

Касе ҷавоб дод:

– Исо омада истодааст!

– Исо? Бартимай ба ҳаяҷон омад. Ӯ бо овози баланд дод зад:

– Исо, ба ман ёрӣ деҳ! Исо, ба ман марҳамат намо!

– Хомӯш бош! – роҳгузарон ӯро ба хомӯш шудан водор карданӣ буданд. – Ин қадар дод назан! Дар атрофи Исо бе ин ҳам аллакай мардуми зиёд ҷамъ шудаанд. Фақат фарёди ту намерасид!

Аммо Бартимай ба гапи одамонгӯш надод.

– Исо, ба ман ёрӣ деҳ! – давом медод ӯ.

Исо Бартимайро шунида, бозистод.

– Он касеро, ки дод мезанад, назди ман биёред! – хоҳиш кард Ӯ.

Шогирдон назди Бартимай омаданд:

– Исо туро шунид ва мехоҳад туро бинад. Назди Ӯ рав.

Бартимай аз ҷояш ҷаста зуд рафт. Касе аз дасти ӯ гирифта ёрӣ дод, ки аз байни издиҳом назди Исо равад.

– Барои ту чӣ кунам? –овози меҳрубононаро шунид Бартимай.

– Худовандо, ман мехоҳам бино шавам! – гуфт ӯ.

Исо ҷавоб дод:

– Бино шав! Имонат туро наҷот дод!

Ва ҳақиқатан Бартимай бино шуд! Дар як лаҳза ӯро нури равшан фаро гирифт! Бори аввал дар ҳаёт ӯ ҳама чизи атрофро бо тамоми гуногунии шакл ва рангҳо дида метавонист! Ин тасаввурнопазир буд! Акнун ӯ ҳамчун ин чеҳраи Исоро, ки дар назди ӯ истода буд, дида метавонист. Аз чеҳраи Ӯ ин қадар муҳаббат ва меҳрубонӣ ҳувайдо буд! Бартимай намедонист, ки Худовандро, ки ба ӯ ин гуна марҳамат кардааст, чӣ гуна шукргузорӣ намояд!

Ӯ аз хурсандӣ чун кӯдак ҷастухез мекард, ва Худоро ҳамду сано мегуфт. Ва ҳангоме ки Исо бо дӯстони Худ роҳро давом дод, ӯ аз пайи онҳо рафт.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Шахси кӯр дар Ериҳӯ чӣ ном дошт?

  2. Он кӯр Исоро чӣ гуфта ном гирифт? Ӯ аз Исо чӣ хоҳиш кард?

  3. Ҳангоме ки ӯ бино шуд, чӣ кард?

77. Шифо ёфтани кӯр00:00 / 05:27